Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 июни соли 2022 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзуи “25 соли Ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо” баргузор менамояд. Ҳамоиши мазкур ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, ҳадафи он аз арзёбии дастовардҳои кишвар дар зарфи чаҳоряк асри суботу оромӣ дар мамлакат ва дурнамои таҳкими сулҳу амният дар Тоҷикистон мебошад.

Дар нишаст масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • Арзёбии сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
  • Дастовардҳои муҳимми давлат пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Зарурати ҳифзи Ваҳдати миллӣ дар партави воқеиятҳои нави геополитикӣ.
  • Таҳдиду хатарҳои дохилӣ ва берунӣ ба Ваҳдат, сулҳ ва амнияти мамлакат.
  • Нақши ҷавонон дар тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи миллӣ дар Тоҷикистон.
  • Дурнамои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат меварзанд.

Дар оғози конфронс маҷмуаи “Сулҳу амният дар суханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” рӯйнамоӣ мегардад.

Замони оғози ҳамоиш: соати 10.00.
Макони баргузорӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, толори ошёнаи 4-уми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефон барои тамос: 2-27-81-97.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед