Имрӯзҳо тамоми давлатҳои ҷаҳонро буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ фаро гирифтааст, ки сабаби асосии он паҳншавии пандемияи COVID-19 мебошад. Ҳамаи мамлакатҳо бо роҳҳои гуногун кӯшиш карда истодаанд, ки аз нав иқтисодиёти худро ба роҳ монда, ба зиндагии ободу осоишта баргарданд.

       Паҳншавии пандемияи COVID-19 таъсири манфии худро ба иқтисодиёти мо низ расонида, ба пастравии тиҷорати байналмилалӣ, қатъшавии мусофиркашони байнидавлатӣ, ҳаракати нақлиёти ҳавоию заминӣ, роҳи оҳан, аз фаъолият боз мондани соҳаҳои хизматрасонӣ – сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, бозорҳо, сартарошхонаҳо овард ва дар натиҷа даҳҳо ҳазор нафар кормандон ба рухсатӣ равона гардиданд.

Масалан, тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – майи соли 2020 борҳои кашонидашуда бо ҳамаи намудҳои нақлиёт, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоиз, савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 1,8 фоиз, гардиши савдои хӯроки умумӣ (тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва ошхонаҳо), якҷоя бо хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо 15,2 фоиз кам шудааст.

       Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои паст кардани таъсири манфии пандемия ба соҳибкорӣ ва мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар як қатор тадбирҳо андешид. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 5 июни соли 2020 иқдоми саривақтӣ барои дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон мебошад.

       Тибқи фармони мазкур бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ то охири соли 2020 мавқуф гузошта мешавад.

       Инчунин, аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намуда, ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намуданд.

       Субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ аз 1 май то 1 августи соли 2020 озод шуда, аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозӣ манъ гардид.

       Ҳамчунин, аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои  савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда шуда, воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 озод намуданд.

        Дар маҷмӯъ, тадбирҳои андешида шуда барои таъмини иҷтимоии табақаҳои аҳолии осебпазир ва соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар вақти пандемия бештар зарар дидаанд, равона гардида, паст намудани таъсири манфии пандемия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ояндаро таъмин сохтанд.

Сармутахассиси Раёсати тадқиқоти

масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи

бахши хусусӣ Содиқова А.Ф.

Чоп кунед