Дар раванди ҷаҳонишавӣ низоми муносибитҳои байналмилалии кишварҳо хусусият ва паҳлуҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва геопалитикиву геостратегиро ба худ касб намудаанд, ки боиси рушд ва тақвияти равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гаштааст. Яке аз равандҳои мазкур дар шароити ҳозира тиҷорати байналмилалӣ мебошад, ки дар рушду густариши иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад. Омилҳои асосие, ки тиҷорати байналмилалиро рушд мебахшад инкишофи истеҳсолоти минтақавӣ, инқилоби илмию техникӣ ва фаъолияти корпоратсияҳои трансмиллӣ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар сиёсати хориҷии худ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи байни давлатҳо, алалхусус бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид карданд, ки “…кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад”.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда ва бунёдкор эътироф шуда, дар ин замина, бо бештаре аз кишварҳову созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» равобити байналмилалии Тоҷикистон боз ҳам рушд ёфт ва то имрӯз бомуваффақият идома дорад. Маҳз ба хотири чунин сиёсат Тоҷикистон бо 184 кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 192 давлатҳои ҷаҳон Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф кардааст.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни соли 1992 барқарор шуда, соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шуруъ гардид.
Бояд қайд кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон бар асоси тавофуқнома ва санадҳои имзошудаи ду кишвар сурат гирифта, ба таҳкими бозори истеъмолии ҷонибҳо хизмат мекунад. Дар маҷмуъ, арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон, яке аз авлавиятҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳанӯз имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои судманд зиёд мебошанд ва самаранок истифода бурдани онҳо боиси дучанд афзудани гардиши мол ва тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мегардад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушди муносибатҳоро сафарҳои расмии роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон замина гузоштанд. Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 маротиба ба Покистон сафарҳои корӣ анҷом доданд, аз ҷумла солҳои: 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015, 2021 ва 14-15 декабри соли 2022, ки дар рушди муносибатиҳои тиҷоративу иқтисодӣ, амниятиву сиёсӣ ва таърихию фарҳангӣ нақши калидӣ дорад.
Бояд гуфт, ки ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, СҲИ (Созмони ҳамкории исломӣ), СҲИ (Созмони ҳамкории иқтисодӣ) ва МҲТБО (Машварти ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё) робитаҳои судманд дошта, баҳри таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон манфиатдор мебошанд. Ҳамзамон байни Тоҷикистон ва Покистон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Сарони давлатҳо ҳамчунин аз пешравии бадастомада тариқи фаъолияти гурӯҳҳои кории муштарак, ки қаблан ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, бахусус савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, фарҳанг ва сайёҳӣ таъсис ёфта буданд, қаноатмандӣ иброз карданд. Ҳар ду ҷониб барои мунтазам баргузор кардани ҷаласаҳои ин гурӯҳҳои кории муштарак ва пайгирии мавзуъҳо ба мувофиқа расиданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо амалишавии ҳарчи зудтари лоиҳаи муҳимми энергетикии “CASA-1000”-ро таъкид дошта, татбиқи лоиҳаи мазкурро имконияти наве барои дастрасии минбаъда ба долонҳои энергетикӣ ва пешрафти тамоми минтақа медонанд.
Дар солҳои охир ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Покистон густариш ёфта ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ин ду кишвар тадриҷан боло рафтааст. Мубодилаи молу маҳсулот байни кишварҳо дар соли 2023-юм 52,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин рақам қиёс ба соли 2000-ум 26,4 баробар зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар ин росто содироти молу маҳсулот ба Ҷумҳурии Покистон дар соли 2023-юм 3,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбати соли 2000-ум 38 баробар афзудааст.
Дар баробари ин воридоти молу маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023-юм 48,9 миллион доларро ташкил намуд, ки ин рақам нисбат ба соли 2000-ум 48,9 баробар зиёд мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) ба масъалаи муҳим будани долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таъкид дошта буданд, ки “…вазорати нақлиёт якҷо бо дигар сохтору мақомот оид ба ташкили терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, долонҳои нақлиётӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани хизматрасониҳо лоиҳаҳои дахлдорро таҳия ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ намояд”.
Воқеъан ҳам дар густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ин кишварҳо соҳаи нақлиёт ва долонҳои нақлиётӣ нақши калидӣ доранд. Долони нақлиётии Вахон низ яке аз роҳу василаҳои густариши муносибатҳои тиҷоратиии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҳисоб меравад. Тазаккур бояд дод, ки “Долони Вахон” дар сарҳади чор кишвар – Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ гардида, дар як минтақаи таърихию фарҳангӣ дар минтақаи кӯҳистонии Бадахшон ва шарқи Афғонистон ҷойгир буда, тақрибан 295 километр дарозӣ ва паҳноиаш аз 20 то 60 километр дар водиҳои дарёҳои Помир, Вахон ва Панҷро ташкил дода густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳоро асосан долони Вахон ташкил медиҳад, ки хусусан, барои пайвастани Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Аврупо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ ва ба ин васила табдил додан Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари трангзитӣ мусоидат мекунад.
Бояд қайд кард, ки бунёди ин роҳ на танҳо ба манфиати Тоҷикистону Афғонистону Покистон, балки тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд. Зеро Тоҷикистон ва Покистон тавассути “Долони Вахон” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Белорус, Украина ва як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ барои тавассути роҳи хушкии нисбатан бехатар кумак мекунад.
Ҳамин тавр, муносибатҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳирии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҷассуми ҳамкории муассир ва самарабахш дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа буда, ба манфиатҳои миллии харду кишвар мутобиқанд. Бояд гуфт, ки ҷонибҳо, ки таърихи бойи ҳамкорӣ доранд, дастовардҳои мазкурро беш аз пеш тақвият дода, ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, ҳарбиву амниятӣ, экологӣ, саноат ва ғайра афзун менамоянд.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон