Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як диду назари нек ва хусусияти созандагиву бунёдкорӣ ва тавсеа бахшидани тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишвар нигаронида мешаванд. Сарвари давлат бурду бохтҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва ҷаъмиятиро мавриди таҳлил қарор дода, вазифаҳои заруриро барои солҳои минбаъда муайян менамоянд. Бинобар ин, сокинони шарафманди кишвар ҳамасола бесаброна мунтазири Паёми Роҳбари давлат мешаванд. Зеро Паёмҳои Пешвои миллат фарогири ҳама масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ буда, дар он дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва муҳайё сохтани шароит барои рушди соҳаҳои воқеии кишварамон равшан мушоҳида мегардад.

Дар воқеъ, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмҳои қаблиашон фарқкунанда буд. Зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиши равандҳоии сиёсию иқтисодӣ таъмин намудани рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат кори саҳлу осон набуда, балки меҳнату заҳмати шабонарӯзиро тақозо менамояд. Бинобар ин, бо ба роҳ мондани сиёсати комил ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 суръати рушди иқтисодии мамлакат дар ҳаҷми 8,4 дарсад таъмин гардида, давра ба давра сатҳу сифати зиндагии сокинони ҷумҳурӣ боло бурда мешавад. Масалан, агар соли 2023 даромади пули аҳолӣ 112 млрд. сомониро ташкил медод, пас ин рақам дар соли 2024 ба 147 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки қиёс нисбати соли 2023-юм 35 млрд. сомонӣ ё 31,2 дарсад зиёд мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ мунтазам таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, сол аз сол ҳаҷми нафақаҳо, кумакпулиҳо, ҷубронпулиҳо, таҳкими фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар пардохтҳо афзоиш меёбанд. Бинбар ин, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 дарсади соли 1999 то 21,2 дарсад дар соли 2023 расонида шуд. Бояд гуфт, ки масъалаи мазкур мунтазам дар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола дар кишвар маҳз ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд мегарданд, ки садҳо ҷойҳои корӣ фароҳам мегардад. Тибқи нишондиҳандаҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 баён гардид, ки “…дар панҷ соли охир дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст”.

Тибқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сатҳи камбизоатӣ бояд то охири татбиқи ҳадафи стартегияи мазкур дар сатҳи 10 дарсад расонида шавад.

Ҳукумати мамлакат дар баробари ин, соҳаи саноатро яке аз соҳаҳои муҳим барои рушди иқтисодиёти кишвар муайян намуда, дар доираи амалисозии солҳои 2022–2026 “Солҳои рушди саноат” тавассути барқарорсозии зарфияти мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва оғоз намудани корҳои ба конҳо мубаддалгардонии нуқтаҳои минералӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои рангаю қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворию дорусозӣ ва умуман соҳаи саноат метавонем корҳои зиёдро ба анҷом расонем.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи саноат дар кишвар панҷ Минтақаи Озоди Иқтисодӣ фаъолият менамояд, ки асосан дар ин минтақаҳо корхонаҳои металлургӣ, сементбарорӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёӣ фаъолият мекунанд. Бинобар ин, зарур аст, ки минбаъд барои тақвияти соҳаи саноат ҷиҳати амалӣ намудани коркарди пурраи нахи пахта, пӯст, пашм, пилла, меваю сабзавот ва дигар ашёи хоми ватанӣ корҳоро вусъат бахшем.

Аз ин нуқтаи назар бояд таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рақобатпазирии молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ намудани маҳсулот бештар ҷалб гардад. Аҳаммияти афзоиш додани содирот ва кам намудани воридот дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа аз ҷумлаи ҳадафҳои дигари роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, масъалаи мазкур дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Барои боз ҳам бештар ба дастовардҳои нав ноил шудан дар самти соҳаи саноат соҳибкорон бояд аз моҳияти “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар барномаҳои дар самти саноат ва иқтисод тасдиқшуда ба таври васеъ бархӯрдор гарданд. Илова ба ин, фаъолияти худро дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола тавассути Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҷоннок намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаи саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ таъмини амнияти озуқавориро низ яке аз ҳадафҳои муҳим ва афзалиятнок қарор дода, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Ҳукумати мамлакат вобаста ба масъалаи мазкур, якчанд санадҳои зарурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқавориро барои солҳои 2019-2024» қабул намудааст, ки самти асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ бо меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд. Мақсади асосии санадҳои мазкур, пеш аз ҳама, таъмини талаботи аҳолӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ бо маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати экологӣ тоза ва афзоиши ҳаҷми содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ оид ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, васеъ намудани майдони киштзору боғу токзорҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид менамоянд, ки барои амнияти озуқавории мамлакат истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, бо ҳамин роҳ гирифтани то се- чор ҳосил ва захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ зарур мебошад.

Илова бар ин, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар самаранок истифода бурдани заминҳо куллан беҳтар гардида, аз як қитъа замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромада, боиси афзудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 зимни ироаи Паёмашон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “…тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем”. Вобаста ба масъалаи мазкур Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон таъкид доштанд, ки “Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро аз 39 млрд. сомонии соли 2019 ба 73 млрд. сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 1,9 баробар афзоиш ёфтааст”.

Бояд зикр дошт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушду инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Масалан, агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ дар соли 2023-юм 63 млрд. сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 73 млрд. сомонӣ баробар гардид, яъне нисбат ба соли 2023-юм 15,8 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамасола 6-уми октябр Рӯзи умумиҷаҳонии ғизо эълон гардида, дар саросари кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Таърихи пайдоиши он соли 1979 дар конференсияи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) эълон шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маълумот ва огоҳии мардум доир ба мушкилоти вобаста ба озуқаворӣ дар ҷаҳон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза дар дар баробари соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушди соҳаи нақлиёт низ муҳим арзёбӣ гардида, “Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани кишвар” яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат муайян шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида ва бунёду навсозии 41 пул ба анҷом расидааст.

Дар робита ба ин, тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд “Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст.

Яъне дастгирии давлатӣ ва татбиқи амалишавии лоиҳаҳо дар самти роҳу нақлиёт ва логистика беш аз пеш вусъати нав касб намуда, мусоидат ба яке аз ҳадафҳои миллии кишвар мувофиқи мақсад мебошад. Агар соли 2023 дар кишвар 1000 км роҳҳо ва 41 адад пулҳо бунёд гардида бошанд, дар соли 2024 бошад, 2000 км роҳҳо ва 23 адад пулҳо дар қаламрави кишвар мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин Тоҷикистон – Чин – Покистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки барои рушди иқтисодии кишвар заминаи воқеӣ мегузорад.

Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе дар заминаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки 31 октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, таҳия ва мавриди амал қарор дорад.

Дар робита ба ин, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ машғул ҳастанд, муваззаф гардидаанд, ки дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 тадбир андешанд. Яъне, тибқи қарори дахлдор, ширкатҳои кироякаши таксӣ вазифадор гардидаанд, ки то 1 сентябри соли 2025 пурра ба воситаҳои нақлиёти электромбил гузаранд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа пешниҳодҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем. Аз ҷумла, зарур аст, ки барои рушди соҳаи нақлиёт бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар баробари ин, ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва гузаронида шаванд.

Амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дар боло зикргардидаро бе рушди соҳаи энергетика наметавон тасаввур кард. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегӣ муайян намуда, ҳамасола ҷиҳати рушди соҳаи мазкур маблағгузории зиёд ба нақша гирифта мешавад. Танҳо дар ду соли охир аз буҷети мамлакат барои сохтмони НБО-и “Роғун” беш аз 9 млрд. сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Тавре 28-уми декабри соли 2024 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, “…Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Дар ин ҷода бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (ё 3 миллиард доллар), аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант (ё 1 миллиарду 150 миллион доллар) идома доранд”.

Тибқи маълумоти коршиносони соҳаи энергетика дар бахши сармоягузории соҳа аз соли 2001 то инҷониб, 36 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 2,7 миллиард доллари амрикоӣ вобаста ба бунёди иқтидори нави энергетикӣ, сохтмон ва барқарорсозии дигар иншооти барқӣ татбиқ гардида, айни ҳол, боз амалишавии 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 1,5 миллиард доллари амрикоӣ идома дорад.

Ҳамзамон, бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои калидии соҳа, то соли 2030 татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки аҳаммияти маҳаллию минтақавидошта, аз ҷумла лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори на кам аз 1500 МВт бояд мавриди амал қарор гиранд. Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ таъкид доштанд, ки “Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад”.

Илова бар ин, ҳамасола дар мамлакат 98 дарсади неруи барқи истеҳсолгардида, ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои яке аз шохисҳои калидии бахши энергетика «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», яъне диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз дигар манбаъҳоро пешбинӣ менамояд. Айни замон, Ҳукумати кишвар ҳамкориҳоро бо шарикони рушд ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ба роҳ монда истодаанд. Тибқи ин стратегия баланд бардоштани иқтидори тавлиди неруи барқ ба 10 ГВт, зиёд намудани ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 миллиард кВт соат, паст намудани талафоти неруи барқ то 10 дарсад, таъмини 10 фоизи иқтидорҳои мавҷуда, аз дигар сарчашмаҳо ба монанди офтоб, шамол ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Ҷалби маблағгузориҳо ва татбиқи босамари лоиҳаҳо дар самти энергетика иқтидори истеҳсоли энергетикии кишварро ҳамасола боло бурда шуда, дар таъмини аҳолӣ ба неруи барқи доимӣ заминаи воқеъӣ мегузорад. Тавре Сарвари давлат дар Паёмашон таъкид доштанд “Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.”

Вобаста ба боло бурдани иқтидори истеҳшсолии энергетикии кишвар ва дар ин замина таъмини рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад мебошанд. Аз ҷумла, омӯзиши амиқи таҷрибаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар арзёбии захираҳои офтобӣ ва шамолӣ, зеро ин раванд барои рушди иқтидори истеҳсолӣ ва истифодаи энергияи барқароршаванда дар соҳаи истеҳсолот мусоидат хоҳад кард. Инчунин, мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва тавсияҳо оид ба фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва вазифаҳои энергетикӣ бо роҳи баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ дар байни кишварҳои дар ин самт муваффақшуда муовофиқи мақсад мебошанд.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо нусрату пайғоми нав ба мардум пешниҳод гардида, фарогири ҳамаи самтҳои рушди ҷомеаи кишвар буд. Аз ҷумла, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ таъмини рушди соҳаҳои воқеии кишвар, афзоиши иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат муҳим дониста мешавад.

Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед