«Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ана ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем!» Эмомалӣ Раҳмон

Имсол мо, тоҷикон 30 солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирем. Истиқлоле, ки миллати мо зиёда аз чоряк аср боз аз баракати он соҳиби давлату сарзамин, забону фарҳанг, дастовардҳои бузурги миллӣ аст ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибор дорад. Мақому манзалате, ки имрӯз ҳар яки мо дорем, маҳз бо шафоату шарофати Истиқлол ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар тӯли ду ҳазор соли сипаригашта чандин давлатҳои хурду бузург аз байн рафтанд, чандин империяҳои тавоно завол ёфтанд, чандин халқу миллатҳои бонуфуз аз харитаи олам бе ному нишон гаштанд ва забонҳои машҳуру фарҳангҳои оламгир ба фаромӯшхонаи таърих афтоданд.

Тайи ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон низ сахтиҳои зиёди таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Расидан ба Истиқлоли давлатӣ, ки ба оғози солҳои 90–ум рост омад, нишонаи олии ин падида аст.

Дар тамоми муборизаҳое, ки дар тӯли таърих аз ҷониби тоҷикон анҷом дода шудааст, расидан ба озодӣ ва истиқлолхоҳӣ ҳамеша дар меҳвари онҳо қарор дошт ва истиқлолият ҳамчун ормони бузурги ҳастии миллӣ ба шумор мерафт. Ҳар насли гузаштаи даврони зулми аҷнабиён бо ормони озодӣ зиндагӣ мекард ва бо ҳамин ормон аз дунё мерафт.

Истиқлоли давлатӣ ин беҳтарин ҳадяи таърих аст, ки фарзандони диловари халқи тоҷик барои ҳастии миллат, забону фарҳанги он, ба даст гирифтани тақдиру сарнавишти худ талошу ҷонбозиҳо кардаанд. Бешубҳа, насли имрӯза аз ҷумлаи хушбахтарин тоҷикон дар тамоми давраи таърихии ҳастии миллат мебошанд, зеро онҳо дар даврони истиқлоли миллию давлатӣ зиндагӣ мекунанд. Насли муосир дар давлате умр ба сар мебарад, ки дар он сулҳу оромӣ мустаҳкам пойдор шудааст ва барои зистан, илм омӯхтан, оила барпо намудан ва дар соҳаҳои мухталиф самаранок фаъолият намудан аз лиҳози  ҳуқуқӣ  шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар давоми 30 сол, ки даврони бадастории истиқлоли воқеӣ, поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, роҳандозии рушди устувори кишвар тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буд, ҷумҳурӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бемайлон сиёсати бисёрҷонибаро амалӣ намуд. Дар натиҷаи татбиқи стратегияи санҷидашудаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Сарвари давлат, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазовори хешро пайдо намудааст.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон самараи талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулият барои кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафҳои олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб шуд. Сарвари давлат тавассути хирад, шуҷоату қатъият ва ҷонбозиҳои беназираш марзу буми кишварро аз вартаи нестиву ҳалокат эмин дошта, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдориро эҳё ва мардуми овораву саргаштаро ба Ватан бозгардонд, ваҳдату ҳусни тафоҳумро дар дохил барқарор ва ҷойгоҳу нуфузи кишварро дар хориҷ устувор намуд.

Дар тамоми давраи фаъолияти сиёсии хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътибору нуфузи баланд бархӯрдор аст, ки имконият медиҳад Пешво ва ҷомеа якҷо ба пеш раванд. Зеро барои пешвоёни сиёсӣ ва давлатмардон доштани қобилияти ифодагарии афкори мардум ва муоширати сиёсии шаклдиҳандаи ризояти мардум муҳим аст.

Олиҳимматии Пешвои миллат натиҷаи қобилияти бемисли ӯ мебошад, ки аз тарафи аксарияти аҳолии кишвар эътироф ва қабул карда мешавад. Президенти Тоҷикистон чун шахсияти бонуфузи сиёсӣ муносибат бо аҳли ҷомеаро бар асоси эътимоднокӣ роҳандозӣ менамояд ва чунин сифатҳои неки ӯ, мисли ошкорбаёнӣ, хайру некхоҳӣ зоҳир мешаванд.

Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боэътимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шарик, ташабускорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳимми сиёсатмадори волоназар, Пешвои миллат тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.

Хулоса, Истиқлоли давлатиро ҳамчун фазои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ва ғояҳои созанда бояд ҳифз кард, арзишҳои волои давлатдориро аз манфиатҳои фардию оилавӣ ва гурӯҳӣ боло гузошта, пайи татбиқи санадҳои бунёдии давлатдорӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар саъю талош намуд. Қайд намудан зарур аст, ки инсон дар сурате ба давлати хеш манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд. Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама комёбиву мушкилоташ, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо доранд, бояд дӯст дорем, аз таҷрибаи он сабақ бардорем ва вазифаю масъулияти муқаддаси хешро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарем. Ин аст дарси ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Фарзона Худойдодова,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед