Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон  нишон медиҳанд, ки соҳибкорӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ичтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла ба монанди таъсиси ҷойҳои нави корӣ,  коҳиши сатҳи бекорӣ ва омода намудани  мутахассисонӣ варзида нақши ниҳоят муҳим дорад. Яке аз чунин соҳаҳои афзалиятнок фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши саёҳӣ мебошад.

Соҳибкорӣ дар соҳаи турзм ба чунин соҳаҳои асосии иқтисодиёт, ба монанди нақлиёт, коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ таъсири бузург мерасонад, яъне ҳамчун як катализатори рушди иҷтимоию иқтисодӣ амал мекунад. Бинобар ин, аҳамияти туризм ҳамчун манбаи асъор ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ пайваста меафзояд.

Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷашонии Савдо (СУС),  ҳиссаи туризм  бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ беш аз 12 дарсадро ташкил медиҳад. Барои хизмат расондан ба чунин шумораи одамоне, ки дар саросари ҷаҳон ҳаракат мекунанд, шумораи боз ҳам бештари мутахассисони бисёр соҳаҳои бахши сайёҳӣ ҷалб карда мешаванд.  Мувофиқи омори расмӣ, ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 130 миллион дар бахши сайёҳӣ ба кор машғул мебошанд.

Бояд таззакур дод, ки туризми байналмилалӣ барои бисёре аз кишварҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққӣ манбаи муҳими даромади асъор шудааст. Масалан, ҳиссаи даромад аз сайёҳии хориҷӣ дар ҳаҷми умумии воридот аз содироти мол кор ва хизматрасониҳо дар кишварҳои зерин, аз ҷумла:  Испания – 35%, Австралия – 36%, Юнон – 36%, Швейтсария – 12%, Италия – 11%, Португалия – 21%,  ва Кипр  бошад- 52 дарсадро ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан  Ҳиндустон, Миср, Перу, Парагвай, Коста-Рика беш аз 10-15 фисади даромад аз ҳисоби содироти мол кор ва хизматрасониҳоро бахши сайёҳи ташкилу таъмин менамояд. Аммо  ин нишондиҳанда  кишварҳои Колумбия – 20%, Ямайка – 30%, Панама – 55%, ва дар Гаити  бошад – 73 дарсадро ташкил медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба иқтисодиёти миллӣ даромадҳои назаррас оварда метавонад. Илова ба ин, миқёси воқеии даромад аз соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ бахши мазкур дорои бартариятҳои дигар низ мебошад, аз ҷумла:

  • Аз ҳар як доллари ба бахши сайёҳӣ харҷшуда 70 сенти он даромади соф аст. Ин аз таносуби даромадҳои саноати автомобилсозӣ, алоқа, кимиё ва саноати истихроҷи маъданҳои куҳӣ болотар аст;
  • Ҳар 1 доллари дар бахши сайёҳӣ (масалан, дар меҳмонхонаҳо) сарф кардашуда 3 доллари дигарро дар сохторҳои алоқаманди бахши сайёҳӣ (масалан, таъминкунандагони хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сохтмони меҳмонхонаҳо) ба вуҷуд меорад;
  • Баҳисоби миёна аз ҳар 1 доллари сарфшуда дар бахши сайёҳӣ 91 сенти он дар иқтисодиёти ватанӣ мемонад;

Бо беҳтар гардидани вазъи инфрасохторҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши сайёҳи ҳаҷми даромади соҳаи туризм ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам афзуда, соли  2019, аз ҷумла тавассути фурӯши чиптаҳо 267,5 миллион долларро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2018 53,5 миллион сомони зиёд мебошад. Дар ин давра, аз ҳисоби пешниҳоди хадамоти сайёҳӣ ба хазинаи Тоҷикистон 403 миллиону 760 ҳазор сомонӣ ворид гардидаст.

Гарчанде нишондиҳандаҳои рушди бахши сайёҳии кишвар бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ тамоюлҳои мусбат ба мушоҳида расад ҳам, вале дар муқоиса бо баъзе аз кишварҳои ҳамсоя нисбатан кам мебошад.

Масалан, соли 2019  ҳаҷми даромади соҳаи сайёҳи ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла аз ҳисоби қабули сайёҳонӣ хориҷӣ – 613 миллион доллар, сармоягузорӣ – 400 миллион доллар ва арзиши умумии иловагӣ бошад- 430 миллион долларро ташкил намудааст. Танҳо аз ҳисоби субъектҳои сабтиномшуда дар соҳаи саёҳӣ тақрибан,115 ҳазор доллар даромад бадаст оавардааст.

Саҳми соҳаи сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилии  Ҷумҳурии Қирғизистон 5 дарсадро ташкил намуда, нисбат кишвари мо 2,8 банди фоизи зиёд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Узбекистон ҳамасола аз ҳисоби бахши сайёҳи тақрибан 15 миллион сомонӣ ба хазинаи давлат ворид мегардад.

Ҳиссаи бахши сайёҳӣ дар ташакули маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон 5,6 дарсадро ташкил дода, то соли 2025 ин рақам дар сатҳӣ 8 дарсад пешбинишудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки айни замон дар баробари дигар соҳаҳо сайёҳӣ,бахши саноати сайёҳӣ яке аз калонтарин бахшҳои сердаромад ва босуръат рушдёбандаи савдои байналмилалии хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.

Аз рӯйи арзёбиҳои дақиқ, ҳоло 10 дарсади тамоми маҳсулоти ҷаҳонӣ, 30 дарсади  содироти кор ва хизматрасониҳо, тақрибан, 7 фоизи ҳаҷми сармоягузории ҷаҳонӣ, 10 дарсади ҷойҳои корӣ ва 5 фисади пардохтҳои андозӣ дар бахши сайёҳӣ  тавлид мегарад.

То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохторӣ сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст.

Бо назардошти рушди босуръат ва пайвастаи туризм, ки дар тӯли даҳ соли охир идома ёфтааст, инчунин таъсири назарраси он ба иқтисодиёт ва некӯаҳволии ҷомеа, кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро яке аз афзалиятҳои иқтисодии худ муайян намудаанд.

Аз факту рақамҳои овардашуда хулоса мегардад, ки бо вуҷуди дастоварҳои назаррас дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ  ҳоло ҳам  мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб ҷой дошта, ба рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт монеа эҷод мекунанд.

Ба надешаи мо, барои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ бояд шартҳои зерин иҷро карда шаванд:

  • Устувории сиёсати давлатии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  • Имтиёзҳои андозбандӣ барои намудҳои иҷтимоии туризм;
  • Рушди инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ;
  • Механизми чандири (гибкий) бозор барои иштироки туризм дар равандҳои ҷҳонишавӣ.

Барои рушди соҳаи саёҳи то кунун дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. То имрӯз дар мамлакат 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст.

Ҳоло  ҷиҳати таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар доираи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи соҳа як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбини гардиданад, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошанд:

  1. Аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод намудани истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва   рушди ҳунарҳои мардумӣ;
  2. Аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон;
  3. Пешниҳоди таътили пардохтҳои андозӣ ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия;
  4. Ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон;
  5. Аз саннаи бақайдгирии давлатӣ аз пардохти андоз аз фоида ба мӯҳлати 5 сол озод намудани фаъолияти ширкатҳои саёҳӣ;
  6. Аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншоти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, ва истироҳатгоҳои табобатӣ, марказҳои саёҳӣ ва дигар иншотӣ саёҳӣ.

Дар охир ҳаминро метавон қайд намуд, ки тадбиқи имтиёзу сабукиҳо пешбини гардида, ба рушди  минбаъдаи ин бахши муҳими иқтисодиёт ва зиёд  гардидаи ҳиссаи соҳаи мазкур дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  ва ҳалли дигар масъалаҳои ичтимоию иқтисодии  мамлакт таъсири ҳалкунанда мерасонад. Бинобар ин, аз соҳибкорон, даъват ба амал оварда мешавад, ки аз имтиёзу сабукиҳои мавҷуда васеъ истифода баранд ва ҳиссаи худро дар таъмини рушди бахши сайёҳӣ гузоранд.

Одинаев А.И.,

сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои

соҳибкори ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед