Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду давлати дӯст буда, муносибати онҳо ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар ва таърихи чандинасра асос ёфтаанд. Айни замон ба шарофати муносибатҳои дӯстонаи сарони давлатҳо ҳамкориҳои судманди ин кишварҳо ба зинаи нав мегузарад: зич гардидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Асоси меъёрию ҳуқуқии ҳамкориҳои кишварро зиёда аз 170 созишнома ва созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад. Аз соли 2018 марҳалаи нави рушди муносибатҳои иқтисодии ҳар ду кишвар оғоз гардида, мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2022 зиёда 555,36 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2018-ум 92,5% афзоиш ёфтааст. Муносибатҳои содиротӣ ва воридотии байни ин кишварҳоро савдои молу хизматрасониҳо, аз ҷумла хӯроки тайёр, маҳсулоти маъданӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, пойафзол, металлҳои қиматбаҳо, мошину таҷҳизот, ҳайвонот, маҳсулот аз ҳайвонот ва растанӣ, хизматрасонии меҳмонхонаҳо, наклиёт, туризм, роҳи оҳан ва ҳавоиро дар бар мегирад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ бо сармояи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон корхонаҳои дорои сармояи Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Соҳаи дигари татбиқи лоиҳаҳои муштарак соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад.     Бо мақсади таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ байни кишварҳоямон зимни сафарии расмиии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 июни соли 2021) доир ба самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои байни давлатҳо гуфтушунидҳо сурат гирифта, 36 санад, аз ҷумла доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ба имзо расиданд:– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;– Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “ComplexMiningSolution AG”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон;– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон;– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси ҷамъияти саҳомӣ, гузаронидани асосҳои техникӣ-иқтисодӣ оид ба сохтмон ва истифодабарии ду НБО дар ҳавзаи дарёи Зарафшон;– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳои хатарнок тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон;– “Харитаи роҳ” оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022.

Ҳамчунин, моҳи июни соли 2022 бо мақсади густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари расмиии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон  сурат гирифт, ки дар он сарони давлатҳо санади стратегии “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон”-ро қабул намуданд. Дар доираи сафари расмии мазкур 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодии кишварҳо мусоидат хоҳад кард:

-“Харитаи роҳ” оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2023;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди пиллапарварӣ ва саноати пашми Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пиллапарварӣ;

-Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи муҳити зист;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

– “Харитаи роҳ” оид ба амиқтар намудан ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкориҳои саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Ҳамчунин, мавриди зикр аст, ки соҳаҳои зерин ҳоло ва дар оянда низ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок барои ҳамкории мутақобилан судманд боқӣ мемонанд:·     ҳамкорӣ дар соҳаи саноатҳои хӯрокворӣ, вазнин, сабук, кимиё, мошинсозӣ ва кишоварзӣ;·     ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва экология;·     ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи энергетика;·     ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва такмили ихтисос.

Қобили зикр аст, ки сафари навбатии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 12 майи соли 2023 ҷиҳати иштирок намудан дар ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт. Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд, махсусан ба татбиқи лоиҳаҳои самарабахш дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, нақлиёт, маъдан, сайёҳӣ, савдо ва тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар ҷаласа ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории судманд Нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба ташкили минтақаи озоди саноатию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нуқтаҳои сарҳадгузари «Фотеҳобод»-«Ойбек» ва Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.

Мавқеи ҷуғрофӣ, арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, динӣ, расму оин ва анъанаҳо яке аз омилҳои асосии муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои мо буда, ба ҳамкориҳо ва рушди минбаъдаи мутақобилан судманди кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Содиқова А.Ф., муовини сардори
Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва
инкишофи бахши хусусии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед