Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нигоҳ доштани суръати устувори афзоиши иқтисодӣ, таъмини диверсификатсия, рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ба ин васила амнияти иқтисодиёти мамлакат таввасути рушди бахши воқеии иқтисодиёт аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд. Бо дарназардошти ин гуфтаҳо хулоса намудан мумкин аст, ки дар шароити кунуни бидуни таъмини рушди бахши воқеии иқтисодиёти миллӣ расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ғайриимкон мебошад.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ ба масъалаҳои рушди бахши воқеии иқтисодиёти мамлакат тавваҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ин самт як зумра ислоҳотҳои муҳим ва фарогиро пиёда сохт, ки дар натиҷаи амалӣ намудани онҳо бахши воқеии иқтисодиёт ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла:
Дар соҳаи саноат
Бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад.
Хотиррасон менамоям, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад.
Пешвои муаззами миллат доир ба раванди рушди соҳаҳои саноатӣ бо овардани далелҳои мушаххас ибрози назар намуда, бо қаноатмандӣ зикр карданд: “Дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад”.
Аз 300 коргоҳу корхонаҳои нави саноатие, ки соли сипаригардида ба фаъолият оғоз намуданд, 39 адад дар вилояти Суғд, 37 адад дар вилояти Хатлон, 33 корхона дар шаҳри Душанбе, 20 корхона дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 13 корхона дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди истифода қарор гирифтанд ва қариб 2200 нафар шаҳрванд бо ҷойи нави корӣ таъмин гардид. Аз ин теъдод 868 нафар ба шаҳри Душанбе, 584 нафар ба вилояти Суғд, 363 нафар ба вилояти Хатлон, 189 нафар ба навоҳии тобеи марказ ва 144 нафар ба ВМКБ рост меояд.
Давоми солҳои охир бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз он ҷумла, сементбарорӣ, истеҳсоли хишт, маводҳои ғайримаъданӣ, коркарди санг сохта ба истифода дода шудаанд. Дарвоқеъ, татбиқи сиёсати Ҳукумат дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркард имкон дод, ки вобастагии иқтисоди кишвар аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф гардад ва барои содироти минбаъдаи ин номгӯйи маҳсулот заминаи мусоид фароҳам ёбад.
Дар соҳаи энергетика
Тараққиёти кулли соҳаҳои ҳайёти ҷомеа, аз ҷумла бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро бе таъмини рушди соҳаи энергетика тасаввур кардан ғайриимокн аст. Бинобар ин, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар малакат ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян карда шуд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, нуктаи хеле муҳимро зикр намуданд: “Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст”. Ин далели ба даст омадани комёбиҳои соҳа мебошад. Муҳимтарини онҳо сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Роғун», неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1 ва 2», Маркази барқу гармидиҳӣ “Помир-1”, зеристгоҳҳои барқии «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд–Айнӣ» ва «Қайроққум-Ашт», татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA–1000 мебошанд.
Танҳо дар як соли 2017 барои бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ сафр гардидааст. Дар натиҷа, соли 2018 агрегати якуми НБО-и Роғун ба кор дароварда шуд ва дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар соли 2019 бошад, агрегати дуюми НБО-и Роғун ба кор дароварда шуд.
Дар самти нақлиёт
Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳаммияти бузург доранд.
Бо ин мақсад, дар замони соҳибистиқлолии кишвар роҳҳои нақлиёти автомобилӣ тармиму таҷдид шуда истодаанд. Масалан, дар ин муддат сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Мурғоб-Қулма», «Шоҳон-Зиғар, марҳалаҳои 1, 2, 3», «Шкев-Зиғар», «Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб», «Дӯстӣ-Панҷи Поён, марҳалаҳои 1, 2», «Душанбе – сарҳади Қирғизистон, марҳалаҳои 1, 2, 3», «Душанбе-Чаноқ-сарҳади ӯзбекистон», «Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, марҳалаи 1», «Душанбе-Турсунзода-сарҳади ӯзбекистон», «Айнӣ-Панҷакент- сарҳади ӯзбекистон», инчунин сохтмони нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» ба анҷом расонида шуд.
Тавре ки аз дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои муаззами миллат бармеояд: “Қитъаҳои Душанбе-Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе- Бохтар бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва Шкев- Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Инчунин, ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, қитъаҳои Қалъаихумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе -Қулма, Қизилқалъа – Бохтари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, роҳҳои мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва Бохтар – Данғара, Хуҷанд – Конибодом, сохтмони пулҳо аз болои дарёҳои Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон амалӣ карда мешавад.”
Дар бахши кишоварзӣ
Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Дастовардҳои иқтисодии кишвар дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ хеле назаррасанд. Масалан, дар соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.
Бо мақсади рушд додани соҳаи кишоварзӣ, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд: “Тамоми кишоварзон аз пардохти андози ягонаи замин дар соли 2021 озод карда шаванд”.
Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдоми неки Сарвари давлат дар айни замон басе саривақтист. Зеро, ки имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ ба 181 расид, ки ин нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра, истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст. Теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда бошад, 2,3 баробар афзудааст.
Мақсади мо аз овардани чунин далел ва факту рақамҳо нишон додани натиҷа ва заҳмату талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони меҳнатқарини ҷумҳурӣ, ки амаликунандагони босуботи нақшаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин тавр, дар зарфи 30 соли истиқлолияти давлатӣ бо меҳнату заҳматҳои мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбари ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, натанҳо бахши воқеии иқтисодиёт, балки тамоми соҳаҳои ҳайёти ҷомеа ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардид, ки мутаасифона шарҳу тавсеҳи ҳамаи онҳоро дар ин матлаб овардан ғайриимкон аст.
Одинаев А.И.
Сардори Раёсати таҳлилӣ масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон