Шароити муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ хусусиятҳои хоси худро доро буда, зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ба кишварҳои хурду бузург ҳам имконият ва ҳам таҳдиду хатарҳоро ба миён гузоштааст. Рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ заъфи системаи байналмилалии таъмини амнияти иттилоотиро аён намуд, ки поинтар аз онҳо ном мебарем.

Чуноне ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 дарҷ гардидааст, фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии марказҳои қудрати дунёи муосир ва василаи муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст.

Айни њол дар Тоҷикистон ќариб 3 миллион муштариёни шабакаи Интернет мавҷуд буда, ин рақам сол аз сол зиёд мешавад. Зиёда аз 80 фоизи истифодабарандагон њадафмандона ё ѓайриихтиёр тавассути шабакањои иҷтимої ба маводи дорои хусусиятҳои гуногун, ки на ҳама вақт ҷавобгӯи манфиатҳои миллии кишвар мебошанд, дастрасӣ пайдо менамоянд. Ин худ аз зарурати тавсеаи низоми миллии таъмини амнияти иттилоотии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон, мо бояд дар фазои иттилоотӣ рақобатпазир бошем ва доимо маводҳои мусбатро доир ба сиёсати пешгирифтаи кишвар паҳн намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи низоми муносибатҳои байналмилалӣ амнияти иттилоотиро ҳамчун қисми ҷудонопазири таъмини амнияти миллии худ дониста, ба таъмини амнияти иттилоотӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Ҳукумати кишвар аз оғози солҳои 2000-ум ин масъаларо дар қонунгузории алоҳида баррасӣ карда, дар самти мазкур як ќатор ќонунњо ва дигар санадҳои бунёдии меъёрӣ-ҳуқуқӣ амал мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиду хатарҳоро ба инобат гирифта, соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотиро қабул намуд, ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва бунёдӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишвар шинохта шудааст.

Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми “амнияти иттилоотӣ”-ро ҳамчун ҳолати муҳофизатии манфиатҳои миллии худ дар фазои иттилоотӣ, ки аз маҷмӯи манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат маншаъ мегиранд, муайян менамояд.

Дар баробари санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ бо кишварҳо ва созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ғ. ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Чунин таҷриба ба он асос меёбад, ки бо гузашти вақт навъ ва миқёси таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ зиёд гашта, мубориза бо ҳамаи ин таҳдидҳо фаъолияти дастҷамъонаро талаб менамояд.

Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Шӯрои Маҷмаи Умумии СММ соли 2011 лоиҳаи муштарак “Қоидаҳои рафтор дар самти таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ” пешкаш гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст, ки бояд бо паҳншавии иттилооте, ки терроризм, сепаратизм ва экстремизмро дастгирӣ менамояд ва ё устувории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои дигарро халалдор месозад муборизаи муштарак бурда шавад. Чунин таҷриба имиҷи кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббусор дар самти амнияти иттилоотӣ баланд мебардорад.

Дар хотима мехоҳам қайд намоям, ки мо дар ҷомеаи иттилоотӣ зиндагӣ мекунем. Ин маънои онро дорад, ки маҳз сифати иттилоот, дастрасӣ ба он ва фазои паҳншавии он омили ҳалкунанда мебошад, ки арзёбии воқеияти мавҷударо ташаккул медиҳад. Аз ин рӯ, арзёбии мазкур ба қабули ин ё он қарор мусоидат менамояд. Дар ин замина, мо бояд ҳамеша бо иттилоот дар сатҳҳои гуногун кор кунем.

Таҳлили вазъият ду гуруҳи мушкилии асосиро пеш меорад – объективӣ ва субъективӣ.

Мушкилии объективии таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллӣ аз он иборат аст, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ на танҳо барои давлат ва сохторҳои дахлдори он, балки барои гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида имконияти васеъ барои ташвиқу тарғиби ғояҳои гуногун фароҳам меорад. Таҳдиди асосие, ки на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст – ин истифодаи васеи дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ ва Интернет аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Чунин шакл гирифтани таҳдиду хатарҳо басо нигаронкунанда аст, зеро дар сурати ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва кибернетикӣ ба объектҳои стратегӣ муайян намудани душман қариб ки ғайриимкон аст.

Дар баробари ин, хатари дигаре, ки пеши кишварҳои ҷаҳон пеш меояд, ин баргаштани як қисми ҷанговарони собиқи ДИИШ ба кишварҳои иқомати худ мебошад. Яъне, чунин ашхос метавонанд, ки идеологияи тундгарои худро бо истифода аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҷавонони дигар паҳн намуда, онҳоро низ ба сафи чунин гуруҳҳои террористӣ ҳамроҳ намоянд.

Мушкилии субъективӣ аз чӣ иборат аст?

Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки танзими ҳуқуқии тамоми соҳаҳои таъмини амнияти миллӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад ва ин шоха бояд ба миқёс, шакл ва усули таҳдиду хатарҳо мувофиқат кунад. Таҳлили қонунгузории мавҷуда дар самти таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки баъзеи онҳо мувофиқи талаботи замони муосир бояд такмил шаванд.

Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 2003 қабул гардидааст, инчунин Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Консепсияи мазкур дар таҳрири нав, бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ, қабул карда шавад.

Мушкилии дуюми субъективӣ – норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва кибернетикӣ, инчунин журналистон, таҳлилгарон ва коршиносон мебошад. Вобаста ба ин, мо бояд ҷиҳати омода намудани кадрҳо дар донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ чораҳои заруриро андешем.

Ҳидоятзода Комрон,

муовини сардори Раёсати омӯзиши

масъалаҳои амнияти минтақавӣ

Чоп кунед