Шумораи мутахассисони илмии соҳибунвони Маркази тадқиқоти старегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як нафар зиёд гардид. Санаи 7 июли соли 2022 муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ, мутахассиси варзидаи соҳаи иҷтимоиву ҷомеашиносӣ Марҳамат Назирова дар мавзуи “Маориф дар низоми арзишҳо ва стратегияи ҳаётии ҷавонон (дар мисоли Тоҷикистон) таҳти роҳбарии доктори илмҳои сотсологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Шоназар Шоисматуллоев рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ бомуваффақият дифоъ кард.
Аъзоёни Шӯрои диссертатсионии назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муқарризони расмӣ ба кори илмии довталаб баҳои баланд дода, барои сазовор донистани ӯ ба дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ якдилона овоз доданд.
Бояд гуфт, ки чанде қабл монографияи илмии Марҳамат Назирова таҳти унвони “Арзиши маориф ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон (таҳлили сотсиологӣ)” аз ҷониби Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашр тавсия гардида буд, дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расид, ки рисолаи илмии арзишманд аст.
Ҳимояи диссертатсияи Марҳамат Назирова дар ҳаёти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нав ба ҳисоб меравад. Ӯ нахустин довталаби илмӣ аст, ки дараҷаи номзади илмҳои сотсиологиро дар Шӯрои диссертатсионии 6.D. КОА-и назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ намуд. Пештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин Шӯрои диссертатсионӣ мавҷуд набуд.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафар мутахассиси унвондор, аз ҷумла 7 нафар доктори илмҳо ва 11 нафар номзади илмҳо ба таҳқиқу пажӯҳиши илмӣ машғуланд. Марҳамат Назирова аз оғози сол то ба имрӯз дар Марказ нафари дуюм аст, ки рисолаи илмии худро бомуваффақият ҳимоя кард.
Кормандони Марказ ҳамкори гиромии худ Марҳамат Назироваро ба муносибати дарёфти дараҷаи номзади илмҳои сотсилогӣ табрику муборакбод гуфта, дар фатҳи қуллаҳои нав ба нави илмӣ комёбиҳо орзу менамоянд.
Хадамоти матботии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон