Хизмат дар сафи Артиш, ҳимоя аз марзу буми Модар – Ватан ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди баору номус ва ватандӯст буду ҳаст ва ин рисолат то абад боқӣ хоҳад монад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи Артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб мешуданд ва ин анъана имрӯз ҳам тавре мебинем давом дорад.
Бо мақсади хидмат ба Модар – Ватан, ҷавонони бо ғайрату шуҷоъ ва ҳисси масъулиятшиносиашон баланд ба сафи артиш мепайванданд. Мо ҳам аз шуҷоату мардонагии ҷавонони Ватан умеди зиёд дорем. Маҳз дар натиҷаи фидокориҳо ва шабзиндадориҳои сарбозони шуҷои миллат, имрӯзҳо сарҳад ором аст, мудом мо ҳам ором мехобем. Чун амнияту субот дар кишвари мо вуҷуд дорад, нимашабӣ ҳар самте хоҳем равуо менамоем. Мутмаинем, ки ҷавонони бо нангу номуси кишвар қудрати ҷавонии худро истифода карда, Ватани азизамонро бо ҷону дил ҳимоят мекунанд.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ қайд карда буданд, “Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд”.
Тавре мебинем ва масъулин ҳам арз медоранд, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ ба хусус, ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат, агар аз як тараф, ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ ба он мусоидат намудааст. Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулин ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо мушкилоти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, монеаҳо кам ба назар мерасад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад.
Шоҳиди ҳол ҳам ҳастем, ки иддае аз ҷавонон ба хоҳиши худ, бо машварати дӯстону наздикон ва бо тавсияи бузургон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд. Имсол ҳам монанди соли гузашта масъулин иттилоъ доданд, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар баъзе вилояту ноҳияҳо иҷро гардидааст. Вале як нукта мавриди нигаронӣ қарор дорад, ки бархе аз ҷавонон мутаассифона ба ҳар баҳонаҳо аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд…
Дар ҳоле ки хизмат ба Ватан на танҳо қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бо ғайрати тоҷик аст, балки он нангу номус аст…
Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ шоири ширинбаёни мо ҳам дар ин бора ишораи хубе кардааст:
Пушти по зан тахти Кайковусро,
Сар бидеҳ, аз даст мадеҳ номусро
“Ба доно як ишора” гуфтаанд ва бояд ба ҷавонон аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар дуруст фаҳмонида шавад, ки хизмат ба артиш аслан тарбия аст, омӯзиш аст. Чун инсон аз замони наврасӣ то охири ҳаёт эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Аз ҷумлаи беҳтарин маконҳо барои тарбияи ҷавонон ин пайвастан ё хидмат кардан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвари азиз мо аст. Чун дар артиш ба инсон, аниқтар ба ҷавонон сабру таҳаммул, ҷавонмардию вафодорӣ ва хирадмандӣ меомӯзанд. Қавиирода будану дӯстдори ёру диёр будан меомӯзанд. Касбу ҳанару матонату мардонагӣ таълим медиҳанд.
Бояд дарк кард, ки вафодор будан, ин фидокорӣ ва садоқат ба Ватан аст. Вафодорӣ ба ормонҳои миллӣ, вафодорӣ ба азизону гузаштагон. Садоқат ба худу дигарон. Як ҷавон дар зиндагӣ ҷойгоҳи хосса тавассути фидокорӣ ба Ватан дошта бошад. Ин ҷойгоҳ ба таври ҷудонопазир бо ишқу муҳаббат ва тавоноиву муҳофизат аз Ватан, ҳатто ҷон фидо кардан дар роҳи Меҳан пайвандӣ дорад.
Дар сафи артиш барои ҷавонони мо муқаддас будани Ватанро меомӯзанд. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд, зеро агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан моро парваридааст. Ватан ба сари мо дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳову беҳамтост. Гузашта аз ин, дӯстдории Ватан аз имон аст!
Бояд гуфт, ки моҳияти мавзуи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон мавзуи калидии ватандорон буду ҳаст, чун бидуни Ватан башарият оромиш надорад. Бе Ватан будатон сарсону саргардонанд. Масалан курдҳоро гирем, ки имрӯз шумораи онҳо беш аз 80 миллионро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин, онҳо соҳиби давлати мустақил нестанд. Аз ин лиҳоз, бо миқдори ками аҳолӣ соҳиби давлати алоҳида будани тоҷикон, як саодати бузург аст. Дар бораи нооромиҳои мардуми афғону дигар кишварҳои Шарқ ҷойи ёдоварӣ ҳам нест, чаро ки ҳамарӯҳо аз тариқи расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳои даҳшатафкану харобиовар паҳн мешаванд.
Як андешаи ғалат дар зеҳни мардум ҷой гирифтааст, ки шароити хуб аз қабили хӯрокаву пӯшока ва дигар шароити маишӣ надоранд. Дар ҳоле ки ин андешаҳо чанд сол боз ҳалли худро ёфтааст. На танҳо мушкилоти хӯрду хӯрок ва пӯшока аз байн рафтааст, балки имрӯз артиши миллӣ рӯ ба таҷҳизоти комилан нави замонавӣ овардаанд.
Танҳо ақидаи дуруст метавонад андешаи ҷавононро дуруст намояд. Аз овони мактабхонӣ ҷавон бояд нисбати Қувваҳои Мусаллаҳ маълумоти дақиқ дошта бошад. Дар дарсҳои фаҳмондадиҳӣ нуктаҳои ҳифзи марзу бум, ватандӯстдорӣ ба наврасон ба роҳ монда шавад. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан бояд омода кард. Ҷавонони моро мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошанд.
Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароитҳои хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар фазои сулҳу суботи кишвар ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд қарзи фарзандии худро дар назди Модар – Ватан иҷро намоянд, дар акси ҳол ин ҳама оромиш, осудагӣ, суботи сиёсӣ ва ҳимояи тамомияти арзӣ бар души кӣ хоҳад монд? Албатта бар души худи мо!
Бинобар ин ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат намудан саркашӣ накунанд, баръакс барои дифоъ намудани марзу буми миллати куҳанбунёдамон ҳамеша омода бошанд, чунки оромиву осудагии мардуми сарбаланди моро каси дигар таъмин наменамояд.
Умед Пудинаев,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилӣ