Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқ­лолии мамлакат дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири кишвар ба таври возеҳу равшан эҳсос карда мешавад. Аз ҷумлаи онҳо ин барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ мебошад. Бар асари ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ бошад, дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат кишвари мо ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки баъзе аз онҳоро ҳамчун намунаи олии пешрафту рушди давлати муосир номбар кардан мумкин аст (маълумот тибқи омор то имрўз оварда шуда, боз дақиқ карда мешавад).

Дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷӣ. Сиёсати хориҷиву дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз яке аз василаҳои асосӣ ва муҳимтарини муаррифии кишварамон ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои кушода» дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалиро ташкил медиҳад, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда, онҳоро тақвият бахшад. Аз ҷумла, дар самти сиёсати хориҷӣ чунин пешрафтҳоро зикр кардан мумкин аст:

– дар харитаи сиёсии ҷаҳон зуҳур намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он;

– сулҳи тоҷикон – дастовард ва намунаи сулҳи нодир барои ҷаҳониён;

– Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192  давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол эътироф намуд;

– дар соли 2013 равобити дипломатӣ дар маҷмўъ бо 128 кишвар барқарор гардида буд, ки дар соли 2021 Тоҷикистон тавонист ин шумораро ба 179 оварда расонанд. Тоҷикистон ҳамчунин узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақилу ташаббускор эътироф карданд;

– амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон;

– сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ мебошад: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амал” Об барои ҳаёт, 2005-2015 “,” Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” ва дигар ташабусҳои вобаста ба ҳамин мавзӯъ.

– 27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №332 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он бо дарназардошти таҳаввулоту таѓйироти дар арсаи байналмилалӣ бавуҷудомада, ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шудаанд. Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷрои раванди татбиқи манфиатҳои миллиро дар сиёсати хориҷии давлат муайян ва мушаххас намуда, боиси комёбиҳои назарраси кишвар дар сиёсати байналхалқӣ шуд;

– дар ин давра Тоҷикистон бо шаш кишвар шарикии стратегӣ барқарор намуд, ки ин аз самаранокии ҳамин марҳилаи тарихии сиёсати хориҷии кишвар ва дипломатия дарак медиҳад. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Белоруссия эъломияи муштараки шарикии стратегиро ба имзо расонида, дар натиҷаи он қадамҳои сифатан нав дар самти таҳкими сиёсати дўстона бо ин давлатҳо гузошт.

Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлолият узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ,  Машварати ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ва бисёр созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ гардид.

Дастовардҳо дар самти сиёсати дохилӣ:

– қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба  намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон;

– барқарор гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ

27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид;

– ташкили Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва комилан ба дўши худ гирифтани ҳифзи давлат, аз ҷумла сарҳадҳои он;

– пайдоиш ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллие, ки дар собиқаи ҷаҳонии ҳуқуқӣ шабеҳи худро надоранд.

Дастовардҳо дар самти иқтисодиёт:

– сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоиз то ба 27,5 фоиз коҳиш ёфт;

– иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид;

– тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ;

– аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 тахминан ба 2500 адад расонида шудани теъдоди онҳо;

– рушди бахши хусусӣ дар кишвар, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи маҷмуӣ маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташакул ёфта, қариб 70 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ дар бахши хусусӣ машѓули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд;

– муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишварваноилгардиданба унсурҳои асосии онҳо.

Дастовардҳо дар самти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ:

– дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, истеҳсоли беш аз 70 дарсад ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро бахши хусусӣ анҷом медиҳад;

– аз ҷониби бахши хусусӣ пардохт гардидани қариб 80 дарсади  пардохтҳои  андозии  буҷети  давлатӣ;

– аз ҷониби  бахши хусусӣ бо шуғл фаро гирифтани беш аз 68 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли кишвар;

– фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад;

– соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблаѓи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст;

– теъдоди роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар;

– соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд (танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд);

– аз 1 январи соли 2018 истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва фурӯши молу маводҳои ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд, ки ин ба рушди соҳибкории занон мусоидат намуд.

Дар самти нақлиёт. То замони Истиқлоли давлатӣ дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ вазъи роҳҳои автомобилгард тамоман хароб буда, мардум ба мушкилоти зиёде рў ба рў буданд. Шароити мазкур имкон намедод, ки мардуми кишвар бо ҳам робита дошта бошанд. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ минтақаҳои кишвар ба ҳам пайваст гардида, дўстӣ ва робитаҳои мардум боло рафт. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар роҳҳои нақлиёти автомо­билӣ тармиму таҷдид шуда он идома дорад. Аз ҷумла,, дар ин муддат сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди зерин ба анҷом расонида шуд:

– «Мурғоб – Қулма»;

– «Шоҳон – Зиғар, мар­ҳа­ла­ҳои 1, 2, 3»;

– «Шкев – Зиғар»;

– «Душанбе – Қурғонтеппа-Данғара-Кўлоб»;

– «Дўстӣ – Панҷи Поён, марҳалаҳои 1, 2»;

– «Душанбе – сарҳади Қирғизистон, марҳалаҳои 1, 2, 3»;

– «Душанбе – Чаноқ – сарҳади Ўзбекистон»;

– «Қурғонтеп­па – Дўстӣ, марҳалаи 1»;

– «Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ўзбекистон»;

– «Айнӣ-Панҷакент- сарҳа­ди Ўзбекистон»;

– нақби «Истиқлол»;

– нақби «Шаҳристон»;

– нақби «Дўстӣ»;

– нақби «Озодӣ»;

– нақби «Хатлон» ва ғайра.

Тавре ки аз дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои муаззами миллат бармеояд, “Қитъаҳои Душанбе-Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе- Бохтар бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кўлоб-Шамсиддин Шоҳин ва Шкев- Қалъаихумби шоҳроҳи Кўлоб-Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди Кўлоб-Муъминобод ба маблаѓи қариб 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Инчунин, ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву комму­ни­кат­сионӣ сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, қитъаҳои Қалъаихумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе -Қулма, Қизилқалъа – Бохтари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, роҳҳои мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва Бохтар – Данѓара, Хуҷанд – Конибодом, сохтмони пулҳо аз болои дарёҳои Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуѓнон амалӣ карда мешавад.”

Дар самти саноат. Бо мақсади рушди босуботи соҳаи саноат Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ чунин зикр карданд: «Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем».

Давоми солҳои охир бо истифодаи технологияҳои инноват­сионӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумла, сементбарорӣ, истеҳсоли хишт, маводҳои ғайримаъданӣ, коркарди санг сохта ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, корхонаҳои бузурги зерин ба фаъолият оғоз намуданд:

– сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон, ҶДММ “Тоҷ Чайна 2013”-и шаҳри Ваҳдат, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суѓд семент»-и  ноҳияи Бобоҷон Ѓафуров;

– заводи  “Креолит”-и ноҳияи Ёвон;

– хиштбарории ҶДММ “Пейҷинг технология”-и ноҳияи Ҳисор, “Хишти сабук” дар ноҳияи Рудакӣ;

– комбинати метталургии шаҳри Ҳисор;

– коркарди санги ҶДММ “Элегант”-и шаҳри Бўстон;

– ҶДММ “Корона мармар”-и ноҳияи Дарвоз;

– фабрикаи истеҳсоли тилло “Покруд” дар шаҳри Ваҳдат”;

– корхонаи мебелбарори “Арча мебел”-и шаҳри Хуҷанд;

– маҷмааи нассоҷии ҶСП “Чундай Син Силу Текстил”;

– корхонаи дўзандагӣ “Тоҷтекс” ва ғайра.

Бо мақсади расидан ба афзалиятҳои миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин раванд барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд: минтақаи озоди иқтисоди “Суғд”; минтақаи озоди иқтисоди “Панҷ”; минтақаи озоди иқтисоди “Ишкошим”; минтақаи озоди иқтисоди “Данғара”.

Дар маҷмўъ заминҳои ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дахлдор 1447 гектарро ташкил медиҳад (минтақаи озоди иқтисоди “Суғд” – 320 гектар, минтақаи озоди иқтисоди “Данғара” – 521 гектар, минтақаи озоди иқтисоди “Панҷ” –  401,6 гектар ва минтақаи озоди иқтисоди “Ишкошим” – 200 гектар) ва масоҳати заминҳои азхудшуда то ин давра ба 178 гектар расидааст (“Суғд” – 24 га, “Данғара” – 143 га, “Панҷ” – 11 га).

То имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 75 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 1072 корманд дар онҳо фаолият доранд. Аз шумораи умумии кормандон 407 нафар ба минтақаи озоди иқтисоди «Данғара», 599 нафар ба минтақаи озоди иқтисоди «Суғд», 52 нафар ба минтақаи озоди иқтисоди «Панҷ» ва 14 нафар ба минтақаи озоди иқтисоди «Ишкошим» рост меояд.

Дар самти энергетика. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш нуктаи хеле муҳимро зикр намуданд: «Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст». Ин далели ба даст омадани комёбиҳои соҳа мебошад. Муҳимтарин дастовард ин сохтмони иншооти бузурги гидроэнерге­тикӣ, аз қабили инҳоянд:

– неругоҳи барқи обии «Роғун»;

– нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда 1 ва 2»;

– нерўгоҳҳои барқи обии “Помир-1”;

– марказҳои барқу гармидиҳӣ;

– зеристгоҳҳои барқии «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афѓонистон», «Хуҷанд–Айнӣ» ва «Қайроққум-Ашт»;

–  татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA–1000 ва ѓайра.

Танҳо дар як соли 2017 барои бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ сафр гардидааст. Дар натиҷа, соли 2018 агрегати якуми НБО-и Роғун ба кор дароварда шуд ва дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар соли 2019 бошад, агрегати дуюми НБО-и Роѓун ба кор дароварда шуд.

Дар самти кишоварзӣ. Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқавории хушсифат ва амнияти озуқа­ворӣ яке аз мақсадҳои афзалиятноки стратегӣ мебошад, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунад. Дастовард­ҳои иқтисодии кишвар дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ хеле назаррасанд. Масалан, дар соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладона­гиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боѓу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 112 ҳазор гектар боѓу токзори нав бунёд гардидааст.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони ҷумҳурӣ аз пардохти андози ягонаи замин дар соли 2021 ба муҳлати як сол озод карда шаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки на танҳо нишондиҳандаҳои рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам беҳтару хубтар гарданд, балки сатҳи таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ѓизоӣ ба ҳар сар аҳолӣ ба маротиб зиёд гардида, боиси расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими кишвар, таъмини амнияти  озуқаворӣ шавад.

Дастовардҳо дар самти маориф. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурд. Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ҳисобида шуда, рушди он пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин сохт.

Аз соли 1991 то ба имрўз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Айни замон миқдори муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 662 ададро ташкил медиҳад, ки дар он 1 02175 кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бошад, аз 13 адади соли 1991 бо шумораи умумии 70 ҳазор нафар донишҷӯ ба 41 адад дар соли 2021 расида, бо фарогирии 245 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият менамояд. Ғайр аз ин ҳудуди 40 ҳазор донишҷӯён дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки метавонад дар самти омода намудани мутахассисони барҷастаи соҳаҳои гуногун саҳмгузор бошад.

Баҳри боло бурдан ва дарёфти чеҳраҳои нодир дар ин самт эълон намудани солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мебошад.

Ба хотири рушди минбаъдаи кишвар Пешвои муаззами миллат як пешниҳоди хеле муфиду арзишмандро дар Паёми худ ироа намуданд, ки он ба рушди минбаъдаи илму маориф тааллуқ дорад. Ҳадаф аз он тақвият бахшидани илму маориф ва дар ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибисиқлол рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Маҳз омӯзиш ва пажӯҳиши пайваста ва муттасил доираи имконияти илмро ба воқеият табдил медиҳад ва онро дар самти рушди тамоми ҷанбаҳои ҷомеа омили калидӣ месозад.

Дастовардҳо дар самти фарҳанг :

– оѓози бунёди давлати миллӣ ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат;

–  эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба маънии том ба ҳайси забони давлатӣ эътибор пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик;

– ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврўз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018);

– эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” солҳои 2019-2021 барои дубора рушд ёфтани ин соҳа, дар асоси он устувор гардидани заминаҳои қонунгузории он ва қабул гардидани як қатор барномаҳою лоиҳаҳои соҳавӣ;

– ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва мазҳаби ў;

– бунёди сохтмони “Қасри Миллат”, “Китобхонаи миллӣ”, қасри фарҳанг дар ноҳияҳои Данѓара, Уротеппа, Айнӣ, бунёди Парчами милли бо сутуни 165 метр;

– дар зарфи се сол то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидани зиёда аз 25 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат.

Дастовардҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ:

– қариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки соли 1991 ҳамагӣ ба 374 адад мерасид ва то қариб 1750 адад расонидани бунгоҳҳои саломатӣ аз 1510 адад;

– 1,8 баробар кам кардани нишондиҳандаи фавти модарон ва 2,7 баробар кам кардани фавти кӯдакон;

– ба 10220 расонида шудани иншооти варзишӣ дар мамлакат, ки аз соли 1991 беш аз 9 баробар зиёд мебошад.

Ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки тайи солҳои охир мунтазаман ҳаҷми умумии маблағҳои ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ботадриҷ меафзояд. Аз ҷумла, буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳашт соли охир аз 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ (соли 2013) ба 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (соли 2020) расидааст.

Бо итминони комил метавон зикр кард, ки то ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолии давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ва шаҳрвандони кишварамон дар ҳамдастӣ  корҳои зиёди дигари бунёдгаронаро анҷом медиҳанд ва маҳсули дастранҷи онҳо ба тавлиди ҳазорон адад ҷойҳои нави корӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дафтари матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед