Дар ҷаҳони имрӯза таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ рӯз то рӯз афзун гардида, хатарҳои навро, ба амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, вазъи экологии ҷаҳон ба миён меоварад. Дар баробари афзоиш ёфтани таҳдиди ин хатарҳо, кишварҳои алоҳида дар муқобили зуҳуроти ба он вобаста истодагарӣ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва ҳаллу фасли чунин масоил бидуни талошҳои дастаҷамъӣ дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконнопазир аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири чунин хатарҳои глобалӣ дар канор монда наметавонад ва дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу ибтикорҳои созандаи худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳодҳои худро ироа менамояд. Дар робита ба коҳиш ёфтани захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳое, ки барои ояндаи аҳли башар метавонанд хатар эҷод намоянд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшишу талош ба харҷ медиҳанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти марбута ба обу иқлим ва муҳити зист ҷалб намоянд.
Қобили қайд аст, ки дар як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо ташаббусҳои башардӯстонаи худ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташуббускор доир ба масъалаҳои обу иқлим ва экология шинохта шудааст. Хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт хеле назаррас аст, зеро ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи ӯ барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли башар барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об, вазъи экологӣ, тағирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбути онҳо борҳо мавриди қадрдонӣ қарор гирифтаанд. Аксари коршиносони ҷаҳонӣ эътироф менамоянд, ки талошу ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли оқилона ва одилонаи масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир ниҳоят муассиру беназиранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари хирадманду оянданигар медонад, ки раванди ҷаҳони имрӯза ҷаҳони ҳамгироист ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад аз ин таҳдиду хатарҳо раҳоӣ ёфта, рушди босубот ва амнияти пойдори кишвари худро таъмин намояд. Бинобар ин, дар чандин марҳалаҳо мушкилотеро, ки дар оянда мумкин аст таъсири худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман, ба дигар кишварҳои ҷаҳон расонанд, пешбинӣ намуда, барои дарёфти роҳи ҳалли муносиби онҳо пешниҳодҳои судманд ба миён мегузорад. Роҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар аксар мавридҳо аз пешниҳоду ташаббусҳои судманди Сарвари давлати Тоҷикистон истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд. Воқеан, Пешвои миллати моро дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои башардӯстона ва созандаашон мешиносанд ва тавассути Роҳбари давлат номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи панҷ ташаббуси созандаи бунёдӣ дар соҳаи об мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳон аз тарафи СММ пазируфта шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018– 2028” рӯзи 10 июни соли 2024 ба кори худ оғоз намуд. Ин ҳамоиш аз 10 то 13 июни соли ҷорӣ давом мекунад. Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ беш аз 2 ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати узви Созмони Миллали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва рӯзноманигорон иштирок доранд.
Ин ҳамоиш бо ташаббусу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир гардида истодааст. Нақши ин ҳамоиш дар ҳаллу фасли мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо об ва дигар масъалаҳои ба он марбут муҳим арзёбӣ мешавад. Ташаббусҳои дурбинонаву пешниҳодҳои илман собитгардида ва дорои аҳаммияти ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили обу иқлим ва масъалаҳои экологӣ дар маркази муколамаи ин конфронс қарор дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомоти худ дар масъалаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи об дар ҷаҳон ҷойгоҳи хосса дорад ва дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Маҳз бо ибтикор ва ташаббусҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар айни замон аҳли башар ба масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд. Мушкилоти об масъалаи умумиҷаҳонӣ буда, ҳамгироии тамоми давлатҳои ҷаҳон, созмонҳову ниҳодҳои марбутаро тақзо дорад. Бино ба маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, беш аз 750 миллион нафар бо оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, бо дарназардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади сокинони ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об мувоҷеҳ мегарданд. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иқлосияи 54-ми Маҷмаи Умумии СММ (1-уми октябри соли 1999) эълон намудани соли 2003 “Соли оби тоза” асос гардид, ки 20 сентябри соли 2000-ум дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ум ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” пазируфта шавад ва 29 август то 1 сентябри соли соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии доир ба оби тоза баргузор гардад.
Бо қабул гардидани Қатъномаи дахлдор оид ба «Соли байналмилалии «Оби тоза» моҳи августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Оби тоза» баргузор гардид. Дар доираи ҳамоиши мазкур, ки дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир шуд, иштироккунандагон аз тамоми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла 500 вакил аз 53 кишвар ва тақрибан 100 намояндаи созмонҳои байналмилалӣ дар пойтахти кишварамон ҷамъ омаданд. Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рӯзҳои баргузории ин ҳамоиш ба «Пойтахти ҷаҳонии об» табдил ёфт. Дар доираи Форум 18 чорабинии махсус баргузор гардид ва масъалаҳои мушкилоти марбут ба об дар миёни ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон ва коршиносони шинохта мавриди баррасии васеъ ва ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд карданд: «Кишвари мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби беш аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надорад. Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо, мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем. Сабаби асосии соли байналмилалии «Оби тоза» эълон шудани соли 2003, ки ташаббускори он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамин аст». Яъне дарки дурусти ин масъала ва ҳаллу фасли ихтилофоти марбут ба об дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон метавонад ояндаи босубот ва тавсеаёфтаеро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми аҳолии ҷаҳон тазмин намояд. Аҳаммияти баргузории ин ҳамоиш низ дар он буд, ки доир ба ҳалли мушкилоти марбут ба об механизму усулҳои амалиро таҳия намудан зарур буд. Тавре аз маълумот бармеояд, беш аз 1,2 млрд одамони сайёраи Замин ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Қариб 80 дарсади бемориҳои сирояткунанда дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва пешрафта аз истеъмоли оби паст сифат ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷаи ин бемориҳои гуногун ҳар сол тақрибан ба ҳисоби миёна 5 млн аҳолии сайёра ба ҳалокат мерасанд. Илова бар ин, зиёда аз 1 млрд одамон ба норасоии маводи озуқа гирифторанд. Ва эҳтиёҷоти афзоянда ба маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, хусусан маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, боиси зиёд истифода шудани об мегардад. Хулосаи тадқиқоту пешбиниҳои коршиносон нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон истеъмоли об дар соҳаи кишоварзӣ то соли 2050 тақрибан 20 дарсад меафзояд. Яъне соли байналмилалии «Оби тоза» ва ҳамоиши марбут ба он дар роҳи ҳалли мушкилоти дар боло зикргардида саҳми арзанда гузошт. Дар фарҷоми Форум “Муроҷиатномаи Душанбе оид ба оби тоза” аз ҷониби иштирокунандагон қабул карда шуд. Ташаббуси мазкур таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба чунин масъалаи ҳассос ҷалб намуд ва обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ баланд гардид. Соли байналмилалии «Оби тоза» тавонист заминаи муносиберо барои ҳалли мушкилоти марбут ба об гузорад. Инчунин, баргузори ҳамоиш як имконияти мусоидеро ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ба вуҷуд овард. Пешниҳоди даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005–2015) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар доираи ҳамоиши номбурда ироа гардид ва ташаббуси мазкур дар доираи васеи нишаст муҳокима шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфт ва дар Эъломияи ниҳоии Форуми Душанбе шомил карда шуд.
Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон намудани солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” асоси қабул гардидани Қатъномаи СММ гардид ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карда шуд. Ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” боис гардид, ки СММ доир ба ин масъала Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро таҳти рақами 67/204 қабул намояд.
Пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон намудани солҳои 2018–2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал” Об барои рушди устувор” аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфта, бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба расмият дароварда шавад.
Санаи 11 июни соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018–2028” суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд: “Мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳим муттаҳид созем”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи “Раванди оби Душанбе”-ро ба ҳайси платформа барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ яке аз уҳдадориҳо дар доираи Рӯзномаи амал дар соҳаи об номида, омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъди ин раванд изҳор намуданд. Дастгирии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути даҳ қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар Тоҷикистон “Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016–2025”-ро махсусан қайд намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр карданд: “ Мо талошҳои худро барои гузаштан ба “иқтисоди сабз” дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд”. Пешвои миллат тазаккур доданд, ки “маҳз ба ҳамин хотир ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастгирии ҳамҷониба ёфт ва тибқи қатномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ, аз соли оянда сар карда, 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад”.
Санаи 10-уми июни солӣ ҷорӣ дар ҳошияи баргузории ин Конфронси сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе фестивалу форумҳои зиёд доир ба масъалаҳои обу пиряхҳо ва иқлим, аз ҷумла Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони “Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон”, Форуми байналмилалии “Зан ва об”, Форуми Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Об ва тағйирёбии иқлим”, Форуми “Оби Африқо”, Форуми бахши хусусӣ, Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми ташкилотҳои ҳавзавӣ, Форуми илм ва технология ва Фестивали обу пиряхҳо гузаронида шуданд. Масъалаи тақвияти кӯшишу талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид сабтшуда, инчунин, ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи Рушди Устувор то соли 2030 мебошад.
Шакку шубҳае нест, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” комёбиҳои ба дастомадаи Конфронси оби СММ–2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдомҳои нав дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон