Акнун теъдоди мутахассисони илмии соҳибунвони Маркази тадқиқоти старегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як нафар зиёд гардид.  Санаи 7 июли соли 2022 муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ,   мутахассиси варзидаи  соҳаи иҷтимоиву ҷомеашиносӣ Марҳамат Назирова дар мавзуи “Маориф дар низоми арзишҳо ва  стратегияи ҳаётии  ҷавонон (дар мисоли Тоҷикистон)  таҳти  роҳбарии доктори  илмҳои сотсологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Шоназар Шоисматуллоев  рисолаи илмии худро барои  дарёфти дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ бомуваффақият  дифоъ кард. Аъзоёни Шурои диссертатсионии назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муқарризони расмӣ ба кори илмии довталаб баҳои баланд дода, барои  сазовор донистани ӯ ба дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ  якдилона овоз доданд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта монографияи  илмии  Марҳамат Назирова таҳти унвони “Арзиши маориф ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон (таҳлили сотсиологӣ)”, ки аз ҷониби Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашр тавсия гардида буд, дар нашриёти “Ирфон” ба  табъ расид.

 Ҳимояи диссертатсияи Марҳамат Назирова дар ҳаёти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нав ба ҳисоб меравад. Ӯ нахустин довталаби илмӣ аст, ки дараҷаи номзади илмҳои сотсиологиро дар Шурои диссертатсионии 6.D.КОА-005  назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ намуд. Солҳои қаблӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин Шурои диссертатсионӣ мавҷуд набуд.

Рӯзи 20 феврали соли 2023 дар вазъияти тантанавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода дипломи дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣро ба Марҳамат Назирова супорид ва аз номи ҳайати кормандони Марказ номбурдаро табрику муборакбод гуфта, дар ҷодаи фатҳи қуллаҳои нав ба нави илмӣ комёбиҳо орзу намуд.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафар мутахассиси унвондор, аз ҷумла 7 нафар доктори илм ва 11 нафар номзади илм ба таҳқиқу пажӯҳиши илмӣ машғуланд. Марҳамат Назирова  соли гузашта дар Марказ нафари дуюм аст, ки рисолаи илмии худро бомуваффақият ҳимоя кард.

Кормандони Марказ ҳамкори гиромии худ Марҳамат Назироваро ба муносибати дарёфти дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ табрику муборакбод гуфта, дар ҷодаи фатҳи қуллаҳои нав ба нави илмӣ комёбиҳои нав ба нав  орзу  менамоянд.

                        Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед