Чунонки Маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар медиҳад, 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3, яъне ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва 189, қ.3, яъне барангехтани кинаю адовати маҳалгароии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.

Қобили зикр аст, ки Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Вобаста ба ин, мо як гуруҳ зодагони Бадахшон, ки солиёни дароз дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе истиқомат дорем, ба ҳамдиёрони худ муроҷиат намуда, ҳамаи онҳоро ба сабру таҳаммул, оромию дурандешӣ даъват мекунем. Мо бояд дарк кунем, ки имрӯз дар Тоҷикистон дигар ба ҷинояткориҳои солҳои навадуми асри гузашта роҳ дода намешавад. Аз ҷониби дигар, мо бояд аз ҳодисаҳои кишвари ҳамсояи худ Афғонистон ва аз ҳаёти пур аз машаққати сокинони он, ки дар он тарафи сарҳад зиндагӣ мекунанд ва мо имрӯз ҳамаи инро шахсан мебинем, сабақ гирифта ба қадри сулҳу салоҳ дар кишвар, аз ҷумла дар Бадахшон бояд бештар аз пештар бирасем.

Ҳамдиёрони азиз, қонун барои ҳама як аст – онро бояд ҳама яксон риоя намоянд. Ба дасисабозиҳои душманони миллат, хусусан бадхоҳони Бадахшон дода нашавем ва ба корҳои ҳамарӯзаи худ машғул гардида, ба мақомоти дахлдор имкон бидиҳем, ки ҳақро ба ҳақдор бирасонанд.

Гуруҳи зодагони Бадахшон, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе

Чоп кунед