Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ дар ҳайати Алиҷон Шоназаров–узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Имомназар Каримиён–муовини сардори раёсати тадкиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Муъминзода–сармуттахасиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Нулванд, Қалъаихум, Вишхарв ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз якчанд вохӯрию суҳбатҳо доиркарда шуд.

Боиси хурсандист, ки сокинони Дарвози бостонию меҳмоннавоз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, ҳар як фармуда ва дастурҳояшро ҳамарӯза бо сари баланд мавриди иҷрову амал қарор медиҳанд. Онҳо бо ифтихор ва бо як рӯҳияи баланд изҳори миннатдорӣ менамоянд, ки Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ 13 маротиба барои дидорбинӣ ва эҳтироми самимии мардум ба ноҳияи Дарвоз сафар намудаанд. Ҳар қадами ташрифовардаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият намудани чандин корхонаҳою тавлиди ҷойҳои нави корӣ бо пайдо шудани даромади буҷети маҳал асос гузоштааст. Новобаста аз оне, ки ноҳия дар иҳотаи кӯҳҳои осмонбуси Бадахшон ҷой гирифта бошад ҳам, заҳматкашони ноҳия майдони 1467 гектар замини киштшавандаро самаранок истифода бурда, аз он ҳосили дилхоҳ мегиранд. Ҳамчунин, қисми даромади буҷети ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021, 123,2 дарсад таъмин гардидааст, ки мусбат ва қаноатбахш будани интизоми молиявии буҷаи ноҳияро нишон медиҳад.

Ба ҳолати 1.04.2021 сол дар ноҳияи Дарвоз 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 13,87 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки дар оянда барои беҳдошт ва шароити иҷтимоию иқтисодии ноҳия нақши босазо мегузорад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 96 адад иншооти таъйиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, китобхона, майдончаҳои варзишӣ, сехҳои дӯзандагӣ, меҳмонхона, таъмир ва азнавсозии роҳҳо, ҳаммом, сартарошхона, марказҳои тиҷорат ва хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ пешбинӣ шудааст, ки хушбахтона, ба ҳолати имрӯза зиёда аз 75%-аш мавриди иҷроиш ва амал қарор дода шудааст. Бояд тзаккур дод,ки ноҳияи Дарвоз дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳо ба худ хусусиятҳои хосеро дорост. Даставвал шоҳроҳи асосӣ, ки аз ҳудуди Дарвоз ба масофаи 142 км қад-қади соҳили рӯди Панҷ шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ мегузарад, барои шахсе аз ин роҳ гузаранда таассуроти зиёд боқӣ мегузорад. Мо бо чашмони худ аз наздик мебинем, ки қад-қади шоҳроҳ дар масофаи 300–500 метр сарҳадбонони тоҷик амнияти мардумро шабонарӯз таҳти назорат қарор додаанд. Муттаасифона, аз он тарафи соҳили Панҷ, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамагӣ дар масофаи 50–60 метр воқеъ аст, қариб, ки гӯё ҳаёти осудаҳолона вуҷуд надошта бошад ва мардуми Дарвоз бо доштани истиқлолияту субот ва побарҷо будани Ватани азизамон фахр мекунанд, ки худ сабақ ва дарси бузурги таърихиеро мемонад.

Дувум, Дарвоз–дарвозаи тиллоии Бадахшони бостониро ташкил медиҳад, ки ҳар нафаре агар сафари Хоруғу Рӯшону Шуғнону Ишкошиму Роштқалъаву Мурғоб ва Ванҷро дошта бошад, маҳз даставвал ба остонаи бози дарвозиён қадам гузошта, сониян ба манзил мерасанд. Дарвозиён куҳистониёни асиланд ва аз зиндагии ин мавзеи сангин (кӯҳҳои сангини осмонбӯс) фахр доранду мегӯянд:

Ман санги диёри худ ба гавҳар надиҳам,
Хокаш ба баҳои тӯдаи зар надиҳам.

Севум, мактаби гузашта ва анъанаҳои неки авлодиро ин ҷо бо самимияту эҳтироми баланд пос медоранд ва ҳифз менамоянд. Манзур аз қадрдониҳои баланди чеҳраҳои фарҳангию маърифатии Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Муъмин Қаноат ва дигарон:

Моро зи падар ному нишоне боқист,
Гарчи зи ҷаҳон рафт, ҷаҳоне боқист.

Чаҳорум, ноҳияи наздисарҳадӣ ва ҳама вақт дар ҳолати омодабош қарордошта. Мо бо чашмони худ дидем, ки Толибон то чӣ андоза пеш мераванд ва вулусволии Нусай, Моҳимай ва Ҷавайдараро таҳти назорати худ гирифта, байрақи худро он ҷо овехтанд. Мардуми шарифи Дарвоз зиракии сиёсии худро дар мадди аввал гузошта, ба тарбияи фарзандони худ диққати ҷиддӣ медиҳанд. То ба имрӯз ягон нафар шаҳрвандони ноҳияи Дарвоз ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил нашудаанд.

Панҷум, иқлимаш нисбатан фарқ дорад. Агар ҳаво дар Қалъаи Хум 15–20 дараҷа гарм бошад, дар мавзеи Сағирдашт ҳарорат ба 5–6 дараҷа мерасад ва қабати тарма дар роҳи Қалъаи Хум–Сағирдашт 3,5–4 метрро ташкил медиҳад. Агар дар қисмати ҷанубии кишвар ҷавро дарав кунанд, дар Сағирдашт акнун ба кишт кардани ҷав шурӯъ менамоянд. Айни замон мардуми Сағирдашт дар тафдонҳои хонаҳояшон алов мегиронанд ва аз дудбароякҳои болопӯши хонаҳояшон дуд мебарояд. Деҳоти Сағирдашт аз сатҳи баҳр 2500 метр баланд ҷойгир шудааст. Боиси фахру ифтихор аст, ки аз ин мавзеи баландкӯҳу дурдаст зиёда аз 174 нафар ҷавонон дар мактабҳои олии кишвар таҳсили илм доранд.

Шашум, бо қарори раиси ноҳия озмуни «Беҳтарин донандаи китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров» эълон гардидааст, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар ҷамъбаст карда мешавад.

Ҳафтум, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии ноҳияи Қалъаи Хум (Дарвоз) бо қалами Диловар Қосимӣ  ва зери таҳрири олимони намоёни кишвар Қосимшо Искандаров, Хуршед Зиёӣ, Саидхоҷа Ализода,  Саъдӣ Қосимӣ, Раҳматкарим Давлатов  китоби « Диёри мардуми равшанзамир » ба табъ расидааст.

Ҳаштум, ҷавонмардони бонангу номус ва саховатманд дорад, ки барои ободонию созандагии на танҳо Дарвоз, балки кишвари азизамон саҳми арзанда гузошта, манфиати миллиро аз манфиати шахсияшон боло медоранд.

Нуҳум, мардуми шуҳратёри ҷамоати деҳоти Сағирдашт бар хотири хизматҳои содиқонаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худашонро қарздор ҳисоб менамоянд. Се маротиба ташрифи Ҷаноби Олӣ ба Сағирдашт, ба онҳо бинобар сабаби дер пухта расидани гандум, туҳфа кардани комбайни ғалладарав, ҷудо намудани квотаҳои президентӣ ба хатмкунандагони мактабҳо ва ғайраҳову ҳоказҳо.

Даҳум, Дарвоз – аз ду реша “дар” ва “воз” (боз ё кушода), ки ин маънӣ дари боз ё кушода дошта, дар ҳамбастагӣ бо вожаи дарвоза меоянд, таркиб ёфтааст. Дарвоз – гӯё дар гузашта бештари хонаҳои мардум «дар» надоштанд, яъне дарвоза (дарбоз, даркушода) буданд. Ин, пеш аз ҳама аз меҳмоннавозии мардум далолат мекунад (яъне, ҳар касе меҳмони мардуми Дарвоз мешуд, метавонист бе мамоният дохили хона гардад).

Бале, барҳақ мардуми шарифи Дарвоз фармуда:

Дар надорад хонаи мо аз барои дӯстон,
Аз азал Дарвози моро мулки бедар сохтаанд.

Ин маъниҳо аз рафти вохӯриҳо бо заҳматкашони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Дарвоз бардошта шудааст. Ҳарчанд мо хоҳишу дархост ва пешниҳодҳои онҳоро шунидан мехостем, Салоҳиддин Авғонов– сокини ҷамоати Нулванд, Муҳаммаднабӣ Назиров– раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати Қалъаи Хум, Бобои Сулаймон Назарови 84-сола,– сокини ҷамоати Вишхарв, Миралӣ Назаров – омӯзгори мактаби деҳаи Кеврон, Муҳаммадҷон Лоиқов–намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия аз ҷамоати Сағирдашт, Саидисҳоқ Музаффаров ва дигарон шукрона ва арзу сипоси амну суботу истиқлолият ва роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мекарданд, ки минбаъд низ таҳти сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат кор ва фаъолият намуда, дар пешрафт ва тараққиёти маҳал ва кишварамон саҳми босазо мегузоранд. Онҳо якдилона иброз доштанд, ки дарвозиён нангу номуси баланд доранд. Баъди ҳар як ташрифи Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардум ҳис кард, ки соҳиб доранд, пуштибон доранд. Мо аз ташрифи гурӯҳи кории ҳукуматӣ миннатдорем, ки моро қадр кардеду омадед. Хуб мешуд, ки дар оянда низ бештар ин вохӯриҳо ташкил карда шавад.

Бо як ҷаҳон таассурот ва ҷаҳони андеша нисбати нангу номус, вафодорӣ, садоқат, дастҷамъию иттиҳод, заҳматдӯстӣ ва якдигарфаҳмии мардуми сарбаланди Дарвози бостонию меҳмоннавоз мо—аъзои гурӯҳи корӣ ба Душанбешаҳр баргаштем ва ин навиштаҳоро рӯйи саҳфа овардем. Барору комёбиҳо ҷовидонӣ ёру мададгоратон бошад, дарвозиёни шарифу гиромиқадр!

Дар охир шоҳбайти шоири маъруфи тоҷик Фитрати Дарвозиро чун ҳусни мақтаъ меоварам, ки дурри ноб суфта ва ҳақиқатро гуфта;

Фитрат аз рӯйи адаб изҳори нодонӣ кунад,
В-арна Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро.  

Имомназари Каримиён
муовини сардори раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед