Ҳодисаҳои солҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон ба вуқуъомада, аз ҷумла мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, афзоиши ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, бархурди манфиатҳои абарқудратҳо, низоъҳои мусаллаҳона дар марзи давлатҳо собит менамоянд, ки манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии давлат беш аз пеш ба ҳифзу ҳимоя ниёз доранд. Дар чунин раванди мураккаб, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва системаи манфиатҳои миллӣ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад. Аз ҳамин лиҳоз дар шароити имрӯз таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи таъмини амнияти давлат ва муҳофизати марзу буми Тоҷикистон хусусияти амалиро касб намудааст. Тавре маълум аст, ҳимояи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳимми ҳар як шаҳрванд аст. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳамасола ду маротиба шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Қонуни мазкур синни даъвати шаҳрвандонро аз 18 то 27 муайян намудааст ва тартиби даъват мувофиқи меъёрҳои қонун дар мавсими тирамоҳ ва баҳор сурат мегирад. Бояд қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Қувваҳои мусаллаҳ бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як сохтори муҳим ва пуриқтидор табдил дода шуд. Имрӯз дар сохторҳои Қувваҳои мусаллаҳ тамоми имконият ва шароити муносиби хизмат мавҷуд аст. Ҳамасола мушоҳида менамоем, ки аксари ҷавонони кишвар бо ифтихор ва ҳувияти баланди миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои адои хизмати Модар-Ватан мераванд ва сарбаландона марзу буми Тоҷикистонро аз хатару таҳдидҳо ҳимоя менамоянд.

Дар баробари ин мутаасифона, дар ҷомеа баъзе ҷавононе низ ҳастанд, ки аз рафтан ба хизмат саркашӣ менамоянд ва чунин муносибати онҳоро ҳатто баъзе волидон ҷонибдорӣ менамоянд, ки ин ҷои нигаронӣ аст. Агар ба осори тамоми бузургони гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик назар намоем ва андешаҳои онҳоро дар мавриди Ватан баррасӣ намоем, маълум мегардад, ки ҳамаи онҳо ватанро бо мафҳуми модар баробарарзиш медонанд. Ҳар як ҷавони тоҷик бояд биандешад, ки агар ӯ Ватанро ҳифз накунад, пас кӣ мекунад? Душман?! Бегонагон?! Албатта не.

Имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ бо мушкилоти амниятӣ рӯ ба рӯ аст.  Афзоиши хатару таҳдидҳои нав дар ҷаҳон тамоми давлатҳоро нигарон намудааст. Махсусан Осиёи Марказӣ, ки дар меҳвари бархурдҳои геополитикӣ қарор дорад, дар шароити кунунӣ бештар осебпазир гардидааст. Ба сари қудрати омадани Ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон мушкилоти амниятиро бештар намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин кишвар беш аз 1400 км марз дорад, зарурат ба тақвияти зарфияту иқтидори Қувваҳои мусаллаҳ бештар мегардад. Аз тарафи дигар, мушкилоти марзӣ бо Қирғизистон, ки ду соли охир бештар авҷ гирифта, боиси сар задани муноқишаҳои мусаллаҳона гардида истодааст, зарурати бештар ҷалб гардидани ҷавононро ба хизмат ба вуҷуд оварда аст. Дар чунин шароит ҷавононро зарур аст, ки бо хоҳиши худ ба сафи артиши миллӣ пайванданд ва давлатро аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳимоя намоянд. Маҳз дар ҳамин ҳолатҳо ҷавонон барои Ватан заруранд. Агар як ҷавони тоҷик имрӯз аз хизмати Ватан саркашӣ намояд, пас амнияти давлат, марзи Ватан, осудагии модари тоҷикро кӣ бояд ҳифз ва ҳимоя намояд? Бояд гуфт, ки ҳоло замоне фаро расидааст, ки тамоми ҷавонони синни даъват бо хоҳиши худ ба артиши миллӣ раванд ва рисолати шаҳврандии худро ба анҷом расонанд.

Ҳамчунин, аз лиҳози сиёсию идеологӣ давлатҳои минтақа бо мушкилотҳои гуногун мувоҷеҳ гардида истодаанд. Созмонҳои ифротгаро ва давлатҳои манфиатҷӯ кӯшиш карда истодаанд, ки бо ҳар васила суботи сиёсӣ ва амнияту осоиштагии давлатҳоро барҳам зананд. Ҳодисаҳои аввали моҳи январ дар Қазоқистон рухдода, бори дигар собит намуданд, ки имрӯз мо бояд бештар ба иқтидори мудофиавии давлат таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро, ки иқтидори кофӣ ва зарфияти азими Қувваҳои мусаллаҳ ба мо имкон медиҳанд, ки якпорчагии давлат, манфиатҳои миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва амнияти миллиро аз хатарҳо ҳифзу ҳимоя намоем. Аз ҳамин лиҳоз, ба ҳар як аз фарди тоҷик зарур аст, ки дар канори нерӯҳои муҳофизи давлати Тоҷикистон сарбаландона сарҳади кишварро ҳимоя намоянд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Тоҷикистон, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро вазифаи муқаддаси ҳар як фард арзёбӣ намудааст, бояд ҳар як ҷавон ин вазифаи муҳимро иҷро намояд. Иҷрои он боис мегардад, ки амнияти миллӣ, суботи сиёёсӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон аз ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳифзу ҳимоя карда шаванд.

Алиназар Ашуров, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед