Дар пойтахти кишвари маҳбубамон Душанбеи гулбасар бо сафари давлатӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин қарор дорад. Ин сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кишварамон, саҳифаҳои тозаву дурахшони давлатдории тоҷиконро ба рӯи оламиён боз намуд. Дар доираи ин сафар шоми 5-уми июли соли равон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Қасри миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Чин, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки ҳар ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури мақомҳои баландпояи давлатҳои Чин ва Тоҷикистон бо мукофоти олии мамлакати Чин ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонид. Ин аввалин иқдоми Раиси кишвари ба мо дӯст аст, ки берун аз мамлакати Чин ба Сарвари кишвари дигар тақдим карда мешавад. Пештар ба ин ҷоизаи олӣ президентҳои кишварҳои дигар зимни сафарҳояшон ба ин кишвар дар шаҳри Пекин мушарраф гардидаанд.
Дар оғози маросим фармони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар хусуси мукофотонидани Пешвои мамлакати мо бо ин ордени олии Чин ироа гардид. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Чин, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз ин иқдоми олии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори сипос намуда, онро қабл аз ҳама ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донист. Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш изҳори итминон намуданд, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила таъмиқу тавсеа хоҳанд ёфт.
Ин ифтихори бузурги ҳар яки мост ва мардуми олам медонанд, ки Президенти муҳтарами мо иқдомгузори ташаббус ва пешниҳодҳои созандаву ҳаётан муҳими сайёра мебошанд. Ва ин ташаббусҳову фаъолияти пурсамари Президенти Тоҷикистон борҳову борҳо бо ҷоизаву мукофотҳои гуногуни байналмилалӣ тақдир карда шудааст. Инак, ин мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба Пешвои миллати мо шоиста дониста шуд. Ҷолиб аст, ки дар ин ҷараёни қадрдонии Пешвои муаззами миллат бо ин мукофоти олӣ пазироии сатҳи баланд мо чеҳраи муҷалло ва симои дурахшони Сарвари кишварамонро бо тобишҳои тозаву нави ватандӯстона, бо иқдом ва масъулиятҳои баланди башариву инсонӣ мушоҳида кардем.Ифтихороти баланде, ки ҳеҷ шарҳаш тасвирнашаванда аст вуҷуди моро низ фаро гирифт. Бояд гуфт, ки ин сафари бавуқуъомадаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки дар замони ҳассоси ҷаҳони муосир, бархӯрди шигифтангези тамаддунҳо, муборизаҳои ақоиди мухталифи ба ҳам муқобил, талошҳо байни абарқудратҳо дар сайёра ба амал пайваст, аз ҷониби Пешвои миллати мо дар баробари музокироти расмии сатҳи олӣ ва баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судбахши ду кишвар, ҳадафҳои баланди миллӣ, давлатӣ ва башардӯстонаро дар пай дорад.
Воқеан заминаҳои қавии таърихие вуҷуд доранд, то халқҳои тоҷику чин, ки дар гузашта, ҳамеша робитаҳои қавии дӯстию бародарӣ доштанд, имрӯз низ дар ин замонаи ҳассос ин риштаҳоро ба манфиати якдигар бояд қавитар бубанданд. Хусусан, ки дар кишварҳои мо заминаҳои боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ вуҷуд дошта, дар сатҳи ҳамкории давлатӣ ва шарикии стратегӣ бароварда шудаанд.
Ин аст, ки дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкории ду кишвар ва як силсила масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Гумон мекунам,ин пазироии сатҳи баланди Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси кишвари ба мо дӯст Си Ҷинпинро низ хеле хушҳол намуд, ки метавонад дар қавитар гардидани риштаҳои дӯстӣ ва таҳкими муносибатҳои бародарона беш аз ҳар василаи дигар нақши бузург гузорад. Хусусан, ки аз замонҳои қадим тавассути Роҳи бузурги Абрешим дар риштаи тиҷорату фарҳанги бозоргонӣ аз қадим ин риштаҳои дӯстиву бародарии байни халқҳои мо қавӣ гардида буданд. Ин андеша аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин низ таъкид гардид: “ Чин ва Тоҷикистон асрҳо боз ҳамсоя буда, сарнавишти ягона доранд ва Роҳи бузурги Абрешим дар муддати беш аз ду ҳазор сол аз ин шаҳодат медиҳад. Дар сарзамини тоҷик дар замони сулолаи Хан, Чжан Тсян, роҳиби танӣ Сюантсзан ва дипломати минӣ Чен Чен нақши нек гузошта буданд. Тоҷирони суғдӣ масофаи ниҳоят тӯлониро дар минтақаи Авруосиё тай намуда, пули тиҷоратиро ба вуҷуд оварданд, ки он Чин, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Аврупоро ба ҳам пайваст ва ҳамин тавр, ин тоҷирон ба раванди табодули ҳамаҷонибаи байнитамаддунӣ ва ғанӣ гардонидани мардумон дар масири роҳи Бузурги Абрешим саҳм гузоштанд.
Метавон дар ин маврид мисолҳои фаровони дигаре ҳам овард. Аммо давраи шукуфоии муносибатҳои халқҳои тоҷику чин ба замони итиқлоли мамлакатамон рост меояд. Ин нукта низ аз ҷониби меҳмони олиқадр зикр гардид,яъне: «Бо барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ 32 сол қабл Чин ва Тоҷикистон дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра дар муддати 32 сол муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд. Кушиши мо барои ташаккул додани ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чин ва Тоҷикистон намунаи хуби барқарор намудани муносибатҳо байни кишварҳои ҳамсоя мебошад». Бешубҳа аз ин гуфтори пур аз самимияту эътимод чунин метавон хулоса намуд, ки яке аз мамлакати дӯстдоштаву писандидаи Роҳбари Чин маҳз Тоҷикистони биҳиштосои мо аст. Ҳангоми боздидаш аз кишвари мо Си Ҷинпин чунин ибрози ақида намуд: «Ин сафари сеюми ман ба Тоҷикистони афсонавӣ хоҳад буд. Бори охир ман панҷ сол пеш ба Тоҷикистон сафар карда будам. Чунончи шоири маъруфи тоҷик Рӯдакӣ фармудааст: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон». Ҳамин гуна дидорбинӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам доир намоям, то ки уфуқҳои нави муносибатҳои Чину Тоҷикистон боз гардад».
Аз ҷумлаи созишномаҳое, ки баста шуд, ба андешаи мо, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, сиёсати ҷавонон ва туризм низ чун дигар созишномаҳо, ҳадафноку ояндадор аст, зеро маҳз робитаҳои дӯстона байни ҷавонони мо умедбахшу ояндадоранд ва дар оянда метавон бар онҳо такя намуд. Созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкориҳое,ки дар сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба кишвари мо бо Президенти муҳтарамамон баста шуданд, шабеҳи кишти ҳамон зироатест, ки фардо бо ҷаҳди ҳарду ҷониб ҳосили тиллоии худро хоҳанд дод.
Хуллас, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва саҳми ӯ дар баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин бисёр самарабахш ва ибратангез буда, метавон онро як зинаи дигар дар бунёди муносибаҳои муфиди ҳарду ҷониб ва ҳаллу фасли мубрамтарин масоили замон донист.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон