Рӯзи 26-уми январи соли 2023 бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони Марказ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони “Раванди сиёсӣ”  баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо факултети фалсафа, кафедраи равандҳои сиёсии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ Сафарализода Қуддусӣ Хуҷамурод барои иштирокчиён дар мавзӯи “Раванди сиёсии муосир” маърӯза намуд.

Чорабинии мазкурро директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Усмонзода Хайридин ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои сиёсӣ барои тақвияти савияи донишу малакаи таҳлилии олимони ҷавони Марказ судманд ва хеле зарур мебошад.

Пас аз маърӯзаи Сафарализода Қуддусӣ Хуҷамурод аз ҷониби ҳозирин саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор атрофи маърӯзаи ироашуда сурат гирифт.

Хадамоти  матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед