Имрӯз, 22 майи соли 2023 таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе ба кори худ шуруъ намуд.
Дар кори Форум роҳбарони марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои аъзо, нозир ва узви муколамаи СҲШ, сафирони як қатор давлатҳо ва доираи васеи коршиносони ватаниву хориҷӣ иштирок намуда истодаанд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт. Усмонзода Хайриддин зимни суханронии худ оид ба нақши СҲШ дар рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо ибрози назар намуда, иброз дошт, ки СҲШ дар давоми мавҷудияти худ тавонист, ки ба сифати Созмони муҳимми байналмилалӣ дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ оид ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавсеа ва таҳкими фаъолияти СҲШ ибрози назар намуд. Азамшо Шарифӣ таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз бунёдгузорони СҲШ пайваста ба рушд ва таҳкими фаъолияти СҲШ таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт бо ҳамтоёни худ табодули афкор менамоянд.
Котиби генералии СҲШ Чжан Мин зимни муроҷиати видеоии худ иброз дошт, ки Форуми СҲШ ҳамчун сохтори таркибии СҲШ дар тақвият ва рушди фаъолияти Созмон нақши калидӣ дорад. Форуми СҲШ давоми 18 соли мавҷудияти худ тавонистааст, ки ба майдони боэътимоди машваратчиён ва таҳлилгарони давлатҳои аъзо гардад. Маҳз дар доираи Форуми СҲШ таҳлилгарону коршиносони кишварҳои узв масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳони муосирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои давлатҳои аъзо тавсияҳои судманд пешниҳод менамоянд.
Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ инчунин собиқ Котиби генералии СҲШ (солҳои 2016–2018) Рашид Олимов суханронӣ намуда, вобаста ба нақши муҳими СҲШ дар рушди минтақа ва ҳавзаи кишварҳои СҲШ ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки СҲШ аз оғози ташаккулёбӣ масъалаи таъмини сулҳу субот, мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини рушди устувори кишварҳои аъзоро ҳадафи афзалиятноки худ қарор додааст. Ба андешаи собиқ Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов маҳз Форуми СҲШ дар пешбурди фаъолияти Созмон ва таҳкими он нақши муассир мегузорад. Марказҳои зеҳнии Форум пайваста ба масъалаҳои мубрам таваҷҷуҳ намуда, барои кишварҳои худ тавсияҳои созандаро пешниҳод менамоянд.
Бояд қайд намуд, ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ идома дорад.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президент
Ҷумҳурии Тоҷикистон