Хиёнат ҳамчун калима дар забони тоҷикӣ аз забони арабӣ иқтибос шуда, тибқи шарҳу тафсири дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» омада маънии нақзи аҳду паймон, аҳдшиканӣ, бевафоӣ бар амонату мол, дуруст нигоҳ надоштани чизи барои нигоҳдорӣ супурдашуда, инчунин нисбат ба касе, вазифае, ё ватани худ бевафоӣ ва аҳдшиканӣ карданро дорад. Муродифи ин калима дар луғатномаи мазкур калимаи «хоинӣ» дониста шуда, ҳамчун фурӯхтани манфиатҳои Ватан ва мамлакат ба душман тафсир шудааст. Вале хиёнат ва хоинӣ на ҳамчун калима, балки ҳамчун мафҳум муҳтавои васеътаре дошта, онро мутахассисону коршиносон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва фалсафӣ-ахлоқӣ ба таври хеле густурда шарҳу эзоҳ додаанд.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ мафҳуми хиёнат асосан дар шакли «хиёнати давлатӣ» ё «хиёнат ба давлат» корбаст мегардад. Агар мухтасаран бо таърихи пайдоиши ин мафҳум дар кишварҳои гуногун ва тафсири ҳуқуқии он дар баъзе давлатҳои гузаштаву муосир ошноӣ пайдо намоем, маълум мегардад, ки дар асрҳои миёна дар кишварҳои ғарбӣ мафҳуми хиёнат чун таҳқир ба шоҳ – монарх ба миён омада, дар худ фаҳмиши ин мафҳумро, ки ҳанӯз дар Рими Қадим пайдо шуда буд, яъне ҳама гуна ҷиноятҳо бар зидди давлату давлатдоронро низ фаро мегирифт. Дар Шарқ, махсусан дар кишварҳои исломӣ низ хиёнат ба маънии ҷиноят дар нисбати давлатдорон ва эълони ҷанг бо давлат фаҳмида мешуд.
Аз нигоҳи ҳуқуқшиносии муосир хиёнат ба давлат ҷиноятест, ки нисбат ба давлат ё давлатдорон аз тарафи шахс ё гуруҳи одамон, ки шаҳрванди ҳамин давлат мебошанд, содир карда шудааст. Дар ИМА имрӯз ҷанг кардан бо ин давлат, ҳамроҳ шудан бо душманони ин давлат дар рафти ҷанг ва кумаку мусоидат кардан ба онҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳамчун хиёнат шинохта шуда, бо ҳамин маънӣ он дар Конститутсияи ИМА сабт гардидааст. Дар қонунгузории Канада ҳам ин мафҳум ба шакли мушобеҳи ИМА, бо иловаи маҳдудсозии ҳуқуқи шоҳ (монарх) ё қасд бар ҷони ӯ, инчунин кушиши сарнагун сохтани ҳокимияти давлатӣ тафсир карда мешавад. Тибқи қонунгузории Федератсияи Россия бошад, дар муҳтавои мафҳуми хиёнат ба давлат се унсури асосӣ вуҷуд дорад: ҷосусӣ, фош кардани сирри давлатӣ, кумак ба зараррасониҳо ба амнияти давлат (тавассути кумаки техникӣ, молиявӣ ва машваратӣ ба хориҷиёне, ки мехоҳанд ба давлат зарар расонанд).
Дар моддаи 305 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хиёнат ба давлат ҳамчун «ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расонидани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст», муайян гардидааст.
Чунонки мебинем, фаҳмиши ҳуқуқии мафҳуми хиёнат дар тамоми давлатҳои ҷаҳон қариб якхела аст. Вале дар замони муосир на танҳо ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ, фалсафӣ-ахлоқӣ ва ғайра дар фаҳмиш ва муносибат ба мафҳуми хиёнат мақоми муҳим касб кардаанд. Аз дидгоҳи ахлоқӣ мафҳуми хиёнат ба давлатро бо ҳиссу эҳсоси меҳанпарастӣ, ки унсури муҳимми ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад, рабт дода, онро «хиёнат ба Ватан» мегӯянд. Аз ин рӯ дар раванди ташаккул ва рушди ҷомеа, махсусан дар шароити муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои зеҳнӣ ба масъалаи моҳияти хиёнат аз дидгоҳи мафкуравӣ, арзишҳои миллию ахлоқӣ ва ғайра бештар аз пештар таваҷҷуҳ карда мешавад.
Мусаллам аст, ки ҳар амале, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ хиёнат ҳисобида мешавад, аз тарафи ҳар як давлат танзим ва мавриди муҷозоти қонунӣ қарор мегирад. Вале нисбат ба амалҳое, ки аз нигоҳи ахлоқӣ ва ҳифзи манфиату арзишҳои миллӣ дар ҳамин поя қарор доранд, чӣ бояд кард? Дар ин росто қобили зикр аст, ки мафҳуми хиёнат аз нигоҳи фалсафӣ-ахлоқӣ ҳамчун амали ғаддоронаю кӯрнамакӣ ба касе ё чизе, ё худ ба ягон ақида ё принсипҳо фаҳмида шуда, дар баробари ин ба муҳтавои ин мафҳум аҳдшиканӣ нисбат ба шахси маҳбуби худ, дӯстону ҳамсаффон ва амсоли он низ дохил карда мешаванд. Яъне байни фаҳмиши ҳуқуқӣ ва ахлоқии ин масъала то андозае тафовут вуҷуд дорад, вале дар ҳар сурат ҷанбаҳои ҳуқуқию ахлоқии муносибат ба хиёнат ва хиёнаткор бо ҳамдигар робитаи ногусастании зиёд доранд.
Оид ба муносибати ахлоқӣ ба масъалаи хиёнат дахл намуда, чанд мисолеро мехостем ҳамчун намуна ёдовар шавем. Аввалан, ҳамон мисоли машҳуреро зикр менамоем, ки академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳкитоби худ «Тоҷикон» аз таърихи миллатамон овардааст ва он имрӯз ба ҳамагон маълум аст. Чунонки дар ин китоб омадааст, шахсе бо номи Ҳилол-ас-Сабӣ, ки шоҳиди воқеаи заволи давлати Сомониён аз ҷониби Қарохониён (дар матн бо номи Хониён зикр гардидааст) будааст, чунин гуфтааст: «Вақте, ки лашкари хон сар даровард, ки ман дар Бухоро будам. Он вақт хатибони Сомонӣ ба минбари масҷидҳои ҷомеъ баромада, мардумро ба ҷиҳод даъват мекарданд ва аз номи Сомониён мегуфтанд: “Охир шумо медонед, ки мо чӣ тавр ба шумо муносибати хуб доштем ва чӣ тавр бо нармӣ муомила мекардем. Инак, акнун душман ба мо таҳдид мекунад, шуморо лозим аст, ки ба мо ёрӣ кунед ва барои мо биҷангед. Барои ба мо мадад расондан ва пуштибонӣ кардан аз Худо баракат бихоҳед“. Қисми зиёди аҳолии Бухоро ба мисли (умуман) сокинони Мовароҳуннаҳр бо худ силоҳ доранд. Мардум инро шунида, ба назди онҳое, ки фақеҳ мехонанд, рафтанд ва хоҳиш карданд, ки дар бобати ҷанг кардан ё накардан ба онҳо фатво диҳанд. Лекин онҳо ҷангиданро манъ карда, гуфтанд: “Агар Хониён (бо Сомониён) дар роҳи дину мазҳаб низоъ медоштанд, бар зидди онҳо ҷангидан савоб мебуд. Чун ҳоло байни онҳо дар талоши неъмати дунё задухӯрд ба амал омадааст, худро нобуд кардан ва сар ба теғ додани мусулмон гуноҳ аст. Тариқи зиндагии ин мардум (яъне Хониён. – Б.Ғ.) хеле хуб ва эътиқоди онҳо бенуқс аст, (бинобар ин ) беҳтар аст (аз ҳама гуна мудохила) худдорӣ кард”. Ин буд яке аз сабабҳои асосии ҳокимиятро ғасб кардани Хониён ва фирору нузули Сомониён».
Чунонки аз муҳтавои матн бермеояд, фақеҳони он даврон мардумро аз муқобилият ба Қарохониён боз дошта, сабабгори нобудии давлати бузурги миллати мо – давлати Сомониён гаштанд. Ин рафтори фақеҳон аз нигоҳи ахлоқӣ хиёнат ба Ватан аст, зеро онҳо хеле хуб медонистанд, ки ҳатто аз нигоҳи динӣ ҳам дӯстдории Ватан гӯшае аз имондорист. Агар аз нигоҳи қонунгузории муосири инсоният ба амали фақеҳони фавқуззикр баҳо диҳем, он ҷиноят – хиёнат ба давлат ё хиёнати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар замони муосир низ чунин мисолҳо хеле зиёданд, махсусан дар фазои пасошӯравӣ. Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки ҷомеаҳои муосир ба таври хеле босуръат тағийр мекунанд, аз ин рӯ фаҳмиши мафҳуми хиёнат низ дар ин раванд тағйир мепазирад. Масалан, солҳои охир бо сабаби зиёд гаштани таҳримҳо ё санксияҳои давлатҳо дар нисбати ҳамдигар аз ҷониби баъзе шахсони алоҳида ё ташкилоту созмонҳо дар нисбати давлатҳои худ дар ҳамкорӣ бо давлатҳои бегона чунин амалҳое содир карда мешаванд, ки аз нигоҳи ахлоқи ҳамида ҳамчун хиёнат баҳогузорӣ карда мешаванд. Ин вазъро ба эътибор гирифта, дар Федератсияи Россия соҳибкор Олег Дерипаска дар нисбати чунин ашхос пешниҳод намудааст: «Амалҳои он шаҳрвандонеро, ки мустақиман ё ба таври ғайримустақим иғвоандози ҷорӣ кардани таҳримҳо мегарданд, аз назари мантиқӣ ҳамчун хиёнат ба Ватан бо оқибатҳои дахлдори ҷиноятӣ баҳогузорӣ кардан мумкин аст. Воқеан, аллакай зарур аст, ки ба Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия дар ин масъала тағйирот ворид карда шавад».
Дар Белорус бошад, каме пештар рафта, аллакай даъвату иғвоандозиҳоро барои ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбат ба давлат, ташкилоту идораҳо ва шаҳрвандони алоҳида ҳамчун «ҷавоби мувофиқ ба кушишҳо барои расонидани зарар ба амнияти миллӣ аз ҷониби неруҳои харобкор» баҳогузорӣ карда, нисбати чунин иғвогарон аз лиҳози қонунӣ ҷавобгарии қатъӣ муайян намудаанд.
Ин ду мисоли боло ба таври аёнӣ нишон медиҳанд, ки дар замони муосир баъзе ашхос ё ташкилоту созмонҳо воқеан ҳам тамоми меъёрҳои ахлоқии ватандӯстию меҳанпарастиро пушти по зада, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз тамоми воситаҳо истифода мекунанд, ки зарурати тақвияти қонунгузорӣ ва тавсеаи фаҳмишу тафсири мафҳуми хиёнат ба Ватан, миллат ва давлатро ба миён меоранд. Зеро амали чунин иғвоандозонро ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ҳам аз дигоҳи фалсафию ахлоқӣ ва ҳам дар асоси арзишҳои умумиқабулшудаи башарият ҷуз хиёнат баҳогузорӣ кардан ғайриимкон аст.
Дар баробари даъвати хориҷиён барои ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбати давлати худ, дар замони муосир баъзе шаҳрвандон ба амалҳое даст мезананд, ки на камтар аз чунин манифатфурӯшиҳо тавассути ҷорисозии таҳримҳо баҳогузорӣ карда мешаванд. Чунонки маълум аст, ҳар як давлати муосир барои рушди иқтисодию иҷтимоии худ аз сармоягузориҳои кишварҳо ва ширкатҳои хориҷӣ истифода мекунад. Бо ин мақсад дар давлат аз нигоҳи қонунгузорӣ ва молиявӣ шароити мусоид фароҳам сохта шуда, барои ҷалби сармоягузорон имиҷ ё симои давлат баланд бурда мешавад. Вале баъзе шаҳрвандони ватанфурӯш, ки асосан аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ маблағгузорӣ карда мешаванд, бо истифода аз туҳмату буҳтон нисбат ба давлат, миллат ва мақомоти расмии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони онҳо имиҷи мусбати давлатро паст намуда, бевосита сабабгори рад гаштани пешниҳодҳо аз ҷониби сармоягузорон мегарданд. Ин гуна ашхос ё созмонҳо ҳатман туҳматномаҳои худро ба забонҳои хориҷӣ интишор месозанд ё аксияҳои чанднафарае берун аз кишвар ташкил намуда, ба имиҷи давлати худ таъсири хеле манфӣ мерасонанд. Ин амали онҳо бадтар аз рафтори фақеҳони даврони Сомониён аст, ки бо хиёнати худ давлати бузурги миллии моро ба Қарохониён фурӯхтанд.
Вобаста ба ин масъала бояд таъкид намуд, ки аз нигоҳи хуқуқӣ ва ахлоқӣ ду мафҳум вуҷуд дорад, ки аз ҳамдигар фарсахҳо дуранд. Инҷо сухан аз танқид ва тухмату буҳтон меравад. Танқид муҳокимаронии манфӣ дар нисбати касе ё чизе бо истифода аз далелу таҳлилҳои воқеӣ мебошад. Тӯхмат бошад, дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғест, ки шаъну шарафи шахс ё мақомеро паст зада, обрӯю нуфузи онҳоро коста месозад ва ба ягон далелу таҳлили воқеие такя намекунад. Вале, мутаассифона, имрӯз на танҳо шахсони алоҳида, балки ҳатто расонаҳои хабарие, ки гӯё дар фазои иттилоотии ҷаҳони муосир мақоми баланд доранд, аз танқиди конструктивӣ ё созанда даст кашида, рӯ ба тухмату буҳтон овардаанд. Маҳз бо ҳамин сабаб имрӯз ба мубориза бо «фейк», маълумоти бардурӯғ, тухмату таҳқир ва амсоли он дар тамоми давлатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, як гурӯҳи коршиносон ва дипломатҳои ИМА ба роҳбарияти давлаташон пешниҳод кардаанд, ки “Эҷоди стратегияи таҷдиди эътимод ба фазои иттилоотӣ ва муқобила бо иттилои дурӯғин, нафратпарокании интернетӣ ва таҳқир”-ро ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳимми сиёсати давлатӣ қарор диҳанд.
Вазъи бамаломадаро оид ба зиёдшавии туҳмату буҳтон нисбат ба давлат, миллат ва мақомоти расмии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони онҳо, хусусан бо истифода аз кишварҳои хориҷӣ ва расонаҳои хабарии онҳо ба назар гирифта, имрӯз бояд муносибати ҳуқуқӣ ба чунин амалҳои шаҳрвандони алоҳида, баъзе ташкилоту созмонҳо ва расонаҳои хабарӣ таҷдиди назар карда шавад. Аз дидгоҳи ахлоқӣ танқиди беасоси Ватани худ, яъне туҳмату буҳтон ба он хиёнат ба ҳисоб меравад. Ҳуқуқ бошад, дар тӯли таърихи инсоният ҳамчун шуури ҷамъиятӣ ҳамеша дар робитаи мутақобила бо навъҳои дигари шуури ҷамъиятӣ ва пеш аз ҳама, дар асоси ахлоқ ва бо дарназардошти меъёрҳои ахлоқӣ рушд кардааст. Маҳз ҳаминро ба эътибор гирифта муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки қонун бе ахлоқ ва ахлоқ бе қонун нотавонанд.
Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки баъзе ашхос ва ташкилоту созмонҳо, ки ба қадри давлат, миллат ва Ватани худ намерасанд, имрӯзҳо инчунин ҳамкориро бо тамоми созмону ташкилоти бегона бар зидди халқи худ як амри муқаррарӣ меҳисобанд ва на танҳо оид ба оқибатҳои ахлоқии чунин амалҳои худ, балки ҳатто дар бораи паёмадҳои ҳуқуқии онҳо ягон заррае намеандешанд. Чунонки маълум аст, дар замони муосир дар тамоми кишварҳои олам баъзе созмону ҳаракатҳоро террористию экстремистӣ эълон намуда, ҳамкорӣ бо онҳоро ҷиноят меҳисобанд, ё баъзе ниҳодҳо ё воситаҳои ахбори оммаро тарғибгари ақидаҳои ин ё он давлати бегона, агенти хориҷӣ ва амсоли он шинохта, ҳамкориро бо онҳо ғайриқобили қабул медонанд. Дар чунин вазъ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи олам, шаҳрвандон ва ташкилоту созмонҳое, ки миллатдӯстанд, ба қадри Ватан ва давлати худ мерасанд, кӯшиш мекунанд, ки ҳамкориҳоро бо онҳо қатъ созанд. Вале, мутаассифона, баъзе ашхос ва ташкилоту созмонҳо инро нодида мегиранд, ки чунин амалашон аз нигоҳи мантиқӣ ва ахлоқӣ боз ҳамон хиёнатро ба ёд меорад – хиёнат ба арзишҳои миллати худ, хиёнат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ.
Дар анҷоми сухан як сухани мутафаккири шинохтаи рус Н. Г. Чернишевскийро ёдовар мешавем, ки дар замони худ гуфта буд: «Барои хиёнат кардан ба Ватан бояд инсон руҳи ба таври хориқулода пасте дошта бошад». Вале, мутааасифона, чунин инсонҳои пастфитрату пасттинат дар ҳар давру замон ва дар ҳама ҷову макон вуҷуд доштаанд ва вуҷуд хоҳанд дошт. Муборизаи беамон бурдан бо чунин ашхос ва бо хиёнатҳои онҳо ба Ватан бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як шаҳрванди меҳанпарасту миллатдӯст қарор дошта бошад.
Зиёӣ Хуршед Махшулзода,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон