Имрӯз, 24 июни соли 2024, дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» оғоз шуд.
Ҳамоиш аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва коршиносони марказҳои илмию таҳлилии Тоҷикистону Чин ширкат доштанд. Ҳамзамон, рӯзноманигорони ватинию хориҷӣ ҷиҳати инъикоси ҳамоиши мазкур ҷалб гардиданд.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардидаанд. Бо сармоягузории Чин дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд.Мавсуф баргузории чунин ҳамоишро барои тавсеа ва густариши ҳамгироии байни кишварҳои дӯсту ҳамсоя: Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳим арзёбӣ кард ва ба иштирокчиёни нишаст барори кор орзу намуд.
Зимни суханронӣ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ба иштирокчиёни конфронс барои иштирокашон изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки «дастоварӣ ба ояндаи сабз ҳамчун омили рушди устувори минбаъда яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи ин ҳадаф натиҷаи стратегияи дуруст ва нақшаҳои дарозмуддати созандаи роҳбарияти олии сиёсӣ мебошад, ки дар даҳсолаҳои охир амалӣ карда шуданд».
Мавсуф таъкид кард, ки “Тоҷикистон саъй дорад, то ширкатҳои бонуфузи чинӣ ба бозорҳои худ дастрасии васеъ дошта бошанд. Чунин имкониятҳо дар кишвари мо барои сармоягузорони чинӣ ҷолибанд, зеро кишвари мо аз рӯйи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол мекунад. Имкониятҳои кишвари мо аз рӯйи уҳдадориҳои глобалии кишварҳои ҷаҳон барои то соли 2050 то 30 дарсад кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, фароҳам овардани иқтидори зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз «энергияи сабз» шароити мусоид фароҳам меорад.
Ба ибораи дигар гуем, барои мустахкам намудан ва вусъат додани робитахои иктисодии мамлакатхои мо имкониятхои мусоид ба вуҷуд меоянд».
Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ суханронӣ намуда, доир ба густариши ҳамкорӣ ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар ибрози андеша намуд. Вай таъкид кард, ки “ҳамоиши имрӯза ба тамоми бахшҳои ҳамкориҳои дуҷониба таъсир гузошта, барои сатҳи баланди ҳамкориҳо ва фазои эътимод миёни кишварҳо шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.
Итминон дорам, ки ҳамкориҳо минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт ва мо хушбин ҳастем, ки сарфи назар аз печида ва пешгӯинашавандаи вазъи кунунии байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба саъй хоҳанд кард. Гузашта аз ин, сафари қарибулвуқӯъи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои ду кишвар чеҳраи сифатан нав хоҳад бахшид».
Дар бахши муқаддимаи конфронс ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин суханронӣ кард.
Хадамаоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегӣ назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон