Истиқлоли давлатӣ ба соҳаи фарҳанги Тоҷикистон таъсири амиқи худро гузошт ва ба шинохти мардуми тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Маҳз бо шарофти Истиқлоли давлатӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои миллии аҷдодӣ, адабиёту санъат ва фарҳанги бою ғании халқи тоҷик дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гардиданд, ки имрӯз бисёре аз ҳунарҳои мардумии тоҷик бо диди муосир бо табъу завқи замонавӣ рушду равнақ ёфта, мақбули дилҳои сайёҳони хориҷӣ гардида истодаанд.
Дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони равобити фарҳангиро васеъ намуда, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд.
Анъанаҳои фарҳанги миллии тоҷикон хеле зиёду гуногунҷабҳа мебошанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо хусусиятҳову мазмуни махсуси худ, бо таърихи офариниш ва рушду равнақи худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Яке аз намудҳои волои ҳунарҳои мардумии аҷдодии тоҷикон, ки ба санъати бадеӣ – амалӣ маҳсуб дониста мешавад, ин кашидадӯзӣ ва ё худ гулдӯзии чакан мебошад.
Чакан таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Чакан бо сифатҳои маҳину зебову дилрабояш ва бо арзиши ҳазорсолаву куҳанаш диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуд ва ҳамчун мероси ғайримодии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф гардид. Яъне, моҳи ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13 –уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, номинатсияи “Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 800 нафар намоянда аз 120 давлати дунё иштирок доштанд, ки аксарияти онҳо номинатсияи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дар шароити Истиқлоли давлатӣ ин падида ҳамчун як дастоварди бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дорои таърихи куҳан ва фарҳангу адабиёти бою ғанӣ пазироӣ намуданд.
Вожаи «чакан» маънои нақшро ифода мекунад. Дар фарҳангномаҳои муътабартарини куҳан ба монанди “Бурҳони қотеъ”, “Ғиёс-ул-луғот”, “Рашидӣ”, “Кашф”, “Мадор” шарҳи вожаи чаканро дидан мумкин аст. Ҳамчунин маълумоти муҳим оид ба гулдӯзӣ дар “Авасто”, “Шоҳнома”, осори Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Балхӣ, Восифӣ ва дигарон дарёфт намудан мумкин аст.
Оид ба равияҳои гуногуни гулдӯзӣ ва сабкҳои он, офариниш ва таърихи он муҳаққиқону олимони зиёде маълумоти бисёреро ҷамъ намудаанд.
Ибтидоан дар нақшгузорӣ ё гулдӯзии аҷдодони ориёнажод рамзи ориёӣ нақши махсус ҳисобида мешуд, ки он ростиву ростқавлӣ, ҳамчунин, чор унсури арбаъаи сабаби пайдоиши одаму оламро ифода мекунад. Аз рӯйи таҳлилҳо дар ибтидо мардуми ориёӣ дар либосҳояшон танҳо рамзи ориёиро истифода мебурданд, баъдан бо гузашти вақт ин нақш такмил ёфта, боз нақшҳои нав ба монанди давра ҳамчун ифодакунандаи рамзи офтоб, гармиву равшанӣ ва гулҳои рангоранги ҳамешасабз ба сифати ифодакунандаи садоқату эҳтиром ба табиати зебои кишвари хеш ва дигар нақшу нигори монандро ба худ ҳамроҳ намуд.
Олимону бостоншиносон дар гулдӯзиҳо беш аз 700 намуди нақшу нигорро муайян намудаанд, ки онҳоро ҳамчун нақшҳои ороишӣ ба се гурӯҳ – ислимӣ, ҳандасӣ ва хаёлӣ ҷудо кардаанд. Ғайр аз ин, пажӯҳишгарон услуби нақшҳои гулдӯзиро, пеш аз ҳама, ба муҳити зист вобаста дониста, онро ба ду намуди асосӣ – гулдӯзии кӯҳистонӣ ва водигӣ тақсим намудаанд.
Чакан ё ин ки кашидадӯзиҳои кӯҳистонӣ бештар мазмуни бадеиро доранд. Дар кӯҳистон пироҳани чакан хеле васеъ ва доманкушод омода карда мешавад, ки аз китф то домани пироҳан ва то домани остин пур аз нақшҳои ислимӣ, яъне нақшҳои гулу, растаниву набототи гуногунранг ба монанди: аштақ, косагул, барг, баргак, себарга, зулфи печон, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак, гули олуча, гули ошиқи печон, гули калон, гули лола, гули садбарг, гули сагак, гули садпар, гули себ, гули сиёҳгуш, гули райҳон, гули хайр ва боз нақшҳои гуногуни дигар бо ҳам омезиш ёфта, сабк шудаанд.
Хусусияти фарқкунандаи пироҳани чакани водигӣ аз кӯҳистонӣ дар он аст, ки он нисбатан фаррохтар аст ва дар он нақшҳои ислимӣ камтар сабк шуда, бештар нақшҳои ҳандасӣ истифода шудаанд. Сабки нуқтачаҳову доирачаҳои гуногун дар як, ду ва ё се қатор мисли ҳамел – услуби чакани ҳандасӣ мебошад.
Қайд намудан зарур аст, ки аввалин намунаи таърихии чакани аҷдодиро, ки ба асри III-и мелодӣ мутобиқ аст, бостоншиносону муҳаққиқон дар ҳудуди деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор дастрас намудаанд. Дар он кашфиёти таърихӣ расми Дарахти ҳаёт бо услуби классикӣ гулдӯзӣ карда шудааст. Яъне, ин кашфиёт онро муайян сохт, ки фарҳанги чакандӯзӣ сарчашмаи худро аз водии Кӯлоб оғоз намудааст.
Ҳамзамон, дар маълумотҳои таърихӣ омадааст, ки дар замони Сомониён дар Хатлонзамин марказҳои чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ амал мекарданд, ки бо маҳсулотҳои зебову мунаққаши худ ба монанди: сӯзанӣ, пироҳан, ҷойпӯш, рӯймол, тоқӣ, камарбанд, ҷойнамоз, бардеворӣ, болишт, гаҳворапӯшак, чойхалта, хурҷин, парда ва ғайра машҳур буданд. Санъати чакан аз рӯйи маҳсулотҳои номбурда тавассути савдои “Роҳи абрешим” ба минтақаҳои назди роҳҳои корвонгузар оҳиста-оҳиста паҳн гардид.
Дар замони қадим пироҳанҳои чакан танҳо дастраси мардуми сарватманду дороён, ашхоси машҳур ва дарбориён буданд. Баъдан, бо гузашти вақт чакан, инчунин дастраси мардуми оддии тоҷик низ гардид. Бинобар ин, чакан то ба имрӯз ҳамчун рамзи шукӯҳу сарват, саховат ва дороӣ маҳсуб дониста мешавад.
Бояд гуфт, ки чакан ва ё кашидадӯзӣ ҳунари меросии занону бонувони тоҷик мебошад, ки аз гузаштагон аз насл ба насл боқӣ мондааст. Чакан ва маҳсулотҳои чаканӣ бештар дар тӯю маракаҳои хонаводагӣ ва дар иду маросимҳои миллӣ истифода бурда мешаванд. Модарону бибиҳо ин навъи ҳунарро, ки дар пироҳану ҷомаву тоқиву рӯймолу сӯзаниҳо бо орзуву омоли нек сабк намудаанд, барои фарзандону наберагони худ дар рӯзи тӯйи арусию домодӣ тӯҳфа менамоянд, то ки дуову орзуи онҳо дар раванди зиндагии навхонадорон мустаҷоб гардад ва онҳоро аз ҳар хатар эмин нигоҳ дорад.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ тарроҳони номдори Тоҷикистон санъати волои чаканро бо анвои гуногуни муосир такмил намуда, ба намоишҳои мӯди ҷаҳон муаррифӣ намуда истодаанд. Яъне, ин санъат мухлисони худро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар давлатҳои дунё низ пайдо намудааст. Имрӯз бештари занону бонувони тоҷик дар рӯзҳои ҷашнӣ, тӯю маросимҳо ва чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ дар баробари дигар пироҳанҳои зебои миллӣ пироҳани чаканро бо ифтихор ба бар карда, симои ватанро чандкарата рангину зебо месозанд. Бо ин васила занону бонувон арҷгузории хешро ба фарҳангу таърихи миллат баён намуда, аз шавқи бегонапарастӣ худро дар канор мегиранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки эҳтиром намудани фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ яке аз падидаҳои сулҳу субот, озодиву ободии ҳар як давлату миллат аст.
Хулоса, бо ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати чакандӯзӣ бо тамоми назокаташ бори дигар эҳё гардида, дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намудааст. Дар чакан дунёи рангини зебоиҳои ҷаҳон тавассути рангбозии риштаву сӯзан бо нақшу нигори нодири миллии тоҷикӣ ба ҳам омада, бинандаро мафтун мегардонад. Айни замон чакан марзҳои Тоҷикистонро убур карда, бештар диққати хориҷиёнро ҷалб мекунад. Таърихи тоҷикон бо саҳифаҳои рангини худ хазинаи тиллоии ҷаҳонро боз ҳам рангинтар намудааст. Ин аст, ки тоҷикон аз қадим анъанаву суннатҳои аҷдодиро дар замири худ мепарваранд ва имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон симои худро чун таблиғгари арзишҳои башардӯстона маъруф гардондааст.
Фарзона Худойдодова,
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон