ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи мураккаби эпидемиологии  ду соли охир нишон дод, ки дар  Тоҷикистон, чун дар бисёр кишварҳои олам   мутахассисони вирусолог, эпидемиолог, иммунолог ва реаниматолог камчинанд.  Бинобарин зарур аст, ки кормандони озмоишгоҳҳои соҳавии вирусологии фаъолияткунанда ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта, илова бар ин, дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҳисоби кормандони соҳаи тиб, биологҳо ва байторҳо мутахассисони соҳаҳои зикршуда омода карда шаванд. Вазорати тандурустии мамлакат бояд ҳарчи зудтар Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусология таъсис диҳад.

Дар ин бора Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Тандурустӣ ҳамчун омили муҳими амнияти иҷтимоӣ», ки дирӯз, 27 октябр дар Душанбе доир гардид,  изҳори назар намуд.

Дар ҳамоиш  намояндагони вазорату идораҳои дахлдори  мамлакат, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон ширкат варзиданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз намуд, ки  тандурустӣ яке азсоҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ буда, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи  давлат қарор дорад.  Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонид. Дар муддати сӣ соли Истиқолияти давлатӣ  беш аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ омода карда шудаанд.

Тавре Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ зикр кард, вазъи мураккаби эпидемиологии ду соли охир нишон дод, ки дар Тоҷикистон, чун дар бисёр кишварҳои олам мутахассисони вирусолог, эпидемиолог, иммунолог ва реаниматолог камчинанд. Бинобарин зарур аст, ки кормандони озмоишгоҳҳои соҳавии вирусологии фаъолияткунанда ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта, илова бар ин, дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҳисоби кормандони соҳаи тиб, биологҳо ва байторҳо мутахассисони соҳаҳои зикршуда омода карда шаванд. Вазорати тандурустии мамлакат бояд ҳарчи зудтар Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусология таъсис диҳад.

Хотиррасон мешавем, ки зарурияти таъсиси чунин марказро бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии макмлакат 26 январи соли равон ба миён гузошта буданд.

«Солҳои охир сироятёбӣ аз барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст, — иброз доштанд Сарвари давлат. —  Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд».

                                                              Шаҳлои САДРИДДИН,
                                                                    АМИТ «Ховар»

Чоп кунед