Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон ифтихор аз он доранд, ки Парчами миллии мо дар радифи парчами давлатҳои дигари ҷаҳон парафшон аст, зеро ин парчам аз мавҷудияти Истиқлоли сиёсӣ ва давлатдории миллии тоҷикон дарак медиҳад. Аммо ин воқеаи хотирмони таърихӣ барои душманони ин миллату ватани мо хуш наомад ва солҳои зиёд барои несту нобуд сохтани ин сарзамин талош варзиданд. Бадхоҳони миллат ба хотири суст кардани пояҳои давлатдории ин сарзамин миёни мардум иғвою тарғиботҳои зиддидавлатӣ бурданду онҳоро алайҳи Ҳукумату давлат барангехтанд, ки дар натиҷа ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Барои пешгирии алангаи оташи хонасӯз, зарурат ба андешидани чораҳои махсус баҳри ҳифзи ин миллату сарзамин ба миён омад.   Баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби роҳбари давлат масъалаи муҳимтарини он давра ба шумор мерафт. Вале, чун вазъ дар Душанбе ноамн ва муташаниҷ буд, макони баргузор гардидани Иҷлосияи мазкур шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.

Боиси хушнудист, ки вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Ин марди шуҷову ватандӯст дар лаҳзаҳои аввалини роҳбарии мамлакат бо қавли ҷавонмардонаи хеш ба мардуми шарафманди тоҷик муроҷиат намуда, гуфтанд: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам!”

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси ватандӯст ба қавли додааш вафо кард ва барои ба нестиву нобудӣ нарафтани давлату миллати тоҷик борҳо ҷони худро зери хатар гузошта, баҳри истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба Афғонистон ва дигар кишварҳо сафар намуданд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ санаи 27–уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расонида шуд, ки он нахуст қадамҳо дар роҳи оромию осоиштагӣ ва сулҳу сафои кишвари азизамон гардид. Аз ҳамон рӯз то ба ҳол дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ифтихори ин рӯзи муҳими таърихӣ, яъне 27–уми июн чорабиниҳои бузурги бошукӯҳ баргузор мегарданд, ки боиси ифтихор ва фараҳмандии ҳар як фарди кишвар аст.

Гуфтан бамаврид аст, ки маҳз бо саҳми бузург ва арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардид, балки роҳ ба сӯйи ободкорию созандагӣ оғоз шуд.

Ваҳдати миллӣ, ҳамчун омили мутаҳидсозандаи тамоми мардуми шарифманди тоҷик шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад. Ин омил ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоламон таъсири бағоят муҳим расонид.

Тайи 25 соли Ваҳдати миллӣ кишвари мо ба комёбию дастовардҳои зиёд дар самти сиёсат, иқтисод, илм ва фарҳанг ноил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро пайдо намуд. Аз ҷумла, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, соҳиби роҳҳои сатҳи байналмилалӣ гардидан, ки бо ин усул ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон пайваст шуда, таъмини рушди иқтисоди Ватанро зина ба зина ва сол то сол ривоҷу раванақ дода истодаем. Бунёди як қатор бинову иншооти бузурги стратегӣ, маишӣ ва хизматрасонӣ. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад, ки айни ҳол ду чархаи он мавриди истифода қарор дорад. Сохтмони ин иншооти бузург на танҳо кишвари моро бо қувваи барқ таъмин мекунад, балки ба яке аз кишвари бузурги интиқолдиҳандаи қувваи барқ табдил хоҳад ёфт.

Инчунин, ҳамкорию робитаҳои байналмилалӣ бо беш аз 180 давлати ҷаҳон дорем, ки он баҳри боз ҳам рушду нумӯ ва инкишофи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Қобили тазаккур аст, ки созмонҳои байналмилалӣ дар доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи ба даст овардани сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва пурарзиш дар таърихи сулҳофаринии байналмилалӣ медонанду мешиносанд.

Дар охир гуфтан мехоҳам, ки ҳар як фарди ин ватану миллат, аз ҷумла, мо ҷавононро зарур аст, ки баҳри таъмини амният, ҳифзи сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, ободонию бунёдкории кишвар бояд саҳми арзанда ва босазои худро гузорем!

 

Ҳафизова Азиза Саидаҳмадовна,
мутахасcиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед