Чунонки расонаҳои хабарии Федертсияи Россия хабар дода буданд, моҳи декабри соли ҷорӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ – рондани автомобил ба таври хавфнок ва гузоштани навори он дар блоги худ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбеев Чоршанбе аз ҷониби мақомоти судии шаҳри Москва ба миқдори 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима гардида буд. Вале зимни тафтишот мақомоти дахлдор маълум намуданд, ки ӯ қонугузориҳои дигар низ содир намуда будааст. Аз ҷумла, Чоршанбеев Чоршанбе шаҳодатномаи ронандагии россиягӣ ва полиси суғуртавии ОСАГО низ надошта, то ин дам ҷиноятҳои дигаре низ содир карда будааст. Ӯ, аз ҷумла, моҳи августи соли 2021 дар шаҳри Қазон низ ба таври хавфнок ронандагӣ намуда, бо мошинаи BMW сабабгори садамаи вазнине гардидааст.

Ҳамаи далелҳои болоро ба назар гирифта, мақомоти судии шаҳри Москва дар бораи истирдод намудани Чоршанбеев Чоршанбе аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Эътироз ба ин қарорро мақомоти воломақоми судии шаҳри Москва рад намуд.

Баъд аз ин дар байни алоқамандони Чоршанбеев Чоршанбе, ки ӯро ҳамчун варзишгар ва блогер мешинохтанд, саволе пайдо шуд: оё Чоршанбеев Чоршанбе варзишгар ва блогер аст ё шахсияти дигар? Вақте ки бо маълумоти пурра оид ба ин шахс ошноӣ пайдо кунем, маълум мегардад, ки воқеан ҳам Чоршанбеев Чоршанбе на варзишгар ва блогер, балки авбошу ҷинояткор будааст. Зеро дар баробари ҷиноятҳои содиркардааш дар Федератсияи Россия ӯ дар Тоҷикистон ҳам ба ҷиноят даст зада, соли 2014 хонаи як ҳамшаҳриашро дар шаҳри Хоруғ ғорат карда будааст. Яъне Чоршанбеев Чоршанбе дар ҳақиқат ҳам авбош ва дузд аст, на варзишгар ва блогер.

Зиёда аз ин, дар саҳифаҳои интернетӣ Чоршанбеев Чоршанбе мардумро бар зидди Ҳукумати қонунии Тоҷикистон даъват намуда, худро на тоҷик, балки «помирӣ» эълон намудааст ва бо ин роҳ байни маҳаллу минтақаҳои гуногуни Ватанамон низоъ ва кинаву адоват андохтанӣ аст. Ин амалҳои ӯ нишон медиҳанд, ки ин шахс дар баробари авбош ва дузд будан, хони миллату Ватан низ будааст. Ҳамаи ин даъватҳои Чоршанбеев Чоршанбе аз нигоҳи ахлоқӣ дар ҳақиқат ҳам хиёнат ба Ватан ба ҳисоб мераванд ва ӯ бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Ба ҳамин тариқ, саволе, ки дар сарлавҳаи ин мавод гузоштем, ҷавоби воқеии худро аз гуфтору амалҳои ин шахси ҷиноятпеша пайдо мекунад: Чоршанбеев варзишгар ё блогер аст? На, ӯ авбош, дузд ва хоин аст! Умед дорем, ки мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ба ин ҷиноятҳои Чоршанбеев Чоршанбе, ки дар шакли авбошӣ, дуздӣ ва хиёнат зуҳур кардаанд, баҳои воқеии қонунӣ медиҳанд!

Акбарҷон Маъруфзод
сиёсатшинос

Чоп кунед