Муҳаққиқи соҳаи иқтисодиёт Рухшона Одилова солиёни зиёд аст, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси котиби илмӣ фаъолият дорад. Ӯ дар мавзӯи “Такмилдиҳии низоми идоракунии комплекси сайёҳию фароғатӣ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Диловар Қодирзода рисолаи илмӣ таълиф намуда, онро соли гузашта бомуваффақият дифоъ намуд ва соҳиби дарҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.
Рӯзи 21 феврали соли 2022 дар вазъи тантанавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода дипломи дарҷаи номзади илмҳои иқтисодиро ба Рухшона Одилова супорид ва аз номи ҳайати кормандони Марказ номбурдаро табрику муборакбод гуфта, дар ҷодаи фатҳи қуллаҳои нав ба нави илмӣ комёбиҳо орзу намуд.
Дастоварди илмӣ муборак, ҳамкори гиромӣ!
Хадамамоти матботии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон