Истиқлолият чун дарахти тановари бузурги шукуфо ва бороварест, ки якпорчагии миллӣ бо баёни дигар, Ваҳдати миллӣ муқаддастарину ширинтарин меваи он аст. Баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, заминаи рушди кулли паҳлуҳои зиндагӣ дар таърихи нави кишвари басаодатрасида ба шумор меравад, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як фарди ватандӯсти Ватани азизамон мебошад. Зеро дар сарзамине, ки ҷангзада буду бародар ташнаи хуни бародар, бидуни барқарор намудани сулҳу якпорчагии миллӣ ободию оромию осоиш имкон надошт.

Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “ Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик дубора соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо маҳз ҳамин аст.”

Маҳз бо ташаббуси наҷибу ватандӯстонаи Пешвои миллат сатҳи зиндагии мардуми тоҷик батадриҷ беҳ гашт, бунёди иншооти хурду бузург, роҳҳову нақбҳо, ободии шаҳру деҳот, авҷ гирифт ва самараи дилхоҳ дод. Зинда сохтани чеҳраҳои бузургони халқи тоҷик, бунёди биноҳои маъмурию фарҳангӣ чун, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаҳои миллӣ, донишгоҳу муассисаҳои таълимии замонавӣ, бунёди мақбараҳо, боғу чойхонаҳо, таъмиру бунёди роҳҳо ва сохтмони неругоҳҳои обии барқӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо далели ҳақиқати ин гуфтаҳост.

Вале дар ҷараёни амалисозии ин ҳадафҳои наҷиб баъзан аз дохил ва хориҷи кишвар кӯшишҳои бо ҳар роҳу восита, бахусус паҳн кардани маълумоти бардурӯғу иғвоангез ва дар ҳамин замина халалдор кардани муҳити орому осоиштаи мардум ба мушоҳида мерасид. Аммо кори онҳо ҳеҷ гоҳ барор надошту нахоҳад дошт, чунки мардуми тоҷик меваҳои сулҳу оштиро чашидаанд ва лаззати онҳоро дар ҷисму ҷони худ эҳсос намудаанд.

Мардуми кишвар бо хислатҳои аҷдодиву меросии худ аз қабили таҳаммулпазирӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ кор гирифта, сиёсати замонро дастгирӣ намуда, зиндагии осоишта, сулҳу суботро аз хусумат ва ҷангу хунрезӣ болотар дониста, барои пойдор гардидани сулҳу субот ва ваҳдат сайъу талоши беандоза намуданд, зеро хуб дарк мекарданд, ки сулҳу осоиш кафолати ҳама гуна саодати зиндагист ва тарбия намудани фарзандон, ки насли ояндасозанд, бидуни он имконнопазир аст.

Пойдории Ваҳдати миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба иродаи солим, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳмати пайвастаи занону родмардони ба хотири тарбияи фарзандон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу бум, инчунин омӯзишу эҳтироми таъриху фарҳанги ғании ниёгон бештар аҳамият ва зарурати воқеӣ пайдо мекунад.

Сарҷамъӣ ва якпорчагии миллӣ дар ҳақиқат дастовардест баёнгари саъю талоши беандоза ва печидаи эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватансозию ватандорӣ, расидан ба қадри арзишҳои суннатие, ки миллати моро муаррифӣ намудаанду сарбаланд сохтаанд.

Ҳоло замоне расидааст, ки барои ободонӣ ва шукуфоии кишвар ҳама бояд сарҷамъона саҳм бигирем, нисбат ба ояндаи Ватан бетараф набошем. Ваҳдат накутарин меваи истиқлол асту аз файзи он сарҷамъию ягонагӣ ва ҳастии миллат таъмин карда мешавад.

Мардуми заҳматқарину ватандӯст маҳз дар шароити ваҳдату соҳибистиқлолӣ тавонистанд собит созанд, ки обутоби таърихӣ беҳуда набудааст ва иродаи созандагиву ободкорӣ ва ҷӯяндагиву шоҳкориро аз гузаштагони барӯманди хеш мерос гирифтаанд. Ин шинохти қудрати фитрии миллӣ даст дод, то ба ботини хеш бо чашми дигар нигарем ва худро беҳтар шиносем.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки иродаи сиёсии роҳбарияти давлати мо, бахусус Пешвои миллат сифати устувор дорад. Ин, пеш аз ҳама, нишона аз эътимоди роҳбари давлат ба нерӯ, ақлу заковат, садоқату самимият ва ҷуръату ҷасорати мардуми кишвар аст. Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, намунаи муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуд.

Вобаста ба ин, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илиҳои фалсафа,профессор  Хайриддин Усмонзода қайд менамояд: “Дар амалияи давлатсозии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эҳёи хотираи таърихии ҷомеа пайваста дар меҳвари андешаи ба ҳам созиш додани анъаноти фарҳангии қавму халқияти гуногуни маскуни ин сарзамин давр мезанад. Ин гуна фазои ҷомеасоз тадриҷан барои ташаккули ҳувияти шаҳрвандии кулли сокинони мамлакат заминаи асосӣ фароҳам меорад ва онҳо новобаста аз мансубияти қавмию этникӣ худро ҳамчун «тоҷикистонӣ» мешиносанд ва дар симои давлати миллӣ кафили таъмини амнияту зиндагии шоистаи худро мебинанд”.

Дар партави Истиқлоли давлатӣ инчунин, ташаккули низоми иқтисодии мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ муяссар гашт ва мо аз ҳолати буҳрони амиқ баромада,  ба марҳалаи рушди ҳамаи соҳаҳо қадам гузоштем. Хусусан, муқовимат ва истодагарии низоми иқтисодию иҷтимоии кишвар дар баробари фишори буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки имрӯзҳо идома дорад, бори дигар устувории вазъияти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро нишон дод.

Дар як арзёбии умум метавон гуфт, ки тамоми фаъолияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯйи Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор мераванд.

Чунончи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкорию созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкорию сармоягузориро неру бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин созем”.

Истиқлоли давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи Озодию Истиқлол ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддие пешорӯй хоҳад буд, вале бо вуҷуди ин, тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем.

Мамадназарова М.С
мутахассиси пешбари Раёсати масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед