Тавре маълум аст, ҳамасола яке аз рӯйдодҳои муҳимме, ки дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом мегирад, ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ муосир, дар ҷамъбасти ҳар сол ба парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Чун солҳои қаблӣ дар ҷамъбасти соли 2023 низ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он боз як соли бобарор арзёбӣ карда шуд. Зеро дар ин давра маҳз дар натиҷаи татбиқи мақсаду вазифа ва дастуру ҳидоятҳои аҳаммияти стратегидоштаи Паёми Пешвои миллат, яъне аз Паём то Паём ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, ММД-ии мамлакат дар қиёс ба соли гузашта 8,3 дарсад афзоиш ёфта, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ баробар гардид. Аз ин нуқтаи назар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун як санади фарогир, барномаи мушаххасу стратегии воқеан амалишаванда, таҳлилу арзёбикунандаи амиқу дақиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, муайянкунандаи самтҳои асосии рушди устувори ҳар як соҳа, инчунин, ироакунандаи дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу тавсияҳои зарурӣ ҷиҳати ҳаллу фасли камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина, таъмини дурнамои рушди устувори кишвар унвон намуд.
Чунин як соҳаи калидӣ ва меҳварие, ки ҳамасола дар доираи Паёми Пешвои миллат матраҳ мегардад, таҳлилу арзёбии амиқу дақиқи вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои рушди минбаъдаи он, бахусус, тавассути рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, мебошад.
Доир ба ин масъала, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ, ки санаи 28 декабри соли 2023 сурат гирифта буд, дар баробари комёбиҳои дигар самтҳо, аз дастоварҳои рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ёдовар шуда, дар ин самт, аз ҷумла иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, нишондиҳандаҳои рушди ин бахши муҳимми иқтисодиёт мунтазам тамоюл ба афзоиш дорад.
Дар маҷмуъ, агар мо ба дастовардҳои ин бахши муҳимми иқтисоди миллӣ аз давраи оғози ироия Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне аз соли 2001 то ба ҳол назар афканем, пас дар ин самт дастоварду комёбиҳои назаррас хеле зиёд буда, пиромуни он, агар соатҳо ҳарф занем, кам аст. Аз ин лиҳоз, ман мехоҳам диққати шуморо танҳо ба дастовардҳое, ки дар давоми соли 2024 дар заминаи дастуру супориш ва мақсаду вазифаҳои дар Паёми соли 2023 ироагардида дар ин ҷода ба даст омадаанд, ҷалб намоям.
Тибқи таҳлилҳо соли 2024, дар натиҷаи татбиқи босамари дастуру супориш ва мақсаду фазифаҳои дар Паёми соли 2023 манзур намудаи Пешвои миллат, ин бахши муҳимми иқтисодиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:
- Муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар дар заминаи ташкилу баргузории зиёда аз 12 форуму ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ бо иштироки доираи васеи соҳибкорону сармоягузоронӣ ватанию хориҷӣ. Танҳо дар заминаи баргузории чунин чорабиниҳои муҳим, бахусус, Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин, Озарбойҷон, Италия ва Туркия дар ҳаҷми 1479 миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони Тоҷикистон ва кишварҳои мазкур, дар соҳаҳои афзалиятнок ба имзо расиданд. Ҳамзамон, дар давоми соли 2024 дар натиҷаи ташкилу бргузор намудани Форуми байналмилалии «Помиринвест» ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ, Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест» 500 миллион сомонӣ ва Форуми байналмилалии сармоягузории Кӯлоб таҳти унвони «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақрибан 50 миллион доллар шартномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва афзалиятнок имзо гардиданд.
- Афзоиши раванди ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо 7 моҳи охири соли 2024 ба иқтисодиёт кишвар дар ҳаҷми 1,95 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардида, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 45,9 дарсад зиёд мебошад. Ногуфта намонад, ки дар ин давра, сармояи мустақими хориҷӣ 153,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 12,6 фоиз зиёд мебошад.
- Таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”, ки ҳадафи асосии он дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус, тавассути ба роҳ мондани истеҳсоли молу маҳсулот кор ва хизматрасониҳо бо иштироки бевоситаи онҳо.
- Дарёфти иҷозатнома аз ҷониби БМТ ҷиҳати ба фаъолият оғоз намудани ҶСП “Фридом Бонки Тоҷикистон” дар заминаи «Фридом Бонки Қазоқистон». Пешбинӣ гардидааст, ки дар доираи фаъолияти муассисаи мазкур лоиҳаҳои оғози фаъолият, яъне стартапҳо аз ҳар ду ҷониб пешниҳодгардида баррасӣ ва дастгирӣ карда шаванд.
- Ба имзо расидани меморандум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиятсияи соҳибкории хурду миёнаи Олмон бо мақсади таъсиси намояндагии Ассотсиятсияи мазкур дар Тоҷикистон. Зикр намудан ба маврид аст, ки ин Ассотсиятсия зиёда аз 900 ҳазор ширкатро муттаҳид карда, дорои 300 намояндагӣ дар дохили Олмон ва 70 намояндагии дигар дар хориҷи ин кишвар, мебошад.
- Ба имзо расидани меморандуми ҳамкорӣ байни Фонди Қазоқистонии (Вайт Хил Кепитал) (White Hill Capital) ва КВД “Тоҷинвест” дар бораи таъсиси фонди венчурӣ ба маблағӣ 5 миллион доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон.
- Ташкилу баргузор намудани Ҳамоиши байналмилалии универсалии Тоҷикистон – 2024 бо иштироки беш аз 100 корхонаю ширкати ватанию хориҷӣ ҷиҳати муарифии имкониятҳои истеҳсолию хизматрасониҳо дар соҳаҳои гуногуни афзалиятнок.
- Бори аввал ташкилу баргузор намудани форуми байналмилалии куҳиву метталлургӣ бо иштироки зиёда аз 20 вазорати соҳавӣ ва беш аз 60 ширкатҳои фаромилалии дар соҳаҳои металлургияи кӯҳӣ ва сармоягузорӣ фаъолияткунанда. Дар ин замина, муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи мазкур.
- Тасмими Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷиҳати амалӣ намудани барномаи худ зери унвони “Ҷавонон ва тиҷорат” дар Тоҷикистон. Ҳадафи иқдоми мазкур беҳтар намудани шароити дастрасии ҷавонони сини 18 то 34 сола ба қарзҳои имтиёзнок ва баланд бардоштани донишу маллакаи соҳибкорони ҷавон ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми маблағгузорӣ дар доираи барномаи мазкур 22 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, тавассути Бонки Арванд, Бонки Инноватсионию Қарзии Тоҷикистон ва Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Ҳумо» ба роҳ монда мешавад. Пешбинӣ гардидааст, ки дар оянда дар маблағгузории барномаи мазкур Бонки “Эсхата” ва Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Имон Интернешнл» низ ҷалб карда шавад.
- Дар ҳаҷми 3,4 миллиард сомонӣ пешниҳод гардидани қарзҳои низоми бонкӣ ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ. Танҳо дар 8 моҳи соли 2024, ки ин нисбат ба соли гузашта 14,5 дарсад зиёд мебошад;
- То ба 8355 адад афзоиши ёфтани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкорони мақоми шахси ҳуқуқидошта, 633 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 7723 адад. Ногуфта намонад, ки дар ин давра (2023 – 2024), шумораи занҳои соҳибкор 31536 нафар ё тақрибан 41,3 дарсад низ зиёд гардидааст.
- Коҳиш ёфтани шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то ба 42 ҳазор дар соли 2024-ум.
- Ташкили беш аз 740 адад корхонаи нави истеҳсолӣ ва таъсиси 20 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар ин самт бо иштироки фаъоли соҳибкорони ватанӣ. Лозим ба ёдоварист, ки танҳо дар давоми солҳои 2019 – 2023 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 21 ҳазор ҷойи нави корӣ, 2 593 иншооти иҷтимоӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозии гардиданд, ки бешубҳа, далели возеҳу равшани нақши муҳим ва ҳалкунанда доштани рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад.
Дар маҷмуъ, ҳамаи дастовардҳои дар ин ҷода бадастомада, боиси беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ба ин васила то ба 21,2 дарсад паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар соли 2023 гардид. Пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 то ба 10 дарсад коҳиш меёбад. Ҳамзамон, боиси он гардид, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024 муътадил нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8,4 дарсад таъмин гардад.
Дар назар дошта шудааст, ки чунин тамоюли рушди иқтисодиёт, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, дар соли 2025 низ нигоҳ дошта шавад. Чунин вазифагузорӣ минбаъд андешидани тадбирҳои заруриро вобаста ба боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва дар ин замина таъмини рушди босифат ва рақобатпазир гардонидани иқтисоди миллиро ба миён мегузорад.
Ҳамин тавр, аз факту рақам ва дастовардҳои баёнгардида, метавон хулоса намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, ҳамчун як барномаи мушаххаси воқеан амалишаванда, ба ҳисоб рафта, дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус, тавассути иштироки фаъоли соҳибкорон ва бахши хусусӣ, нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.
Ҳамзамон, чунин дастовардҳо танҳо дар давоми як сол, яъне аз Паём то Паём бадастомада бори дигар собит месозанд, ки Ҳукумакти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои Миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошанд. Ин нуқтаро Пешвои миллат ҳанӯз соли 2018 зимни ироаи Паёми навбатии худ зикр намуда буданд, ки Ҳукумати кишвар доимо дар ҷустуҷӯйи роҳҳои самараноки беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ буда, ислоҳотро дар ин самт минбаъд низ, яъне то вақте, бахши хусусии мамлакат, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ қобили рақобат ва фазои сармоягузории кишвар аз рӯйи ҳамаи нишондиҳандаҳо мусоид гардад, идома хоҳем дод.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар доираи Паёми соли 2023 ҳаллу фасли масъалаҳои зерин ва дар ин замина, боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар ҳамчун вазифаҳои нав дар соли 2024 пешниҳод гардида буданд, аз ҷумла:
- То соли 2026 то ба 10 дарсад расонидани ҳаҷми ҷалби сармояи мустақим нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ. Дар натиҷаи ҳалли ин масъала, дар соли 2026 ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардида, ба сатҳу сифати зиндагии мардум таъсири ҳалкунанда мерасонад;
- Андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои маъмуриву ва тастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ;
- Вусъат бахшидани корҳо ҷиҳати ҷалби сармоя, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, бахусус, соҳаҳои саноативу агросаноатӣ;
- Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон бунёд кардани марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор;
- Дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат бо фоизҳои дастрас;
- Васеъ ба роҳ монанди ҳаҷми қарзҳои хурди имтиёзнок ба рушди хунармандиву косибӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат.
Дар маҷмуъ, ҳаминро мехоҳам қайд намоям, ки агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, дар татбиқи мақсаду вазифа ва таклифу тавсияҳои асосноку мушаххаси дар Паёмҳои Пешвои Миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида, ҳамчун санади фарогир ва таҳлилу баррасикунандаи амиқу дақиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, воқеъбинона назар кунанд ва муҳтавои онро сармашқи ҳаррӯзаи фаъолияти худ қарор диҳанд, мо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба дастовардҳои боз баландтар ноил хоҳем шуд.
Одиназода А.И. н.и.и., сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва
бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон