Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи кишоварзии кишварамон таҳаввулот­и ҷиддӣ ба амал омада бошад ҳам, новобаста аз ин, дар ин самт мушкилот ба назар мерасад. Бо дарназардошти мушкилот, тасмим гирифтем, ки бо усули  муқоисавӣ рушди соҳаи пахтакориро мавриди арзёбӣ қарор диҳем.

Соҳаи пахтакорӣ дар сохтори содиротии кишвар яке аз маҳсулоти муҳим арзёбӣ гардида, ҳамасола ба маблағи зиёда аз 180,0 млн. дол. маҳсулотҳои саноатӣ аз пахта истеҳсолшаванда ба хориҷи кишвар интиқол меёбад.

Имрӯз зери таъсири омилҳои гуногун, бахусус аз сабаби паст рафтани истеҳсоли пахта ва иҷро нашудани нақшаҳои истеҳсолӣ, акси он ба назар мерасад. Танҳо дар соли 2020 аз 101,5 ҳаз. тонна нахи пахтаи дар заводҳои коркард истеҳсолшуда, 8304,1 тонна ба корхонаҳои коркарди саноатӣ ворид гаштааст, ки 8,2 фоизро ташкил медиҳад. Ин вазъи бавуқуъомада иҷрои ҳадафи чоруми стратегии саноатикунонии босуръатро зери хавф мегузорад. Дар баробари ин майдони кишти пахта дар соли 2021 нисбат ба соли 1991 аз 298,8 ҳаз. га ба 185,4 ҳаз. га. кам гардид. Ҳосили умумӣ таносуби пастравӣ дошта аз 819,6 ҳаз. тонаи соли 1991 дар соли 2020 ба 409,5 ҳаз. тон. расид, ки он 50 фоизро ташкил медиҳад ва ҳосилнокии ҳар як гектар пахта аз 30,6 сент. то ба 20,6 сентнер паст шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки паст гаштани сатҳи истеҳсоли пахта боис мегардад, ки истеҳсоли нах ва чигит ба таври лозима ба роҳ монда нашавад. Дар ин сурат аз ҳисоби ниҳоии ин маҳсулотҳо истеҳсоли равған, хӯроки чорво, нах, тибит, торак, ғоз ва ғайраҳо коҳиш ёфта, сабаби болоравии нархҳо ва камчинии маҳсулот мегардад.

Бинобар набудани ашёи хоми кофӣ, корхонаҳои коркарди пахта бо тавоноии пурра фаъолият карда наметавонад, ки ин ба нест шудани ҷойҳои корӣ, коҳиш ёфтани Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва манбаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми истеҳсоли газворҳо, аз ҷумла матоъҳои пахтагин, шоҳиворӣ, нахи пахта, равғани растанӣ, хӯроки чорво коҳиш ёфтааст. Тайи чанд соли охир нархи маҳсулоти пахта ва равған рӯ ба афзоиш ёфта, ба ҳолати моҳи июли  соли ҷорӣ нархи  1 литр равғани пахта аз 12 то ба 23 сомонӣ расидааст.

Ҷиҳати рушд додани соҳаи пахтакорӣ  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2007, №392 «Дар бораи Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи истеҳсолшаван­да дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст. Тибқи ҳадафи барномаи мазкур коркарди нахи пахта мебоист ба 85 фоиз расонида мешуд, мутаассифона, муқаррароти барнома ба таври пурра иҷро нагардид. Новобаста аз тадбирҳои андешида, рушди ин соҳа то ба ҳол ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошад. Ҳол он, ки  соҳаи пахтакорӣ дар ташаккулёбии рушди соҳаи саноати сабук ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ нақши калидӣ мебозад. Новобаста аз он, ки дар ин самт солҳои охир як зумра корхонаҳои саноати сабук  бунёд гардида бошанд ҳам, аммо то ҳол равшан нест, ки барои ба таври пурра фаъолият намудани онҳо кадом омилҳо садди роҳ шуда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ  ҳар як навъи офаридаи пахта аз лиҳози рушди соҳаи саноат мавриди баррасии олимону коршиносони ин соҳа қарор мегирифт. Масалан, навъҳои офаридаи олимон “108-Ғ” Қирғиз – 3, Қирғиз – 6, Тоҷикистон – 4, Тоҷикис­тон – 19, Хуҷанд, ки нахи он дар аксар корхонаҳои саноатии сабуки ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди истифодабарӣ қарор мегирифт, маъмул ва эътирофшуда буданд. Ҳатто пахтаи навъи Қирғиз-3,6 хусусияти пешпазакро доро буда, давоми 90-110 рӯз пухта мерасид, ки барои бисёр ноҳияҳои қисматҳои шимолии ҷумҳурӣ қулай ва минтақабоб буд. Имрӯз олимони минтақа навъҳои зиёде офарида бошанд ҳам, аммо то ҳол нақши нах ва ҳосилнокии он дар рушди саноат мавриди баррасӣ қарор нагириф­тааст. Ба ибораи дигар, тамоми навъҳои офаридаи олимон аз лиҳози истифо­да­барии онҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноатикунонии кишварамон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Эҳтимолан, сабабҳои ҳолати ин кор дар маблағгузорӣ нашудан ва ё дастгирии наёфтани соҳаи мазкур мебошад.

Дар баробари ин, ҷойи коркарди техникии зироатро нақши меҳнати дастӣ афзун намудааст, ки ин ба талаботи агротехникӣ ҷавобгӯй нест. Инчунин, коркарди технологӣ дар майдонҳои пахта пурра гузаронида намешавад ва мубориза бар зидди ҳашаротҳо нокифоя буда дар аксари хоҷагиҳои пахтакорӣ нарасидани об дар мавсими обёрӣ ба назар мерасад, ки он ба баромад ва сифати пахта таъсири манфӣ мерасонад.

Таҷрибаҳо собит намуданд, ки хоҷагиҳои деҳқонии хурд рушди соҳаи пахтакориро пурра таъмин карда натавониста истодаанд. Инро метавон бо далелҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дод. Сари вақт коркард, ғизодиҳии пахтазор, обмонӣ ва иҷроиши дигар намуд корҳо бинобар сабаби маҳдуд будани майдони кишти пахта ғайриимкон мегардад. Тракторҳои тасмачарх, қариб, ки дар ин майдонҳо мавриди истифода қарор намегиранд. Бинобар сабаби сари вақт риоя нагардидани коркард ва агротехникаҳои кишоварзӣ, ҳосил талаф меёбад ва соҳа натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аз ин лиҳоз моро лозим меояд, ки барои рушди ин соҳа дар ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ, вобаста ба шароит ва имкониятҳои мавҷудбуда, заминҳои кишти пахтаро васеъ намоем.

Истеҳсол ва нигоҳдорию назорат нашудани коркарди пунбадонаи тухмӣ дар  корхона­ҳои коркарди пахта, яке аз омилҳои коҳишёбии ҳосилнокии пахта гардидааст. Ин масъала бояд мавриди таваҷҷуҳ ва назорати доимии масъулон қарор дошта бошад.Барои ба эътидол овардани нархи пахта ва хариди он аз ҷониби сармоягузорон ғамхорӣ ва назорати ҷиддӣ роҳандозӣ намудан зарур аст, то ки хоҷагидор аз маҳсули меҳнаташ манфиат бинаду дар назди бонкҳо ва сармоягузорон қарздор намонад.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии пахта бояд аз ҷониби корхонаҳои тухмипарварӣ хоҷагиҳо бо тухмиҳои баландсифат сари вақт таъмин гардида, барои хариди нурӣ, сузишворӣ ва техникаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳо додани қарзҳои бонкии дарозмуҳлат бо фоизи паст ва дастгирии давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Бо назардошти ин, барои рушд намудани соҳаи пахтакорӣ татбиқ намудани чорабиниҳои зеринро пешниҳод менамоем:

– ҳисобгирии истеҳсоли пахта танҳо тавассути расиди заводҳои коркарди пахта ба роҳ монда шавад;

– ривоҷ додани таҳқиқоти селексионӣ оид ба офаридани навъҳои пахта ва татбиқ намудани онҳо дар истеҳсолот;

– беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, ташкили мағозаҳои фурӯши тухмӣ;

– қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба нархи давлатии хариди пахта, ки хароҷотҳои деҳқонро ҷуброн намуда на камтар аз 30 фоиз даромаднокии онро таъмин менамояд, амри зарурист;

андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ба низом даровардани нархи хариду фурӯши пахта;

– мусоидат намудан барои пурра коркард намудани чигити тухмӣ дар ҷумҳурӣ;

– дар рушди минбаъдаи ин соҳа ҳамбастагии илм ва истеҳсолот ба роҳ монда шуда, бахусус навъҳои пахтаи маҳиннах дар ҷумҳурӣ густариш дода шавад. Зеро, ин навъи пахта дар бунёди киштиҳои кайҳонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад;

– ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, технологияҳои пешқадам ва ташкили корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва камхароҷотовар;

– назорати ҷиддӣ нисбат ба маблағгузорӣ ва амалӣ намудани “Барномаҳои рушди пахтакорӣ”;

– бо назардошти минтақабоб будани маҳалҳо ҷорӣ намудани навъҳои нави тухмӣ;

– истифодаи оқилонаи замин ва зиёд намудани майдонҳои кишти пахта ва истеҳсоли он;

– азназаргузаронии дурусти заминҳои кишоварзӣ, ки ба майдонҳои боғзор ва таги сохтмонҳо ҷудо карда шудаанд ва самараю натиҷаҳои он;

– мақсаднок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ, ки ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва пайдо гардидани манбаъҳои буҷети маҳаллӣ замина мегузорад;

– системаи пешпардохти 50 фоиз ҳосили интизорӣ ба деҳқон амалӣ гардад ва ӯро аз бӯҳронҳои бонкӣ эмин нигаҳ дорад;

– таъмини пурраи коркарди саноатии чигити пахта дар ҷумҳурӣ;

– хоҷагиҳои, ки барои технологияҳои пешқадам аз қарзҳои бонкӣ истифода бурда ҳосилнокии пахтаро аз 35 сентнер мефзоянд аз пардохти фоизи бонк озод карда шаванд;

– роҳ надодан ба камшавии майдонҳои кишт ва ҳосилнокии он, минтақабоб намудани навъҳои нави серҳосил;

– ташкили дурусти илмии киштгардони зироат, ки  боиси барқарор намудани қобилияти ҳосилхезии хок мегардад;

– назорати доимии иҷрои қарорҳои Ҳукумат ва барномаҳои рушди соҳа.

Имомназари Каримиён,
муовини Сардори Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед