Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хориҷии худ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, ҷонибдори ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан судманд мебошад. Яке аз шарикони тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, ки аз соли 1992 бо ҳам муносибати дипломатӣ барқарор намуда буданд. Сафарҳои расмии Президентони ин ду кишвар барои густариши муносибатҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд. Ҳамзамон, аз соли 2008 то ба ҳол байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон Комиссияи муштараки байнидавлатии иқтисодиву тиҷоратӣ фаъолият менамояд, ки барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ нақши босазо дорад.
Озарбойҷон давлати индустриалӣ – аграрӣ буда, дар иқтисодиёти он соҳаи саноат (саноати истихроҷ (нафт, газ, маъдан ва ғ.), саноати коркард, саноати сабук ва хӯрокворӣ, саноати мошинсозӣ), кишоварзӣ, коммуникатсия ва сайёҳӣ ҷойгоҳи махсус доранд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 ба 7,46 млн. дол. ИМА расидааст, ки нисбат ба соли 2018 8,13%, инчунин, ҳаҷми содирот дар ин давра 6,15 баробар ва ҳаҷми воридот 0,7% афзоиш ёфтааст.
Диаграммаи 1. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Озарбойҷон, млн. дол. ИМА
Номгӯйи маҳсулоти байни кишварҳо содирот ва воридотшаванда ин маҳсулоти растанипарварӣ, чарб, равғани чорво, рустанӣ, маҳсулоти минералӣ, маҳсулоти хӯроквории тайёр, пластмасса ва маҳсулоти аз он тайёркардашуда, коғаз, филизоти арзон ва маҳсулот аз он, мошин ва таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маҳсулоти саноатӣ мебошанд. Ҳамзамон, байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон хизматрасонҳои байналмилалӣ амалӣ мегарданд, аз ҷумла, хизматрасонии меҳмонхонаҳо, хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан барои кашондани борҳои хушки яклухти байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва шаҳрӣ, хизмати нақлиёти боркашонии баҳрӣ барои кашондани борҳои хушк ва яклухт, хизматрасонии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, хизматрасонии шабакаи телефонии байнишаҳрии истифодаи умум, хизматрасониҳои миёнаравии молиявӣ, хизматрасонии машваратӣ оид ба таъминоти барномавӣ, хизматрасонии дипломатӣ ва консулӣ дар хориҷа, инчунин, хизматрасонӣ дар соҳаи маориф ва хизматрасонии марказҳои барқароршавӣ.
Байни Тоҷикистону Озарбойҷон сафарҳои расмии мутақобилаи роҳбарони давлатҳо ва дигар шахсони воломақом дар замони истиқлоли кишвар бештар сурат гирифта, дар доираи он барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзҳои 22 – 23 майи соли 2024-ум 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки ба густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд равона гардидаанд, аз ҷумла:
- Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи савдои рақамӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатӣ оид ба назорати зиддиинҳисории бозорҳои истеъмолии назди Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба масъалаҳои оила, занон ва кӯдакон дар самти баробарии гендерӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба ҳавасмандгардонии содирот ва сармоягузориҳои Озарбойҷон.
Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатии мазкур санаи 20 майи соли 2024 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид, ки ҳадафи он рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ, аз ҷумла, таҳкими шарикии тиҷоратию иқтисодӣ ва муаррифии имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории минбаъда мебошад. Дар натиҷаи баргузории Форуми мазкур байни ширкатҳо ва ташкилотҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон 15 санади нави ҳамкорӣ ба малағи 700 млн. дол. ИМА ба имзо расонида шуданд. Ҳамзамон, байни КВД ССБТ «Саноатсодиротбонк» ва Фонди рушди соҳибкории Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Санадҳои баимзорасидаи тарафҳо баёнгари онанд, ки Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти ҳамкориҳо ва муносибатҳои пойдор дар соҳаҳои гуногун минбаъд дорои имконоти бузурге мегарданд, ки метавонанд ба рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат намоянд. Дар марҳалаи имрӯзаи рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳамкорӣ дар самтҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ афзалият дода мешавад, ки дар ин самт нақши роҳбарони сиёсии ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.
Содикова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон