Фаъолияти ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи махсуси муҳаққиқон, сиёсатшиносон, файласуфон ва ҷомеашиносону ҳуқуқдонон қарор дорад. Дар ин росто, нақши таърихнигорон низ арзанда аст, ки фаъолияти Пешвои миллатро дар пасманзари раванди таърихӣ ва таҳаввулоти азими ҷомеаи мо дар солҳои 90 – уми асри ХХ мавриди таҳқиқу таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳанд.

Таърихи пасошӯравии Тоҷикистон ба таври рӯшан аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими масъалаҳои мушкилу ҳассоси даврони гузариш ва солҳои минбаъда бо ном, мавқеъ ва фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд аст. Дар ҳамин давра сифатҳои пешвоӣ ва барозандагии ӯ ошкор гардиданд.

Ҳадафи мо омӯзишу таҳлили ташаккули сифатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат мебошад, ки дар баробари фалсафа ва ҷаҳонбинии ӯ, бо ниҳодсозии мақоми сиёсӣ ба ҳайси Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рӯнамо гардид.

Равиши ниҳодии асосёфта ба омӯзиши маводи таърихӣ ва ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф шавад ва таваҷҷуҳи махсус ба ҷанбаҳои идоракунии нави давлатӣ, қонунҳои қабулшудаи даврони истиқлолият, сохтори низоми сиёсӣ ва салоҳияту ваколати Пешвои миллат, яъне дар он самтҳое, ки сифатҳои пешвоии ин шахсияти бузург рӯнамо гардидаанд, зоҳир карда шавад.

Барои тавсифи моҳияти пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду омил ё ду ҷузъ аҳамияти махсус дорад: мақомӣ ва ахлоқӣ. Омили мақомӣ имкон медиҳад, ки мақому ваколати Сарвари давлат бо такя ба салоҳияти хеш дар чаҳорчӯбаи масъулияти конститутсионӣ дарк карда шавад. Ва омили дувумӣ масъулияти ахлоқии Пешвои тоҷиконро дар назди ҷомеа барои ҳифзи субот, амният ва пешрафти давлат фаро мегирад.

Аз нигоҳи мақомӣ Президенти Тоҷикистон чун олитарин мақоми давлатии фарогири идоракунии давлат ва чун қабулкунандаи қарорҳои муайянкунандаи равишу ҷанбаҳои фаъолияти тамоми сохторҳо ва ташкилотҳои идоракунӣ шинохта мешавад.

Дар айни замон, имкониятҳои мақомӣ – вазифавии Президенти ҷумҳурӣ ҳамеша бо чунин тавсифҳои шахсӣ, монанди азму ҷуръати истисноӣ дар қабули қарорҳои сиёсии ғайристандартӣ, софдилӣ, ошкоргӯӣ, эътимоднокӣ дар суҳбатҳо ва дар мулоқотҳо бо мардум, ҳадафмандӣ, амалгароӣ ва боварӣ ба ояндаи неку хушбахтӣ тақвият меёбад.

Рафтори муассири стратегии Сарвари давлат сарчашмаи тағйироти бунёдии ниҳодӣ гардида, имконият дод, ки ҷомеа суботи худро ҳифз намояд, ба сӯи ҳадафҳои муайянгардида пеш равад ва Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр шакл гирад.

Аз ҷониби дигар, стратегияи ҳамкории Сарвари давлат ва ҷомеа ба мутобиқати мутақобилаи манфиатҳо асос ёфтааст. Метавон ин нуктаро ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон тавонист ниҳодҳои куҳнаи шӯравиро бо ниҳодҳои нави ҷавобгӯи замон иваз намояд. Нақши Президенти ҷумҳурӣ дар ин раванд шоистаи таҳсину арзанда аст, чунки имконияти рушди муназзами Тоҷикистонро дар даҳсолаҳои минбаъда фароҳам овард.

Бояд таъкид кард, ки ҳокимият дар шахси Пешвои миллат чун маҳорату қобилияти таъсиррасонии ӯ ба аҳолӣ ва ба қабули қарорҳо дарк карда мешавад. Ҳокимият дар ин маврид бо чунин падидаҳои иҷтимоиву равонӣ, ба монанди «таъсиррасонӣ», «нуфуз», «эътимод» тақвият меёбад, ки тавсифи Пешвои тоҷиконро нисбат ба сохторҳои давлатӣ ва робитаи сиёсию ҳукуматӣ мушаххас менамояд.

Дар тамоми давраи фаъолияти сиёсии хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътибору нуфузи баланд бархӯрдор аст, ки имконият медиҳад муҳимтарин афзалиятҳои ризоияту мувофиқа байни Пешво ва ҷомеа ошкор, тамаркуз ва тақвият дода шаванд. Зеро барои пешвоёни сиёсӣ ва давлатмардон доштани қобилияти ифодагарии афкори мардум ва муоширати сиёсии шаклдиҳандаи ризояти мардум муҳим аст.

Эътибору нуфузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни муоширату муколамаи ӯ бо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст. Обрӯю нуфузи рӯзафзун яке аз омилҳои муайянкунандаи рафтори Сарвари давлат гардидаанд, ки ба эътимоду боварии одамон ба сиёсати пешгирифтаи ӯ, ба эътирофи сифатҳои шахсӣ ва ташкилотчигии ӯ, ҷолибияти даъватҳо ва барномаҳои ӯ ва ба дурустию адолати амали ӯ асос ёфтаанд. Эътирофи Президенти Тоҷикистон ба сифати роҳбари бонуфуз ба аҳли ҷомеа имкон медиҳад, ки довталабона ва огоҳона дар рушди давлат ширкат намоянд.

Эътимоду боварӣ ба Президенти Тоҷикистон хислати ҷозибият ва таъсиррасониро медиҳад, ки бидуни баҳси бемавқеъ, вазъиятро воқеъбинона дарк намуда, қарори заруриро интихоб мекунад ва онро амалӣ месозад. Яъне тадбирҳо, арзёбиҳои Президенти Тоҷикистон аз тарафи аҳли ҷомеа қабул мешаванд. Хислати беназири пешвоии сиёсии Президенти ҷумҳурӣ дар ҳамин зоҳир мегардад. Нуфузи ӯ ҳатто дар он ҳолатҳое, ки муътақид кардан мушкил аст, самарабахш воқеъ мегардад. Ин ба таври рӯшан дар ҳолатҳои мураккаб рӯнамо мегардад. Масалан, таъсири манфии буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҷомеаи мо сатҳи баланди эътимод ба Пешвои миллатро баръало нишон дод ва собит сохт.

Олиҳимматии Пешвои миллат натиҷаи қобилияти бемисли ӯ мебошад, ки аз тарафи аксарияти аҳолии кишвар эътироф ва қабул карда мешавад. Президенти Тоҷикистон чун шахсияти бонуфузи сиёсӣ муносибат бо аҳли ҷомеаро бар асоси эътимоднокӣ роҳандозӣ менамояд ва чунин сифатҳои неки ӯ, мисли ошкорбаёнӣ, хайру некхоҳӣ зоҳир мешаванд, чуноне ки дар яке аз вохӯриҳои хеш бо мардуми кишвар таъкид доштанд: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ана ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем!».

Президенти Тоҷикистон бо такя ба эътимоду бовари мардум, мақоми сиёсии хеш ва услуби нотакрори фаъолияти худро ҳифз менамояд.

Масъалагузории бомаҳорату воқеъбинонаи вазифаҳои мустақилияти иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳимояи аҳолӣ ва ҳифзи суботу ваҳдати миллӣ ба рушди ҳайсияту нуфузи Пешвои тоҷикон дар фазои пасошӯравӣ мусоидат кард ва ӯро дар радифи аввалин давлатмардони сиёсии миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дод.

Тоҷикистони мустақил саъю талош кард, то ин ки раванди ваҳдати миллӣ ва соҳибихтиёриро ба анҷоми мантиқӣ расонад, мардум ва аҳли ҷомеа дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуданд. Тавре ки рӯйдодҳои минбаъда нишон доданд, нуфузу эътибори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ислоҳоти низоми сиёсии давлат, балки умуман, дар шаклгирии давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим бозид.

Парвин НУРИДДИН, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Бознашр: Ҷумҳурият

Чоп кунед