Забону фарҳанги мо ойинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро инъикос кардааст.

***

Муҳаббат ба диёри бостонӣ ва пос доштани забони ширини модарӣ моро ба сӯйи ояндаи нек раҳнамоӣ мекунанд.

***

Бигузор, забони ҷовидонаи шеъри қофиласолори адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ равшангари роҳи мо ба сӯйи фардои обод бошад.      

***

Забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ аз ҷумлаи омилҳои асо­сии муттаҳидкунанда ва пайвандгари миллат мебошад.

***

 Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории Истиқлоли миллӣ мебошад.

***

Забони мо дар тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст.

***

Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.

***

Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, коргузорӣ, илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад.

***

Маҳз забони давлатӣ дастовардҳо ва ҳастии моддию маънавии мардуми кишвари моро дар дохил ва хориҷи он муаррифӣ менамояд.

***

 Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад.

***

Умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст.

***

Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост.

***

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз ҳифз ва рушди забони давлатиро вазифаи муқаддаси худ медонад.

***

Метавон гуфт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ марҳилаи нав оғоз гардид.

***

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон ба­рои рушди забони давлатӣ тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудааст.

***

Бо дарназардошти собиқаи таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ, забони тоҷикӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз менамояд.

***

Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист.

***

Моро дар таърих маҳз ба тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд.

***

Бе рушди забони давлатӣ, ҳамчун рукни муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, соҳибистиқлол буда наметавонем.

***

Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад.

***

Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш диҳад.

***

Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад.

***

Забонеро, ки гузаштагони мо ба ин шевоӣ ва ғано­ват ба мерос гузоштаанд, онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ бояд ҳифз кард.

***

Акнун замоне фаро расидааст, ки мардумро бештар бо намунаҳои беҳтарини осор ва забони ноби тоҷикӣ ошно созем.

***

Мо бояд асолати забони модариамонро барои ворисони он бозгӯ намоем ва забони асили адабиро ба мақому мартабаи пешини худ боз гардонем.

***

Муҳимтарин манбаъ дар таблиғ ва шинохти забони адабии меъёр, воситаҳои ахбори омма, бахусус радио ва телевизион маҳсуб мешаванд.

***

Забони радио ва телевизион оинаи ҷилодори забони адабии меъёр буда, бояд беҳтарин намунаи савтиёти забонро ба мардум пешкаш намояд.

***

Мо бояд барои рушди забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода барем ва ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоем.

***

Дар назар бояд дошт, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як забони расмии давлатӣ амал мекунад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки онро донад.

***

Тарғиби забони давлатӣ ба воситаи расонаҳои иттилоотии компютерӣ яке аз омилҳои асосии густариши забони тоҷикӣ мебошад.

***

Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт.

***

Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад.

***

Набояд фаромӯш сохт, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад.

Чоп кунед