Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Тавре аз расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамагон маълум гардид, алакай ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сартосари кишвар садҳо чорабиниҳои гуногун аз қабили сипозиуму конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамоишу намоишҳои фарҳангӣ, ҷамъомадҳои тантанавию оммавӣ баргузор гардида истодаанд, ки ҳар яке намоду азамати худро доро аст. Дар баробари ин шаҳрвандони мамлакат дар саҳифаҳои интернетии худ бо гузоштани акс, навор ва лаҳзаҳои таърихӣ аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда истодаанд ва мушоҳидаи фазои анъанавӣ ва фазои иттилоотӣ аз он шаҳодат медиҳад, тамоми ҷумҳуриро шукӯҳу шаҳомати хос фарогир аст.

Албатта, интихоб ва таҷлил намудани рӯзи муайян дар тақвими миллатҳо аҳамияти махсуси худро дорад. Соҳибандешаон ва огоҳони илми сиёсат хуб медонанд, ки халқу миллатҳо ҳанӯз аз замонҳои қадим рӯзҳои муайян ва сарнавиштсозро муқаддасу гиромӣ дошта, онро ҷашн мегиранд. Маҳз таҷлили ин ё он ид (рӯз) аз ҳолатҳои таърихӣ ва тақдирсоз сарчашма мегирад. Дар робита ба ин саволе ба вуҷуд меояд, ки чаро мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем? Маҳз 16 ноябр интихоб гардидани Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар чи ифода меёбад? Паём ва бардоштҳои мо аз ин Рӯзи муҳим ва таърихӣ бояд чӣ бошад? Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва бақои давлатдории мо чи гуна аст? Бояд қайд намуд, ки арзёбии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурат, муҳиммият ва ҷойгоҳи ин Рӯзи Президентро бозгӯйӣ намуда, посух ба ҳамаи ҳамин саволҳо аст.

Илмҳои сиёсӣ собит намудааст, ки дар ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва мавҷудияту бақои давлат сарвари сиёсӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Маҳз фаъолияти ҷудонопазир аз хиради сарвари сиёсӣ имкон фароҳам меорад, ки манфиатҳои миллӣ дар сатҳи зарурӣ ҳимоя карда шавад. Таҳлили раванди бунёд ва ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишон медиҳад, ки дар ин масир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Албатта, барои дарки масъалаи мазкур ба хонандаи соҳибандеша иброз доштани чанд ҳақиқати инкорнашаванда муҳим аст. Зимнан, таъкид намудан зарур аст, ки ҳар лаҳзаи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири арзишҳои бузург ва ташаббусҳои созанда аст, ки пажуҳиши алоҳидаро тақозо менамояд. Вале, дар ин навишта фақат бо ибрози шонздаҳ нуктаи муҳим ва бунёдӣ аз фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мепардозем, ки онҳо аз яктараф муҳиммияти таҷлили Рӯзи Президентро бозгӯйӣ менамоянд, аз тарафи дигар нақш ва ҷойгоҳи ниҳоди Президентиро дар бақо ва рушди Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Бояд зикр намуд, ки интихоби 16 (шонздаҳ) нукта тасодуфӣ нест ва маҳз ба хотири эҳтиром, арҷ гузоштан ва эътирофи 16 ноябр ҳамчун санаи сарнавиштсоз дар тақвими миллати тоҷик бо баёни шонздаҳ нукта иктифо менамоем.

Ҳамакунун, шонздаҳ нуктаи муҳим аз фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Президент пешкаши ҳамагон мегардад.

Нуктаи аввал ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ дар ҳифзи Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон нақши калидии худро гузошт. Ба ҳама маълум аст, ки миллати тоҷик баъд аз ҳазорсоли бедавлатӣ соҳиби давлати мустақил гардид ва баробари эълони Истиқлоли давлат ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Воқеан дар он вақт давлати тозаистиқлол дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Зуҳури таҳдидҳо, манфиатҷӯии гурӯҳҳои мухталиф ва идомаи низоъҳо ҳамоно сарнавишти ояндаи давлатро норавшаван ва истиқлоли сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд. Буҳрони сиёсии ба вуҷуд омада вуруди шахсияти соҳибхирад, огоҳ, андешаманд ва далеру шуҷоъро тақозо менамуд, ки тавонад бо корнамоии худ миллатро аз парокандагӣ ва истиқлоли давлатро аз нобудӣ ҳифз намояд. Чунин шахсияти сатҳи миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо омадани худ аввалин талошҳоро барои ҳифзи Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон анҷом дод, ки дар ин раванд муваффақ ҳам гардид. Вакилони халқ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар ин Иҷлосия аксарияти вакилони халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудаданд. Бояд қайд намуд, ки дар чунин марҳилаи ҳасос ва душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама ҳамчун насли огоҳи миллати тоҷик рисолат ва вазифаи миллии худро дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда ба анҷом расонид. Яъне, Роҳбари давлат дар саргаҳи фаъолияти худ ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлату миллатро гузошт ва ба ин васила Истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуд.

Нуктаи дуюм ин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб гардидан ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ дар рӯзномаи кории худ масъалаи барқарории сулҳу ваҳдатро дар аввал қарор дода буд. Роҳбари давлат бо андешаи барқарории сулҳу ваҳдат ба саҳнаи сиёсати миллат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз намуд. Дар ҳақиқат, иброз доштани “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ҳамоно бо шиддат ва харобкории азим идома дошт ва садҳо нафар куштаву ҳазорҳои дигар гуреза гардида буданд, шахсиятҳои алоҳида ва гурӯҳҳои бадхоҳи миллат дар байни ҷомеа таблиғотеро роҳандозӣ намуда буданд, ки ҳадафи он ночиз нишон додани фаъолияти Сарвари давлат буд. Вале, ҳақиқати зиндагӣ нишон дод, ки андешаи “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Эмомалӣ Раҳмон шиори холӣ набуд балки, як воқеияти бузург ва як талоши самарабахш аст. Бояд таъкид намуд, ки дар марҳалаи даргириҳо ва авҷи низоъ дар мамлакат ва ҳамзамон дастгирӣ ёфтани нерӯҳои бадхоҳ аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кори мушкил буд. Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёбад. Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Нуктаи сеюм ин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳифзи Истиқлол ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ масъалаи ташаккул ва рушди низоми сиёсии Тоҷикистонро дар меҳвари барномаи кории худ қарор дода буд. Маврид ба зикр аст, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ яъне, 6 ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон умед ва боварҳои нав ба ояндаи неки Тоҷикистонро заминагузорӣ намуд. Конститутсияи нав, ки Тоҷикистонро давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, ягона ва шакли идории онро президентӣ муаррифӣ намуда буд, татбиқи ин арзишҳо дар амалияи ҷамъиятӣ ҷасорат ва ғайрати бузурги сиёсиро талаб мекард. Ҳамин тавр, 16 ноябри соли 1994 дар саҳифаи таърихи кишвар руйдоди муҳим ба вуқуъ пайваст. Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони халқ савганд ёд намуда, ба фаъолияти корӣ шуруъ кард. Президенти кишвар меъёрҳои конститутсионии ташаккули низоми сиёсиро дар амал татбиқ намуд. Дар як муддати кутоҳ системаи сиёсии демократӣ рушд кард, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ касб намуд ва аз ҳимоя бархурдор гардид. Дар маҷмӯъ давлат соҳиби низоми сиёсии рушдкарда ва арзишмеҳвар гардида, сохтори конститутсионии давлат ташаккул ва ҳифз карда шуд.

Нуктаи чорум ин аст, ки масъалаи таъмини амнияти миллӣ яке аз унсурҳои дигар ва меҳварии барномаи кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медод. Ҳанӯз аз давраи аввали ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамуд. Барои тасдиқи ин андеша садҳо далел мавҷуд аст, вале дар ин ҷо овардани ду нукта кифоя аст, ки талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти миллӣ дарк карда шавад. Якум, дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ, ки беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон гуреза шуда буданд, Президенти кишвар мақсади охирон фарди гурезаро ба ватан баргардониданро дошт. Ва барои таҳаққуқи ин ҳадаф талошҳоеро анҷом дод, ки ба ҷони худ хатар эҷод мекард. Замони ба Афғонистони ҷангзада сафар намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ ниҳод амнияти худи Роҳбари давлатро кафолат намедод. Вале, эҳсоси ватандӯстӣ ва ғояи инсондӯстӣ Роҳбари давлатро ба дохили хатар барои ҳифзи шаҳрвандон мебурд. Маҳз бо чунин кӯшишҳо тамоми гурезагон ба ягонаи такягоҳ ва охирин сарпаноҳ Тоҷикистон баргаштанд. Дуюм сиёсатгузории сулҳмеҳвар ва инсонпарвари Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар сархати амнтарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирад. Имрӯз ҳар як инсон ва шаҳрванде, ки дар Тоҷикистон қарор дорад дар дилхоҳ вақт эҳсоси амнияту оромӣ мекунад ва давлат ҳам кафили ҳамин суботу амнияти шаҳврандон аст.

Нуктаи панҷум ин аст, ки баъд аз барқарории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ташаккули низоми сиёсӣ, масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ҳамзамон таъмин намудани шароити зиндагии арзанда барои аҳолии кишвар дар авлавияти сиёсатгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Бояд қайд намуд, ки дар аввали солҳои 2000 мувофиқи оморҳо тақрибан 80%-и аҳолии кишвар дар ҳолати камбизоатӣ қарор дошт. Мушкилоти дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада, Роҳбари давлатро водор менамуд, ки бо қабули стратегия ва барномаҳои махсус мушкилоти мавҷударо ҳал намояд. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат се ҳадафи старатегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолӣ энергетикиро қабул намуд. Таҳлилҳои имрӯз ва воқеияти рушди кишвар нишон медиҳад, ки ҳадафҳои гузошташуда амалӣ гардида, таъсири худро дар рушди Тоҷикистон ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум гузоштанд. Масалан, бунёд ва азнавсозии роҳу нақбҳо, ки то имрӯз дар мамлкат идома доранд, мушкилоти коммуникатсиониро пурра ҳал намуда, Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил дод. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, заминҳои бекорхобида мавриди истифода қарор гирифтанд ва дар ин замина соҳаи кишоварзӣ рушд дода шуд, ки он ҳам дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши худро гузошта истодааст. Дар самти расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар мамлакат як қатор нерӯгоҳҳои барқии обӣ бунёд карда шуданд, ки ҳам амнияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам дар пешрафти корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуданд. Махсусан, бунёди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва ба истифода додани ду чархаи он, яке аз муҳимтарин корнамоии таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ карда мешавад. Ин воқеиятест, ки инкорнашаванда аст. Доираҳои фикрӣ гувоҳанд, ки нақшаи бунёди НБО Роғун-ро ҳанӯз давлати абарқудрати Шӯравӣ роҳандозӣ намуда, ба анҷоми сохтмони ба он натавонист ноил гардад. Ин ормон ва ҳадафи миллӣ маҳз бо талош ва фаъолияти Эмомлаӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. Дар натиҷаи чунин иқдомҳо имрӯз сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 26% поён фароварда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2000 дастоварди хеле бузург ба шумор меравад. Зимнан, ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардидааст, ки татбиқи ин ҳадаф имкон медиҳад, рушди сифатии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Нуктаи шашум ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва эҳёи таърих ва фарҳанги миллат нақши калидӣ гузошт. Таърих ва фарҳанги миллати тоҷик тули ҳазорсолаи бедавлатӣ аз ҳимояи куллӣ бенасиб буд. Маҳз шароити соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти тамаддунофарии Роҳбари давлат таърих ва арзишҳои фарҳанги миллиро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи миллат аз ҷумла ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, эҳёи таърихи қадимаи шаҳрҳои Саразм, Ҳисор, Кулоб, Хуҷанд ва ғайра намунаи бузурги ҳифз ва эҳёи таърихи миллат аст. Ҳамчунин ба рӯйхати махсуси Юнеско ворид намудани ҳунарҳои мардумӣ намунаи дигари эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ аст, ки имрӯз мо дар сиёсатгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида менамоем. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад.

Нуктаи ҳафтум ин аст, ки дар сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳифз ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ, гиромӣ доштани хотираи бузургони ниёгон ва муаррифии шоистаи онҳо ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст. Таҷлил намудани солгарди бузургони ниёгон ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ҳамзамон ба Устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва аллома Бобоҷон Ғафуров додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон намунаи олии гиромӣ доштан ва муаррифӣ намудани шахсиятҳои бузурги миллат аст. Ҳамин тавр, имрӯз барои гиромӣ доштани шахсиятҳои бузурги миллат аз ҷониби Президенти кишвар талошҳои бузургу ҷиддӣ идома дорад.

Нуктаи ҳаштум ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки он, ки маориф дар рушди давлат нақши асосӣ дорад, ташаккули маорифи устуворро яке аз афзалиятҳои сиёсатгузории худ қарор додааст. Дар баробари бунёди мактабу муассисаҳои замонавӣ аз ҷониби Роҳбари давлат иқдомҳои ҷиддие дар ин самт роҳандозӣ гардидаанд, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи маорифи рушдкардаро ташаккул доданд. Аз ҷумла, бо мақсади рушди маориф соли 2010 дар ҷумҳурӣ “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон гардид. Инчунин аз соли 1991 то 2021 дар кишвар 3020 иншооти соҳаи маориф бунёд гардидаанд, ки нишонаи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба соҳаи маориф аст. Ҳамчунин, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илми – фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ташаббуси дигари Президенти кишвар дар самти рушди маориф ва фарҳанги техникӣ арзёбӣ карда мешавад. Дар маҷмӯъ қайд намудан мумкин аст, ки татбиқи ҳамин иқдомоти Роҳбари давлат ба мо имкон медиҳад, ки системаи “маорифи устувор”-ро дар мамлакат ба вуҷуд оварда, ҳамчун сармояи бебаҳо барои рушди минбаъдаи кишвари азизамон хизмат намояд.

Нуктаи нуҳум ин аст, ки дар баробари он, ки рушди маориф дар маркази сиёсатгузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ҳамчунин худи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқӣ машғуланд. Паҳлӯҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алакай аз ҷониби садҳо муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифта, баҳои баландро сазовор гардидаанд. Дар робита ба ин фақат ҳаминро зикр намудан кифоя аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо эҷод ва таълифи асарҳои муҳимми илмӣ нақши бевоситаи худро дар рушди маориф ва илми кишвар аз ҷумла, дар шинохти таърих ва фарҳанг, забон ва ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ ва арзишу аҳамияти истиқлоли давлатӣ гузошта истодаанд. “Чеҳраҳои мондагор”, “Забони миллат-Ҳастии миллат”, “Уфуқҳои истиқлол” ва ғайра намунае аз асраҳои илмии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар рушди илми кишвар нақши бузург доранд.

Нуктаи даҳум ин аст, ки дар баробари рушди сиёсати дохилӣ ва ташаккули низоми сиёсии самаранок, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус зоҳир намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин марҳила беш аз 192 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ба расмият шинохта, Тоҷикистон узви як қатор созмонҳои ҷаҳонӣ гардид. Инчунин, Тоҷикистон аз соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони милалии муттаҳид аст. Зимнан, дар ин муддат мактаби дипломатияи миллӣ ташаккул дода шуд, ки имрӯз дар омода намудани кадрҳои баландихтисос нақши муассир дорад. Раёсати Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дастоварди дигари фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии кишвар аст. Маҳз дар натиҷаи ҳамин корнамоиҳои Сарвари давлат имрӯз дар Тоҷикистон модели дипламатияи миллӣ ташаккул ёфт.

Нуктаи ёздаҳум ин аст, ки нақши бориз гузоштан дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ паҳлӯи дигар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад. Пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ 1 октябри 1999 – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза ва дар асоси ин ташаббус эълон гардидани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, элон гардидани солҳои 2005-2015 ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, эълони солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва ғайра ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷониби кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва ҷонибдорӣ гардид. Чунин ташаббусҳо аз як тараф муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сарвари ташаббускор муаррифӣ намуд, аз тарафи дигар имиҷи байналмилалии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.

Нуктаи дувоздаҳум ин аст, ки таҳлили фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналхалқӣ ҳамин дидгоҳро собит менамояд, ки устуворӣ дар мавқеъ ва сиёсати ягонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси касби нуфуз ва эҳтироми бузурги Пешвои миллат гардидааст. Дар сиёсати ҷаҳонӣ мо шоҳиди тағйир ёфтани мавқеӣ бисёр сарварон гардидаем. Вале, Роҳбари давалти мо бо мавқеи устувори ҷиддӣ дар ҳалли мушкилоти марзӣ бо Қирғизистон ва ҳалли қазияи Афғонистон собит намуд, ки дидгоҳи ягона ва сиёсати огоҳонаро арзиши меҳварии фаъолияти худ қарор дода аст.

Нуктаи сенздаҳум ин аст, ки дар сиёсатгузории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробарӣ ва эҳтиром ба ҳамаи дину мазҳабҳо мақоми афзалиятнокро соҳиб аст. Бале, бо дарназардошти он, ки аксари аҳолии кишвар мусулмонанд аз ҷониби Роҳбари давлат ташаббусҳои муҳимме роҳандозӣ гардиданд, ки руҳияи таҳммулпазиро инкишоф дода, ҳамзистии осоишта ва ҳамгироии ҳамаи аҳолиро таъмин намуд. Масалан, дар таърихи Тоҷикистон аввалин маротиба бо ташаббуси Президенти кишвар китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуда, пешкаши мардум гардид. Инчунин, эълони соли 2009 ҳамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар кишвар иқдоми дигари Роҳбари давлат буд, ки моҳияти онро арҷ гузоштан ба арзишҳои динӣ ва фарҳанги таҳаммулгароӣ ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки алакай бори сеюм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатори 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид гардиданд.

Нуктаи чордаҳум ин аст, ки бо ин ҳама барномарезӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати мо марҳилаи аввали давлатдории миллиро ба анҷом расонид. Яъне, имрӯз марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ пурра ба охир расида, кишвар ба марҳила нави давлатдории миллӣ ворид гардидааст. Дар марҳилаи аввал заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва институтсионалии ташаккули давлат ба вуҷуд оварда шуданд. Системаи сиёсии демократӣ рушд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳимоя ва волоияти қонун таъмин гардид.

Нуктаи понздаҳум ин аст, ки сиёсатгузориҳои Роҳбари давлат марҳилаи нави давлатдории миллиро – марҳилаи рушди устувор арзёбӣ намудааст. Ин нукта дар барномаи интихоботии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020-2027 ба таври мушаххас таҷассум ёфтааст. Таваҷҷуҳ намудан ба номгузории барномаи интихоботии Роҳбари давлат, ки “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ном гирифтааст, андешаҳои болозикрро тасдиқ менамояд. Албатта, алакай мушоҳида гардида истодааст, ки барномаҳои роҳандозшуда мақсади рушди устувори иқтисодиро дар худ фаро гирифтаанд, ки ин мисоли дигар аз марҳилаи нави давлатдорӣ аст.

Нуктаи шонздаҳум ва ё нуктаи ҷамъбастӣ ин аст, ки фаъолияти ҷудонопазир аз хирад, дониш, ахлоқ, фарҳанг ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар мактаби сарвариро ташаккул дод, ки ин дар рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми сиёсиро доро аст. Бояд қайд намуд, ки яке аз сабабҳои тули ҳазорсола бедавлат мондану зери фишор қарор гирифтани миллати тоҷик ин надоштани сарвари огоҳ ва мактаби сарварӣ буд. Ҳамакнун гуфтан мумкин аст, ки имрӯз дар мамлакат мактаби қавии сарварӣ ташаккул ёфтааст, ки меъмор ва бунёдгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ин мактаб ҳамчун ниҳоди бунёдӣ дар омода намудани кадрҳои сатҳи миллӣ нақш ва мақоми муҳим дорад.

Ҳамин тавр, дарк ва хулосаи ҳамин сиёсатгузорӣ, ташаббус, корнамоӣ, ҷасорат ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти таҷлили Рӯзи Президентро бозгӯӣ менамояд. Бо дарназадошти чунин воқеиятҳои бузург ва ҳақиқати инкорнашаванда гуфтан мумкин аст, ки дар мавҷудият, бақо ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ниҳоди Президент махсусан, шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ба вуқуъ пайвастани ду рӯйдоди муҳимми таърихӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва маросими савгандёдкунии Президент дар санаи 16 ноябр муҳим будани ин рӯз дарак медиҳад. Фаъолияти самарабахш ва бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ ва таъмини амнияти давлат аҳамияти сиёсӣ ва тарбиявии таҷлили Рӯзи Президентро даҳчанд намудааст. Аз ҳамин лиҳоз, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин рӯз, ин эҳтиром ба ҳастии миллат, мавҷудияти давлат ва заҳмату талошҳои Президенти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои умумимиллӣ мебошад.

Алиназар Ашуров,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед