Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар таърихи ташаккули давлатдории навини миллати тоҷик саҳифаи наве боз гардид. Тоҷикистон соҳибистиқлолии кишвари худро эълон намуда, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта ва эътироф шуд.
Дар ташаккули давлатдории навини хеш кишвари ҷавони мо ба душвориҳои зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гардид. 27 июни соли 1997 бо мақсади ҳифзи якпорчагии кишвар, таъмини сулҳу субот Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози давлатдории тоҷикон, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, шароити мусоид фароҳам овард. Ба ҳам омадани миллати тоҷик боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро хамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуданд. Соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барномаҳои мукаммал бо дарназардошти манфияатҳои миллӣ қабул гардид.
Ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистон барои таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аҳамияти тақдирсоз дошт. Ин санад, ки “Бахтномаи миллат” ном гирифтааст, кишвари моро ба ҳайси давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшид. Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Нишон, Парчам ва Суруди миллии худ гардида, узви СММ ва ба узвияти даҳҳо созмонҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пазируфта шуд. Аз ҷониби чомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об ва рушди устувор шуҳрат ва обрӯйи байналмилалии Сарвари давлати моро нишон медиҳад.
Вобаста ба рушди иқтисодиёти кишвар “Стратегияи миллии рушд-2030” бо дарназардошти манфиати мардум қабул карда шуд. Тоҷикистон ба сифати як кишвари дорои қаламрави воҳид ташаккул ёфта, тамоми минтақаҳои он тавассути шоҳроҳҳои автомобилӣ ва роҳҳои оҳан ба ҳамдигар пайваст гардиданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат нақбҳо, даҳҳо пулҳои мошингузар, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ бунёд гардиданд, Шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ду ҳавзаи муҳими иқтисодии кишварро тамоми сол ба ҳам пайваст намуда, ба рушди иқтисодӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ифтитоҳи гузаргоҳи тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб- Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо ҳамсояи бузург – Чин, ки яке аз кишварҳои аз назари иқтисодӣ пешрафтаи дунё мебошад, заминаи мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати пешрафти иқтисодии Тоҷикистон нақши назаррас дорад. Сохтмони панҷ пули мошингузар аз болои дарёи Панҷ на танхо ба рушди тиҷорати сарҳадӣ мусоидат намуданд, балки барои обод намудани манотиқи кишвари ҳамсоя – Афғонистон низ аҳамияти бузург доранд.
Имрӯз шароити мусоид барои иҷрои ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар ба вуҷуд омадааст. Иҷрои ин ҳадаф барои ба кишвари мутараққии минтақа табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Рушди энергетика яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Зеро Тоҷикистон захираҳои зиёди обии энергетикӣ дошта, истифодаи самараноки он метавонад кишвари моро ба яке аз кишварҳои содиркунандаи энергия табдил диҳад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Неругоҳҳи обии барқии Сангтӯда -1, Сангтӯда-2, Помир ва даҳҳо неругоҳҳои хурду бузурги обӣ сохта шуданд. Таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо барқ хеле беҳтар гардид. Оғози бунёди НОБ-и калонтарини минтақаи Осиёи Марказӣ – неругоҳи Роғун ва ба кор андохта шудани агрегати аввал дар соли 2018 ва тибқи нақша ба кор андохтани агрегати дуюм соли 2019, рушди босуботи мамлакатро нишон медиҳад. Соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду таҳаввулоти сифатан нав ноил шуданд. Фарҳанги миллӣ, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ таҳаввулоти бунёдиро аз сар гузаронд.
Бисёре аз ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба номгӯйи ёдгориҳои ҷаҳонӣ – ЮНЕСКО дохил гардида, ҳифзу рушду нигоҳдории онҳо тибқи қонунгузорӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.
Бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг дар кишвар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии миёна ва олӣ кушода шуданд. Ҷиҳати муаррифӣ ва тарғиби осори таърихӣ, фарҳангӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон бинои муҳташами Осорхонаи миллӣ бунёд гардид. Бунёди бинои бошукӯҳи Театри миллӣ идома дорад. Инчунин, сохта ба истифода додани Китобхонаи миллӣ, бунёди садҳо боғҳои фарҳангӣ – истироҳатӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ аз пешрафту комёбиҳои даврони истиқлолияти давлатии кишварамон шаҳодат медиҳад.
Дар бахши маориф дигаргуниҳои азиме рӯйи кор омаданд. Агар дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекарданд, ҳоло бошад, дар мамлакат беш аз 30 донишгоҳу донишкада фаъолият доранд. Дар вилояту шаҳрҳои калон мактабҳои нави олӣ таъсис ёфтанд. Дар донишгоҳу донишкадаҳо факултаҳо, ихтисосҳои муосир кушода шуданд.
Таҷрибаи таҳсилоти пешрафтаи ҷаҳонӣ дар низоми таҳсилоти олӣ амалӣ мегардад.
Дар тамоми минтақаҳои кишвар садҳо адад биноҳои замонавии мактабҳои таҳсилоти умумӣ бунёд ёфтанд. Аксари мактабҳои ҷумҳурӣ бо технологияи муосир таъмин гардидаанд. Сатҳу сифати таҳсилот сол аз сол беҳбудӣ меёбад. Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон сифати қабули довталабонро куллан беҳтар намуд. Довталабон дар ҷойи зисташон имтиҳонҳои қабулро месупоранд, ки дохилшавӣ ба мактабҳои олиро ба маротиб осон намуд.
Дар баробари ин барои таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ низ барои дастпарварони мактабҳои таҳсилоти умумӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳар сол садҳо дастпарвари мактабҳои ҷумҳурӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвархои хориҷӣ мераванд, ки ин ҳам яке аз самараҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.
Дар замони пуртазоду пуриихтилофи ҷаҳонишавӣ устувор ва мустаҳкам намудани Истиқлолияти миллӣ вазифа ва рисолати ватанпарастии ҳар фарди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсти Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки давлати худро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил диҳем.
Таҳмина Офаридаева,
мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон