Рӯзи  3 декбари  соли 2022  бо ташаббуси Академияи проблемаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Маркази таҳқиқоти СҲШ-и Чин, Маркази омодагии ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳамкорӣ барои СҲШ-и Чин  Форуми сатҳи баланди Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони  “Ташаккули иттиҳоди зичи тақдири ягонаи СҲШ”  баргузор гардид.

Дар бахши пленарии ҳамоиши Форуми сатҳи баланди СҲШ Президенти Академияи проблемаҳои байналмилалии Чин, директори Маркази таҳқиқоти СҲШ-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Бу, ректори Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Шанхай, роҳбари Маркази омодагии ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ барои СҲШ-и Ҷумҳурии Мардумии Чин  Лю Сяохун, мушвори Департаменти Авруосиёи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндаи доимии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай  Лю Мингчэ, муовини Котиби генералиии Созмони Ҳамкории Шанхай Ашимов Ерик Сарсебекович, Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Арзиев Фарҳод Нуриддинович, узви Кумитаи ҳизбӣ ва муовини директори Кумитаи маъмурии минтақаи намоишии “Чин ва СҲШ”  суханронии табрикӣ намуданд. Дар охири бахши пленарӣ Китоби Кабуди СҲШ таҳти унвони “20 соли Созмони Ҳамкории Шанхай: таърих ва дурнамои рушд” рӯйнамоӣ гардид.

Ҳамин  тавр, ҳамоиши мазкур ба кори худ шуруъ намуд. Дар иҷлосияи Форуми сатҳи баланд дар қатори намояндагони давлатҳои узви СҲШ директори Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода дар мавзуи “СҲШ – дар масири рушди фарогир”  суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки дар шароити таҳдиду хатарҳои нав ва таъсирҳои манфии ҷаҳонишавӣ гузаронидани форуми СҲШ гувоҳи зарурати дар охири соли 2022 дастовардҳоро ҷамъбаст намудану дарёфти роҳҳали мушкилот дар муносибати миёни аъзои созмон мебошад. Дар соли ҷорӣ, новобаста аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони бесубот ва муноқиша ва нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра, давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар асоси боварию ҳамкорӣ дар майдонҳои гуногуни байналмилалӣ якдигарро дастгирӣ менамоянд.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам  тазаккур диҳам, ки  Ҷумҳурии Мардумии Чин давоми сол чун солҳои пешин ба равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба таври мусбат тасир расонида аз баробари дар муносибатҳо бо давлатҳои рӯ ба инкишоф ҷонибдорь менамуд. Тоҷикистон чунин мавқеъгирии Чинро ҷонибдорӣ менамояд. Бояд гуфт, ки  Ҷумҳурии Мардуми Чин  ташаббускори консепсияи ташаккули иттиҳоди ҳамтақдир мебошад, ки имрӯз асоси фаъолияти созмонҳои зиёди минтақавиро ташкил медиҳад. Чунин амалкард дар ҳамкориҳои СҲШ фазои шафофият, эътимод ва эҳтироми ҳамдигариро тақвият мебахшад.

Натиҷаҳои воқеии консепсияи ҷомеаи ҳамтақдирро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сохтмони роҳҳои ҳозиразамон ва иншооти гуногун бо ҷалби маблағгузории Ҷумҳурии Мардумии Чин, фаъолшавии  робитаҳои иқтисодию гуманитарӣ эҳсос намуданд.

Бори аввал маҳз дар Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин консепсияи мултилатеризм пешниҳод гардида буд, ки фаҳмиши нави бартариятҳои ҷаҳонишавиро дар масъалаи дастгирии ҳамаи давлатҳо дар роҳи рушдро дар бар мегирад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи бисёрҷонибагароӣ (мултилатеризм) баҳри таъмини амният ва субот дар ҷомеа ва пешрафти иқтисодӣ аҳамияти калон дорад.

Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ андешаҳои худро пиромуни маърузаҳои ироашуда  иброз намуда, вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти СҲШ-ро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд. Инчунин, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ, муборизаи дастаҷамъӣ ба муқобили терроризму ифтрогароӣ дар минтақа, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфияти иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳии давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид намуданд. Онҳо изҳори боварӣ карданд, ки Форуми сатҳи баланди СҲШ–2022  таҳти унвони “Ташаккули иттиҳоди зичи тақдири ягонаи СҲШ” барои  рушду густариши  ҳамкориҳои судманди давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  (СҲШ)  ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

    
Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед