Аз тамошои  филми “Хиёнат”, ки аз тарафи наворбардорони тоҷик таҳия гаштааст, бори дигар аъмоли ношоистаи бадхоҳону бадандешонро фаҳмидан мумкин аст. Филми “Хиёнат” доир ба ҳодиса ва воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ҷангҳо, нидоҳо, хунхӯриҳо ва бесару сомониҳо мебошад. Беҳуда ин филм “Хиёнат” ном гузошта нашудааст, зеро дар ин филм якбори дигар  ба мардуми тоҷик симои хоинони миллат, хиёнатгарон  ва кору афкори ношоиста онҳо нишон дода шудааст.

Дар филми мазкур далелҳо ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои зишту террористии афроди фурӯхташуда, аз ҷумла қатлу куштор ва ранҷу ситам додани мардуми бегуноҳ, ғорату гаравгонгирӣ ва аз байн бурдани равшанфикрони миллат нишон дода шудаанд, ки тамошои саҳнаҳои гуногуни он ҳар як инсони соҳибақлу бохирадро бетаъсир намегузорад ва водор менамояд, ки аз ин давраи нангини таърихӣ сабақ гирад ва саъю талош намояд, ки худ ва дигаронро боиси чунин бадбахтие нагардонад. Филми мазкур нишон медиҳад, ки он чӣ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллати тоҷик хоинони ин миллат овардаанд, ҳамчун як амали хоинона, зиддиинсонӣ ва нобахшиданӣ буда, бояд маҳкум карда шавад. Пас аз тамоиши ин филм ҳеҷ шахсе, ки дар замираш раҳму шафқат ва инсонияту имон аст, наметавонад нисбат ба нафарони ҷанги шаҳрвандию ҳазорон бадбахтии дигарро бар сари миллати тоҷик оварда нафрат надошта бошад.

Имрӯз шукронаи онро дорем, ки халқи фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат тавонист, ин рӯзҳои мудҳишро паси сар намуда, ба ин рӯзи сулҳу оромӣ расад. Маҳз бо саъю кӯшиш, талошҳо  ва хизматҳои шабонарӯзонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мо мардуми тоҷик ба ваҳдати миллӣ расидем.

Ҳоло бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки марзубум ва халқи худро ба пуррагӣ ҳимоя карда метавонад.

Дар шароити имрӯзае, ки мо зиндагӣ дорем, дар пайравӣ ва ташаббусу иқдомҳои созандаи сарвари давлат Пешвои муаззами миллат баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди устувор камари ҳиммат баста, барои ояндаи худ, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасро дар хизмати содиқона ба давлату миллат ва Ватани азизамон Тоҷикистон анҷом диҳем, амалҳои хоинонаи хоинони миллатро қотеъона маҳкум намуда, бетарафӣ зоҳир накарда, барои решакан намудани амалҳои террористию ифаротгароёнаи онҳо мубориза барем.

Тоҷикистон чашмаи ҷӯят манам,

Ҳар куҷо ояд садо сӯят манам.

Даргурез ҳаргиз наям аз ҳар садо,

Шери майдонам, на оҳуят манам.

Сулҳу суботи кишвари азизамон барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар қиматтарин ва нодиртарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстримистӣ ва террористӣ муташаккилона мубориза барем.

Раёсати таҳлили масъалаҳои

макроиқтисодии  Маркази татқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед