Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумлаи кишварҳои бонуфузи минтақаи Осиё ба шумор рафта, дар даҳсолаҳои охир яке аз кишварҳои пешсаф дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. Дар солҳои охир сиёсати хориҷӣ ва ҷойгоҳи байналмилалии Ҳиндустон ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, ба сатҳи комилан дигар баромадааст. Ин кишвар, мавқеи сиёсати хориҷӣ ва манфиатҳои миллии худро аз нав таъриф намуда, хоҳиши тадриҷан ба яке аз кишварҳои фаъоли на танҳо минтақа, балки ҷаҳони муосир табдил шуданро дорад. Ин тағйироти босуръат боис гаштааст, ки дар доираҳои илмию таҳлилӣ ва сиёсию матбуотии ҷаҳон масъалаи «зуҳури нави Ҳиндустон» ба таври ҷиддӣ ба миён гузошта шуда, кишварҳои гуногун ояндаи рушди ин кишвар ва таъсири он ба манфиатҳои миллии худро ҳамаҷониба омӯзанд.

Ҳиндустон дар баробари ҳамрақибҳои сиёсии худ дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз лиҳози иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ фаъолтар мебошад. Ҳиндустон кӯшиш дорад, ки дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳм гузошта, дар сиёсати бузург ҷойгоҳ ва мавқеи хоси худро пайдо намояд.

Тибқи маълумотҳо имрӯз Ҳиндустон бо саноати пешрафта ҳафтумин кишвари иқтисодии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Айни замон ҷойгоҳи геостратегиву геоиқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва захираҳои табиии ғании он нигоҳи бештари кишварҳои абарқудратро ба худ ҷалб намуда истодааст.

Дар мавриди фаъолшавии мавқеи сиёсии Ҳиндустон дар минтақаи Осиёи Марказӣ бояд қайд намуд, ки ин кишвар дар аввал дар баробари мақоми нозириро дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) гирифтан, мақсад ва ҳадафаш мушаххас буд. Нахуст, ин кишвар мехост, ки бо рақибони сиёсии худ дар минтақа дар рақобат бошад ва баъдан ба бозорҳои бузурги минтақаи мазкур ва дигар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ роҳ ёбад. Ин аст, ки июни соли 2017 Ҷумҳурии Ҳиндустон расман узви СҲШ гашта, минбаъд дар татбиқи назару ҳадафҳояш кӯшиш намуда истодааст.

Ҳамчунин, ин кишвар дар пайи барқарорнамоии ҳамкориҳои шарикии стратегии боэътимод бо кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, саъй дорад, дар ҳамбастагӣ бо ин кишварҳо бар зидди гурӯҳҳо ва амалҳои террористиву экстремистӣ мубориза барад.

Аз ин рӯ, эҳтимоли фаъолшавии ин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо пайдо шудани гурӯҳҳои ҷангҷӯи «Давлати исломӣ», «Толибон» ва ғайра дар Афғонистон ва минтақаҳои наздисарҳадии кишварҳои Осиёи Марказӣ рабт дошта бошад, зеро нооромӣ ва муноқишаҳои наздисарҳадии минтақаи Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ба амнияту осоиштагии Ҳиндустон хатару таҳдид ба вуҷуд меоваранд. Бинобар ин, кишвари мазкур кӯшиш дорад, ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи нав – ба зинаи эътимоди тарафайн ва дӯстона расонад.

Ҳамчунин, имрӯз Ҳиндустон мисли дигар кишварҳои ҷаҳон, ба монанди ИМА, Ҷопон, Корея, шакли Муколамаи «Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ+Афғонистон»–ро роҳандозӣ намудааст, ки дар таҳкиму тақвияти хамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва иқтисодиву фарҳангии мустақим нақши калидӣ дорад. Ҳиндустон бо ҳамроҳ намудани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ин муколама, мехоҳад бо кумаку дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ сулҳу суботи ин кишварро таъмин намуда, садди роҳи амалҳои террористиву экстремистӣ ва ҷудоихоҳӣ гардад. Ҳамчунин, амалишавии бештари тарҳ ва барномаҳои бузурги иқтисодии Ҳиндустон аз субботу оромии ин кишвар вобаста буда, тариқи инфрасохтори коммуникатсионии ин кишвар ба долонҳои нақлиётии Ҷанубу Шимол то ба Аврупо роҳ меёбад.

Мавриди зикр аст, ки бештари намояндагони расмӣ ва таҳлилгарони Ҷумҳурии Ҳиндустон нисбати сиёсати хориҷии кишварашон ба минтақаи Осиёи Марказӣ назари мусбат доранд.

Тавре, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ ба ҷойгоҳ ва мавқеи минбаъдаи сиёсати хориҷии ин кишвар ба минтақаи Осиёи Марказӣ иброз намуда буд: «Ҳиндустон доимо шарики боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ буд ва мемонад. Замони боло бурдани ҳамкориҳо ба сатҳи нав расид ва мебояд минбаъд бикӯшем, ки лоиҳаву барномаҳоро дар амал татбиқ намоем. Дар ин маврид мехостам, пешниҳод намоям, ки як «гурӯҳи рушд» дар сатҳи расмии Ҳиндустону Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад, то ки сабаби бартарафнамоии мушкилот дар бахши андозбандӣ, тиҷорати муфид, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар минтақа шавад».

Аз ин бармеояд, ки дар сатҳи олии Ҳукумати Ҳиндустон вобаста ба фаъолшавии ин кишвар дар минтақаи мазкур нигоҳи мусбат ва солим доранд.

Ба назари Т.К. Бхаумик, мушовири Конфедератсияи саноатии Ҳиндустон доир ба дурнамои бахши тиҷорат ва сармоягузории Ҳиндустон, дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад: «Дар бахши ҳамкориҳои саноатӣ Ҳиндустон дар рушду инкишофи соҳаи саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак хоҳад расонид ва кишварҳои мазкур метавонанд, дар як муддати кӯтоҳ содироти молу маҳсулотҳои саноатии худро афзоиш диҳанд. Ширкатҳои ҳиндустонӣ дар бахшҳои истеҳсоли алюминиӣ, бофандагӣ, мошинасозӣ, саноати химиявӣ, нафту газ, энергетика ва дигар соҳаҳо зарфияти сармоягузориро соҳибанд».

Муҳаққиқи ҳиндӣ Б.Кумар қайд менамояд, ки «Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аз қадимулайём робитаҳои пайвастаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дошта, ҳар ду минтақа сарҳадҳои ҳамшафат, иқлими ҳамранг ва нишонаҳои умумии ҷуғрофиву фарҳангиро дороанд».

Бояд қайд намуд, ки Ҳиндустон кишвари афсонавӣ ва дорои фарҳанги хоси худ мебошад. Ин кишвар дар даврони мустамликадории империяи Британияи Кабир тавонист фарҳангу арзишҳои миллии ҳазорсолаи худро ҳифз намояд ва ба насли ояндаи худ интиқол диҳад. Аз ин рӯ, дар бахши инфрасохтори ҳифзи фарҳангу арзишҳои таърихӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ метавонанд бо Ҳиндустон ҳамкориро таҳким бахшанд. Чунки имрӯз Ҳиндустон макон ва фарҳангу арзишҳои миллии таърихии худро, ҳамчун афзори бахши сайёҳӣ моҳирона истифода менамояд, ки солона миллионҳо сайёҳ аз ин ҷо дидан карда, иқтисодиёти кишварро боло бурда истодааст.

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳиндустон асосан бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, илмӣ ва фарҳангиро дар бар мегиранд. Рушди муносибатҳо бо Ҳиндустон яке аз бахшҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти Ҷануб ба ҳисоб меравад. Чӣ тавре ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии кишвари мо таъкид шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дар назардошти нақшу таъсири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақа ва ҷаҳон, равобити бисёрасраи таърихиву фарҳангии халқи тоҷик бо мардуми Ҳиндустон, инчунин, имкониятҳои васеи иқтисодиву фановарии он, ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо ин кишвар густаришу таҳким хоҳад дод».

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар тӯли беш аз 27 соли барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо ин кишвар, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки ифодаи воқеии ин банди консепсия ба шумор мераванд. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон содироти молу амволи мо ба ин кишвар дар ҳаҷми 23 млн.доллари ИМА ( с.2018) буда, воридот бошад, 50 млн.доллари ИМА (2018) ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сармоягузории бахшҳои гуногуни кишвари мо саҳми муносиб дорад. Бо кумаку дастгирии ин кишвар Нерӯгоҳи барқии обии »Варзоб-1», беморхонаи ҳарбӣ дар ноҳияи Фархор ва ғайра азнавсозиву ба истифода дода шуданд. Дар ояндаи наздик лоиҳаи роҳи мошингард аз қитъаи ғарбӣ то ба маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе амалӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин, доимо Ҳиндустон кумаку дастгириҳои башардӯстонаи худро ба кишвари мо дареғ намедорад.

Тоҷикистон бо Ҳиндустон робитаҳои чандинасраи таърихиву фарҳангӣ дошта, минбаъд низ мебояд ҳамкориҳоро дар ин бахш таҳкиму тақвият бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро яке аз ҳадафҳои стратегии навбатӣ эълон намуданд, ки ҳамкориҳои дарозмуддат дар бахши иқтисодиёт бо Ҷумҳурии Ҳиндустон баманфиат хоҳад буд.

Мавриди зикр аст, ки дар ояндаи наздик бо амалишавии лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистон метавонад неруи барқии обии худро то ба Ҳиндустон интиқол диҳад, зеро норасоии неруи барқ дар ояндаи наздик мушкилоти асосии ин кишвар хоҳад шуд. Ин аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҳиндустон бахши обу энергетика мавқеи авлавиятнокро дорад.

Яке аз шарикон ва ҳамкорони муваффақи иқтисодии Ҳиндустон дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, дар доираи истеҳсоли якҷояи маҳсулотҳои доруворӣ, бофандагӣ, кишоварзӣ ва ғайра ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Ӯзбекистону Ҳиндустон ният доранд, ки гардиши молу амволи худро дар ояндаи наздик то ба 1 млрд.доллари ИМА расонанд ва имрӯз тахминан 100 ширкати ӯзбекистонӣ аз ҷониби ин кишвар сармоягузорӣ карда мешаванд.

Имрӯз дар бахши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Ҳиндустон ҷойгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон афзалтар мегардад. Дар Қазоқистон 492 ширкати муштараки қазоқу ҳинд ба қайд гирифта шудааст, ки гардиши молу амволи ҳар ду кишвар то ба 1 млрд.доллари ИМА мерасад.

Ҳиндустон бо минтақаи Осиёи Марказӣ дар пайи амалӣ намудани лоиҳаи лӯлаи гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳиндустон мебошад, ки беш аз 200 км тариқи ҳудуди Туркманистон, 735 км Афғонистон, 800 км Покистон то қитъаи Фазилаи ҳудуди Ҳиндустонро дарбар мегирад. Бо амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ҷойгоҳи Ҳиндустон дар минтақа васеъ шуда, Туркманистон ҳамчун узви фаъоли минтақа яке аз шарикони боэътимоди ин кишвар мегардад.

Инчунин, Ҷумҳурии Ҳиндустон бандари Чобаҳори Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муддати дароз ба иҷора гирифт, ки минбаъд метавонад, молу амволашро тариқи Қазоқистон – Туркманистон – Эрон ва Қазоқистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон аз минтақаи мазкур ба ҳудуди худ ва ё баръакс ба кишварҳои Аврупову Амрико интиқол диҳад.

Аз соли 2003 то ба ҳол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон шартномаи муҳими ҳарбиву амниятие амал менамояд, ки ҳамасола кормандони ниҳодҳои қудратии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои такмилу бозомӯзии касбӣ ба ин кишвар сафарбар мегарданд. Ҳиндустон тариқи ҳамкории мазкур низ кӯшиш дорад ҷойгоҳ ва мавқеи ҳарбиву қудратии худро дар минтақа таҳким бахшад.

Хулоса, имрӯз Ҷумҳурии Ҳиндустон зарфиятҳои бузурги иқтисодиву ҳарбиро дорост, ки онҳо барои ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ хеле зарур хоҳад буд. Фаъолшавии сиёсат ва равобити хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақаи Осиё Марказӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахши дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои минтақаи мазкур бамаврид ва қобили дастгирӣ мебошад.

Т. Азимзода сармутахассиси

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед