Дар васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба муноқишаи сарҳадӣ ва низоъ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон матолибу маводи зиёде ҳар рӯз ба нашр мерасанд, ки паҳлуҳои гуногуни ин қазияро аз дидгоҳҳои мухталиф мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳанд. Аз ҷумла, таҳлилгари масоили сиёсӣ Эҳсон Муввадиён зимни мақолаи худ таҳти унвони “Талошҳои Туркия барои таҳрики Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон” чунин таъкид намудааст:

“Танишҳои маҳаллӣ байни кишвари Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки қаблан сатҳи маҳдуд ва муайян дошт, инак, густариш ёфт ва ба Қирғизистон имкон дод, ки ба Тоҷикистон бештар зарару зиёни инсонӣ ва молӣ расонад, аслиҳа ва техникаи зиреҳпӯш ва пойгоҳҳои низомии кишварро дар масофаи дур нобуд созад ва доманаи ҷангро ҳатто ба шаҳрҳои калон расонад”.

Рӯзноманигори дигари эронӣ Ҳусайни Асғариён дар мақолаи хеш бо номи Бархӯрди таҷовузкоронаи геополитикии Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон” навиштааст:

“Бо вуҷуди ин, дар ҳоле ки ду кишвар дар бораи оташбас 16 сентябри соли 2022 ба мувофиқа расиданд. Аммо гузоришҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки неруҳои низомии Қирғизистон шарту тақозоҳои оташбасро нодида гирифта, рӯзи 17 сентябр бо истифода аз аслиҳаи вазнин, ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор” ва мушакҳо ба деҳот ва мавқеъҳои неруҳои тоҷикистонӣ оташ кушоданд ва хисороту зиёни зиёдеро ба бор оварданд”.

Дар мақолаи арзишманди таҳлилгари масоили сиёсӣ хонум Заҳро Хонмуҳаммадӣ “Муноқишаҳои Тоҷикистону Қирғизистон: баҳси куҳна бо ҷанбаҳои нав” сабабҳои даргирӣ ва низоъ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди тавзеҳ ва арзёбӣ қарор дода, барҳақ тазаккур додааст:

Муноқиша миёни ду кишвари Тоҷикистону Қирғизистон бо гузашти се даҳсолаи Истиқлоли давлатӣ ба далели баҳсҳои сарҳадӣ бо ҳамдигар идома дорад. Тибқи изҳороти ҷониби Тоҷикистон, Қирғизистон бар хилофи протоколи имзошуда ба таври якҷониба сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тандиқро аз сар гирифта, боиси низоъ миёни сокинони деҳаҳои наздимарзӣ шудааст”.

Хулоса, мавзуи қазияи печида ва доғи муноқиша ва низоъи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар васоити ахбори оммаи форсизабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври густурда ва васеъ инъикос мегардад, ки огоҳӣ пайдо кардани хонандагони нуктасанҷ аз манфиат холӣ нест.

Ба муштариёне, ки мехоҳанд ба таври амиқу мукаммал бо матолибу маводи мазкур мукаммал ошно гардад, сарчашмаҳои онҳоро пешкаши муштариён менамоем:

https://tisri.org/?id=8cgkc577
https://tisri.org/?id=t9uou40t
https://tisri.org/?id=5ef8yjbl

 ТАҲИЯИ ҚИЁМИДДИН САТТОРӢ

Чоп кунед