Иттиҳоди Аврупо яке аз бонуфузтарин иттиҳоди ҳамгироӣ ба ҳисоб рафта, дар арсаи байналмилалӣ, ҳам аз назари ҷойгоҳи геополитикӣ ва ҳам аз назари таъсири иқтисодӣ-сиёсӣ  мақоми хосаро ишғол намудааст. Имрӯз Иттиҳоди Аврупо ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ баромад карда, бо аксар ташкилотҳои байналхалкию давлатҳо робитаи мустаҳими фарогир дорад, аз ҷумла дар зиёда аз 100 давлат намояндагии хешро ифтитоҳ намудааст.

Вобаста ба ин, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз замони аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, ба роҳ мондани робитаҳои фарогир бо худи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои алоҳидаи он авлавияти хосро ба худ касб намудааст.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, маҳрумият ва мусибатҳои зиёдеро аз сар гузаронд: тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа ва озмоиши сахту сангини таърихӣ хавфу хатари аз байн рафтани давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Дар ин росто, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узв дар таъмини субот ва ҳифзи якпорчагии давлати миллии тоҷикон саҳми арзишманд доштанд.

Таърихи устуворшавии робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад, ки вуруди Иттиҳоди Аврупо ба равандҳои Осиёи Марказӣ хосияти мақсаднок ва пайгирона дошт.  Дар марҳилаи аввал, Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар самтҳои мубрами сиёсиву иқтисодӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз буҳрони амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва идеологиву сиёсӣ  ва, ҳамчунин,  ҳалли моҷарои ҷанги шаҳрвандӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он кӯмак дошт. Дар марҳилаи дуввум, самтҳои авлавиятноки ҳамкориро бунёди устувор, таъсиси ҷомеаи дунявиву ҳуқуқбунёд ва демократӣ ташкил дода, дар ин замина тадриҷан шароити мувофиқ барои гузариш ба ҳамкории васеъмиқёс шароит муҳайё гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва таъмини фарогирии он, ҳамкориҳои худро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла: мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, терроризм, ҷинояткории муташаккил, ифротгароии диниву мазҳабӣ, таҳкими бехатарии сарҳадӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон анҷом дода истодаанд.

Дар чаҳорчӯби коркарди барномаҳои мушаххаси байниминтақавӣ дар роҳи пешгирии ин таҳдидҳо, Иттиҳоди Аврупо аз соли 2003 инҷониб баҳри таъмини  амнияти минтақавӣ якчанд лоиҳаро дар чаҳорчӯбаи «Барномаи мусоидат ба идораи марзҳои Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ва «Барномаи пешгирии маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ» (CADAP) амалӣ карда истодааст. Ин барномаҳо, ки аз соли 2004 эътибор пайдо карданд, ба таҳкими бехатарии  марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶИ Афғонистон, нақши муҳим доранд. Ҳадафи ҳар ду барнома таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тасҳили ҳаракати одамон ва молҳо тавассути марзҳои кишварҳои мазкур мебошад. Вазифаи аввалиндараҷаи Барномаи БОМКА мусоидат дар таҳкими потенсиали кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳри идораи сарҳадҳои худ бо назардошти таҷрибаи мусбии аврупоиҳо мебошад.  Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкории БОМКА Иттиҳоди Аврупо нуқтаҳои гумрукӣ ва хадамоти марзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таҷҳизотҳои техникии замонавӣ таъмин намуда, ҳайати сарҳадбонон дар давраҳои омӯзишии махсуси таълимӣ таълим дода мешаванд. Ба ин васила, зарфияти амниятии кишвар дар роҳи пешгирӣ аз таҳдиду хатар ба амнияти минтақа ва нуқтаҳои дигари олам баланд бардошта шудааст.

Дар амалияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон худи муносибат бо Иттиҳоди Аврупо хусусияти мунтазами корӣ касб кардааст. Дар давоми равобит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 маротиба сафари муфассали корӣ анҷом додаанд. Дар ҳар даври ин сафарҳо ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он хусусияти хос дошта, дар таҳкими робитаҳо ва наздикшавии манфиатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ таъсири ногусастанӣ дорад.

Дар ин замина, сафари навбатии фарогири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзҳои 4-12-уми ноябри соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, ҳамчунин дар доираи он анҷом додани ду сафари расмӣ ба ду кишвари бонуфузтарини аврупоӣ, худ гувоҳи он аст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ин сафар ва умуман ба таҳкими робитаҳои наздик бо Тоҷикистон аҳамияти хос зоҳир менамояд.

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ аллакай Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси як кишвари комилҳуқуқ пазируфта, мақом ва ҷойгоҳи онро дар равандҳои сиёсӣ ва ҳифзи амнияти минтақа эътироф намудаанд. Далели ин гуфтаҳост, ки дар як соли 2019 якқатор ҳайатҳои бонуфузи сиёсӣ ва дипломатии Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои марбути он аз Тоҷикистон дидан намуда, дар бораи таҳаввули мусбии  дидгоҳи худ нисбат ба Тоҷикистон ва ҷойгоҳи он иброз доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи устувори рушдро пеша намуда, дар ин росто, ҳам дар чаҳорчӯби сиёсати дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки дар як марҳилаи кутоҳи таърихӣ се ҳадафи стратегии худро пурра ҳал намуда, воқеан ҳам Тоҷикистони биҳиштосоро ба як кишвари калидии транзитӣ ва аз лиҳози энергетикиву озуқаворӣ мустақил мубаддал гардонад.

Ташаббусҳои инсонии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби кулли ҷомеаи башарӣ дастгирӣ ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои калидӣ дар ҳалли буҳрони об ва таъмини дастрасии баробари ҳар як инсон ба оби ошомидании сифатнок табдил дод. Қобили зикр аст, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2018-2028 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ “Даҳсолаи об барои рушди устувор” эълон гардида, дар чаҳорчӯби барномаи мазкур якқатор стратегияҳои ҷиддии байналмилалӣ дар ин самт амалӣ хоҳанд гашт.

Ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷанбаи меҳварии робитаҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, кишвари мо дар раванди такмили қонунгузорӣ ва рушди институти демократӣ бо сохторҳои марбути аврупоӣ ҳамкориҳои бевоситаро анҷом медиҳад. Муколамаи васеъ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон аз соли 2008 оғоз ёфта,  ҳамчун платформаи  баррасии масоили мавриди назари ҳар ду ҷониб барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо созмонҳои дигари байналхалқӣ, назири САҲА ва СММ хизмат мекунад.

Мутаассифона, дар ин росто, якқатор гуруҳҳои ифротӣ ва ҷиноӣ, ки фаъолияти онҳо пурра хусусияти экстремистиву террористӣ ба худ касб намудааст, ба монанди гуруҳҳои террористии ҲНИ ва ба ном “Паймони миллӣ”, кӯшиш менамоянд, ки аз стандартҳои баланди гуманистии низоми ҳуқуқии Аврупо ва ташкилотҳои он истифодаи васеъ намоянд. Онҳо дар зери ниқоби ҳаракатҳои ҷамъиятии носозгор фаъолияти зиддиинсонӣ ва бешарафонаи худро ба роҳ монда, ҳатто аз кишварҳои аврупоӣ киноя мекунанд, онҳоро дар ин ҷода дастгирӣ намекунанд.

Моҳият ва мазмуни баланди сафари муфассали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ худ гувоҳ аз он аст, ки ин давлатҳо дигар ба бозиҳои духурагии ингуна ҳаракатҳо бовар надошта, ҳифз ва таҳкими сатҳи муносиби муносибатҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба авлавияти сиёсати худ қарор додааст.

Воқеан, умедворем, ки натиҷаҳои сафар саҳифаи наверо дар робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, сохторҳои марбути ва кишварҳои алоҳидаи аврупоӣ боз намуда, дар таҳкиму густариши онҳо таъсири назаррасе хоҳад дошт.

                 Холиқов Бахтиёр,

сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед