Санаи 10 декабри соли 2022 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон бахшида ба “Рӯзи бетарафӣ ва 15 солагии ифтитоҳи Маркази дипломатияи боздорандаи СММ” форуми панҷуми коршиносони Осиёи Маркази баргузор гардид. Дар форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Усмонзода Х. У., иштирок намуда, дар ду бахши он вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин Директори Марказ зимни суханронии худ роҷеъ ба маъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир дар самти тағйирёбии иқлим, истифодаи захираҳои обӣ, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва амнияти минтақавӣ фикру андешаҳои худро иброз дошта, аз ҳамкории зичи ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли ин чолишҳо ёдовар шудаанд. Зимни суханронӣ бахусус нақши ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ин масъалаҳо таъкид гардид. Дар рафти суханронии худ намояндаи СММ Герман Н., ва масъули Маркази дипломатияи боздорандаи СММ, Саприкин Ф.И., андешаҳои директори Марказро ҷонибдорӣ намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муассирсозии ин масълаҳо дар сатҳи минтақавию глобалӣ тавзеҳ доданд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед