Пандемия, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз ёфт, аллакай беш аз 538 058 нафарро куштааст. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ, шумораи гирифторони вирус дар ҷаҳон 11 620 096 нафарро ташкил мекунад ва рӯз аз рӯз зиёдшавии шумораи гирифторони ин вирусро мушоҳида кардан мумкин аст[1]. Табиист, ки чунин хуруҷи бемории марговар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида наметавонад.
Бори аввал вируси COVID-19 дар охири декабри соли 2019 маълум шуд. Дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин чанд ҳодисаи пневмония бо патогени номаълум ба қайд гирифта шудааст. Дар аввал, вазъият ташвишовар набуд, аммо дар моҳи январи соли 2020 шумораи мубталоён ба афзоиши бемайлон шурӯъ кард. Он гоҳ коронавирус тавонист ба кишварҳои дигар ворид шавад.
Ин мушкилот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсир расонд, ки дар он айни замон тақрибан 6262 нафар ба ин вирус мубтало шудаанд, 53 нафари онҳо ҳалок шуданд, 4 914 нафарашон шифо ёфтанд[2]. Динамикаи бемории короновирус дар ҷумҳурӣ чунин аст (Диаграммаи 1).
Натиҷаи диаграмма нишон медиҳад, ки рӯз аз рӯз дар ҷумҳури касалони коронавирус зиёд шуда истодааст, масалан дар мӯҳлати 7 июли соли 2020 нисбати ба 30 апрели соли 2020 сироятшудагон 417 маротиба афзудаанд, аммо хабари хуш он аст, ки 78,4 фоизро нафарони шифоёфташуда ташкил медиҳад ва танҳо 53 нафар вафот кардаанд, ки ин 0,84 фоизро нисбат ба сироятшудагон ташкил медиҳад.
Дар байни ҳамаи кишварҳое, ки ба ин вирус сироят ёфтааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои 61-ум қарор дорад, ки ин нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ пасттар аст.
Сарчашма: https://horosho-tam.ru/tadzhikistan/coronavirus
Мисол, дар Қазоқистон шумораи гирифторон 49683 нафарро ташкил медиҳад, дар Ӯзбекистон ин рақам 10362 нафар ҳаст, дар Қирғизистон бошад ин рақам 8141 нафарро ташкил медиҳад, дар Федератсияи Россия ин рақам 687 862 нафарро ташкил медиҳад ва дар ҷадвали ҷахонии омории COVID-19 сеюм ҷойро ишғол мекунад[3].
Коршиносон бар ин назаранд, ки ин мушкилот тамоми имконот дорад, ки иқтисоди ҷаҳонро ба бӯҳрони дигар бигирад. Онро аллакай “қуи сиёҳ” номидаанд – ҳамчун ҳодисаи нодир ва пешгӯйинашаванда, ки метавонад оқибатҳои назаррасро ба бор орад.
Инчунин, бояд қайд кард, ки Чин молтаъминкунанда аст, барои доираи васеи маҳсулоти гуногун аз электроника то молҳои истеъмолӣ. Сар задани коронавирус занҷираи таъминотро халалдор кард. Ҳамин тариқ, пеш аз ҳама ин ба корхонаҳое зарар овард, ки дар Чин фаъолият намекунанд, аммо дар он ҷо ҷузъҳо ва ашӣёҳои нимтайёрро харидорӣ мекунанд. Ин ба он оварда расонд, ки корхонаҳо бояд фавран ҷойивазкунии молҳои хитоиро ҷӯё шаванд. Аз ҳама бештар бизнеси хурд ва миёна, ки ба чунин халалҳо ҳассос мебошанд, зарар мебинанд.
Ин мушкилот ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро гузошт. Аз моҳи апрел то июн карантин ҷорӣ карда шуд, мактабҳо ва донишгоҳҳо фаъолияти худро қатъ карданд ва фаъолияти бисёр корхонаҳои хурду миёна, ки фаъолиятҳои гуногунро анҷом медиҳанд (сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, мағозаҳои фурӯши либос, дуконҳои дӯзандагӣ, баъзе бозорҳо, ба монанди “Корвон”, “Саховат”, “Султони Кабир”ва ғайра) боздошта шуданд. Ҳангоми карантин танҳо беморхонаҳо, мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо фаъолият доштанд. Табиист, ки дар айни замон, нархи бисёр маҳсулот, аз он ҷумла ниқобҳои тиббӣ ва маҳсулоти хитоӣ боло рафтанд, инчунин, бисёр коргарон, ки дар бахши хусусӣ фаъолият мекунанд, бе музди меҳнат мондаанд.
Ҳангоми карантин баъзе моддаҳои андоз ворид ва аз нав таҷдиди назар карда шуданд, ки ба кам шудани даромад ба буҷети давлатӣ таъсир расониданд. Иҷрои буҷети давлатӣ дар 1 апрели соли 2020 чунин натиҷаро нишон медиҳад:
Ҷадвали 1
Ба ақидаи мо, бо дар назардошти вазъият, кӯшишҳои асосӣ ба рушди бахши воқеӣ ва илми фаннӣ ва техникӣ равона карда мешаванд. Ҳатто таҷрибаи як пандемия онро водор хоҳад кард. Аз ҳамин сабаб савол ба миён меояд, ки кишварҳое, ки бо ин вазъият дучор ҳастанд, ба чӣ ниёз доранд? Дар ин маврид ба таҷҳизоти тиббӣ, воситаҳои асосии ҳимоя, аксуламали фаврии илм, сифати назорати санитарӣ ва эпидемиологӣ ниёз ба вуҷуд меояд. Ба ғайр аз ин, сохтори иқтисодиёт ҳоло аз соҳаи саноат ва соҳаи кишоварзӣ тағйир меёбад.
Аз ин рӯ, мо чунин мешуморем, ки дар ин вазъият, ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ аҳолӣ, пеш аз ҳама, барои муҳофизати худ бояд чораҳои эҳтиётӣ ва муҳофизатиро истифода баранд.
Қурбонмуродова О.М.,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
МТС-и назди Президенти ҶТ, н.и.и.
[1] https://news.mail.ru/story/incident/coronavirus/?fromtab=1
[2] https://horosho-tam.ru/tadzhikistan/coronavirus
[3] https://news.mail.ru/story/incident/coronavirus/?fromtab=1