Дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг, вусъат гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гурӯҳҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи осудагӣ ва сулҳу субот дар кишвар ба вазифаи дараҷаи аввал мубаддал гаштааст. Азбаски имрӯз таҳдиди терроризм ва экстремизм ба амнияти ҷаҳони муосир ҳамчун «вабои аср» шинохта шудааст ва ин таҳдид на танҳо ба марзу бум, балки ба ҳастии миллату ҳастии инсоният эҳсос мешавад, муқовимат бар зидди он кори ҷонии ҳар як фарди ҷомеаи соҳибфарҳанг ва бонангу номус аст.

Экстремизм (ифротгароӣ), ки яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани терроризм мебошад, аксаран дар миёни ҷавонон ба воситаи интернет паҳн мешавад.

О. Назриева

Экстремизм чист ва бо кадом шаклҳо зохир мешавад? Дар ин бора муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Ойниёл НАЗРИЕВА зимни як нигоштаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст, чунин андеша меронад:

Инак, экстремизм чист дар кадом шаклу намудҳо ба зуҳур меояд? Дар ин бора дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм (ифротгароӣ) чунин омадааст:

«экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ.

амали экстремистӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое (кирдорҳое) мебошанд, ки барои мақсадҳои зерин равона карда шудаанд:

а) ба таври маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ғасб ва тасарруфи салоҳияти ваколатдори ҳокимият;

г) ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;

д) амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

е) ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ, динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст;

ж) паст задании шаъни миллӣ;

з) ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, ҷинсӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва ё бо абабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гуруҳи иҷтимоӣ;

и) ташвиқоти ягона будан, бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бо хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва забонии онҳо;

к) даъвати оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои амалҳои номбаршуда;

л) маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кӯмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддию техникӣ, алоқаҳои телефонӣ, факс, хизматрасонии итттилоотӣ, дигар воситаҳои моддию техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият».

Фикр мекунем, ҳар касе ба ин муқаррароти қонун мутаваҷҷеҳ шавад, ҳатман аз хавфи экстремизм дар ҷомеаи мо пай хоҳад бурд, махсусан имрӯз, вақте ки ағлаби ҷавонону наврасон аз субҳ то шом банди интернет мебошанд. Зеро дар шароити замони муосир проблемаи аз ҳама муҳимтарин ва мушкилтарини амнияти иттилоотӣ, ки ҳалли он заковатмандии саривақтӣ ва масъулияти ҷиддиро талаб менамояд, дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, бахсусус интернет ба миён омадааст.

Пажӯҳиш ва таҳлили амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад, ки проблемаҳои хатарноки ҷаҳонишавӣ ба ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст. Аз ин рӯ, танзими ҳуқуқии он дар муносибат ба нигаҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои иттилоотӣ дар интишорот ба воситаи шабакаҳои гуногуни технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, таъсири манфии он ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ба мақомоти гуногуни ҳукумат ва, муҳимтар аз ҳама, муҳофизат аз ифшои сирри давлатӣ ба миён омадааст.

Айни ҳол дар ВАО-и ҷаҳонӣ интернет яке аз асоситарин ва умумитарин воситаи дарёфти ахбор ва мавод ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, бояд баррасӣ намуд, ки таъмини амнияти иттилоотӣ, ки яке аз мушкилоти асосии глобалии ҷаҳони муосир гардидааст ва маҷмӯи манфиатҳои шахсӣ, ҷомеа ва ҳукуматиро дар бар мегирад, то кадом андоза ташвишовар аст. То чӣ андоза масъалаи хавфи иттилоотӣ имрӯзҳо, ки маҳз он ҷанги сарди байни давлатҳо ва нажоду миллатҳоро даҳчанд мегардонад, ба тафаккури мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксарашро ҷавонон ташкил мекунанд, таъсиргузор аст. Ва миллати мо, ки ҳарчанд 98%-аш мусулмонанд, ниҳоят хирадманд, ботамкин, дурандеш ва таҳаммулпазир мебошанд, аз назари дигарон чӣ гуна дида мешаванд?

Дар айни ҳол ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун фишанги асосии таъсиррасон ба афкори иҷтимоӣ, махсусан ҷавонон, ки ҳолати устувории равониашон ҳанӯз комил нест, дониста мешавад. Ҳамчунин, маҳаки пурқуввати ҳаракатдиҳандаи бозингарони сиёсӣ барои осебпазирии миллатҳо ва давлатҳо мебошанд, ки ҳадафмандона ба равандҳои гуногуни сиёсӣ таъсир мерасонад.

Бештар иттилооти хатарзо маҳз ба воситаи интернет паҳн мегардад, ки мушкилоти амниятиро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ пеш меорад. Ин гуна инъикоси масоили амнияти иттилоотӣ дар ВАО-и кишвари тоҷикон имрӯз хусусияти ба худ хосеро касб намуда, ба зеҳну тафаккури бошандагони ин сарзамин таъсири гуногун мерасонад.

Интернет як майдони васеи судманд барои паҳн намудани ҳама гуна ақидаю мафкура мебошад, новобаста аз он ки ин ақидаю мафкура самараи мусбат ба бор меорад ё манфӣ. Ба воситаи интернет роҳҳо ва усулҳои гуногуни корбурди ғайриқонунӣ, воситаҳои он ва пинҳон намудани ҷиноятҳо имкон дорад. Маълум аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, ки рӯз то рӯз зиёд гардида истодаанд, сарчашмаи асосии ташвиқ намудани ақидаҳои ифротгароӣ низ ба ҳисоб мераванд. Вазъияти мубориза бо экстремизм ва терроризм бо ин воқеият печида мешавад, интернет пешбинии онҳо ва сари вақт огоҳӣ додан аз онҳоро боз ҳам душвортар мегардонад.

Агар то моҳи майи соли 2019 муайян шуда бошад, ки 7,7 миллиард инсон дар рӯйи замин зиндагӣ кунанд [1.], аз ин 4,4 миллиард инсонҳо ба интернет пайвастаанд, ҳол он ки дар соли 2017 пешгӯӣ карда шуда буд, ки то соли 2020 ин нишондод ба 5 миллиард мерасад. Ин гувоҳи он аст, ки пайвастшавӣ ба интернет нисбат ба он, ки мо ҳадс мезадем, зиёдтар аст. Яъне нисфи зиёди аҳолии рӯйи Замин аз интернет бо суръати том истифода мебаранд. Ин истифодабарандагон дар як рӯз ба ҳисоби миёна зиёда аз 6 соат, тавре мегӯянд, дар режими онлайн ҳастанд. Аз ин маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар соли 2019 зиёда аз 2 соатро дарбар мегирад, ки аз се як ҳиссаи воридшавӣ ба интернет аст[2.]

Танҳо дар соли 2019 дар ҷаҳон як миллион истифодабарандагони нави интернет ба қайд гирифта шудаанд. Аз рӯйи иттилои расмӣ, аз моҳи сентябри соли 2018 дар Тоҷикистон аз интернет 2,5 миллион нафар одамон бевосита, ба воситаи телефонҳои мобилӣ 6,2 миллион нафар муштарӣ, ки аз онҳо 4,1 миллионашашон истифодабарандагони фаъол мебошанд, истифода мебаранд[3.]

Ҳайратовар ва қобили мулоҳиза аст, ки дар соли 2019 афзоиши пайвастшавӣ ба интернет то андозае дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дида мешавад, аммо дар мамлакатҳои пешрафта он рӯ ба коҳиш овардааст. Масалан, дар Ҳиндустон дар 12 моҳи охир 100 миллион истифодабаранда, ки 20%-ро дар як сол ташкил медиҳанд, ба интернет ворид шудаанд. Аммо ИМА дар ин рейтинг баъд аз Чин дар ҷойи сеюм қарор дорад. Россия бошад, умуман аз соли гузашта қариб, ки фарқ намекунад. Дар Африқои Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ воридшавӣ ба шабакаи интернет камтар аст.

Бояд зикр намуд, ки агар пештар бештари ҷавонони истифодабарандаи шабакаҳо аз синни 18 то 25-соларо дарбар мегирифтанд, акнун дар соли 2019 истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ то ба синни аз 30 болоро ташкил медиҳанд. Масалан, дар Фейсбук ҳатто истифодабарандагони синни аз 18 то 55–соларо дидан мумкин аст, яъне ба «камолрасии» истифодабарандагон ба чашм мерасад. Аҳли хирад ва тафаккури ҷомеаи ҷаҳониро мебояд, ки сари ин, ба қавле таназзули (деградацияи) мафкуравии инсоният, низ андешаи амиқ дошта бошанд.

Гугл, Ютуб, Фейсбук чун пешқадамтарин веб-сайтҳое ҳастанд, ки инсонҳо умри худро дар онҳо сарф мекунанд. Аҷиб он аст, ки сомонаи Твитер, харчанд ки аъзоёнаш кам бошад ҳам, дар қатори дигар сайтҳои бонуфуз дар онлайн бештар ҳузур дорад. Дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ 92% истифодабарандагон бештар вақти худро ба тамошои видео мегузаронанд. Дар аввали соли 2019 муайян шудааст, ки 4 миллиард одамон (аз 4,4 миллиард истифодабарандагон) тамошобини онлайн-видеоҳо ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ 6 миллиард инсон бо телевизион таъмин аст.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти махсуси мамлакатҳои гуногун назорати қатъиро аз болои манбаъҳои интернетӣ пурзӯр намудаанд. Ин амал ҳарчанд садди роҳи озодии сухан мегардад, аммо амри зарурист, чунки вазифаи басо пурмасъулият – раҳо бахшидани инсоният аз вартаи ҳалокати террористӣ роҳи дигаре надорад.

Сабаби сонсури (цензураи) интернетиро ҷорӣ намудани баъзе кишварҳои абарқудрат низ дар он аст, ки амнияти кишвари худро то андозае аз хатарҳои интернетӣ эмин доранд, ба монанди «Кореяи Шимолӣ, Сомали, Эрон, Чин, Сурия, Гвинеяи Экваторӣ, Ветнам, Арабистони Саудӣ ва ғайра»[4.]

Аслан, манбаъҳои таъсиррасони ахборӣ дар шабакаҳои интернетӣ гуногунанд. Ба ғайр аз он сомонаҳое, ки бевосита идеяҳои сепаратизм (ҷудоиандозӣ), экстремизм (ифротгароӣ), ксенофобия (миллатбадбинӣ)-ро таблиғ мекунанд, ҳамчунин, сомонаҳое вуҷуд доранд, ки бевосита дар бораи чӣ гуна коркарду истифодабарии воситаҳои террористӣ маълумот медиҳанд ва рӯйрост хавфи ҷангиро ба миён меоранд. Ба ин сомонаҳои интернетие мисол шуда метавонанд, ки усули чӣ гуна тайёр намудани маводи таркиш, аз чӣ омода намудани он, навъҳои маводи таркиш ва заҳролудсозӣ ва ғайраро шарҳу тафсир медиҳанд, ки ин на танҳо ба психологияи инсон таъсир мерасонад, балки ӯро метавонад ба амали террористӣ бевосита омода намояд.

Муноқишаҳо ва амалҳои номатлубе, ки байни миллатҳо ва дину мазҳабҳо мегузаранд, пеш аз ҳама, равияҳоеро ба вуҷуд овардаанд, ки аллакай тӯли асрҳо нишонаҳои онҳо дида мешуданд, вале асри техникаву технология ин равияҳоро даҳчанд нуфуз ва рушдашонро тезтар ва бештар намудааст. Ҷабҳаи аз ҳама хатарнок дар ин миён он аст, ки маҳз интернет ин равияҳоро аллакай на кори як мазҳаб, як дин ва як миллат, балки хавфи умумӣ ва глобалӣ гардонидаааст. Чунин вазъ барои решакан намудани равияҳои террори равониву иқтисодиву сиёсиву иҷтимоӣ мушкилӣ эҷод менамояд. Ин равияҳо аслан бо номҳои экстремизм, терроризм, фанатизм, фарҳангситезӣ, ки воқеан дар оянда ба амнияту суботи на як кишвар, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунанд, арзи ҳастӣ мекунанд.

Нишонаи аввали экстремизм пеш аз ҳама итоат намудан ва иҷро намудани талаботест, ки ғайриимкон аст ва бовар намудан ба ақидаҳоест, ки ба ақли инсони муқаррарӣ намеғунҷад. Афкори ифротгароӣ бештар ба онҳое хос аст, ки намехоҳанд ниёзҳои дигар инсонҳоро ва ё дар умум, ҷомеаро дарк созанд. Ҳамчунин, ба ифротгароён ғурури бемавқеъ хос аст. Онҳо наметавонанд, ки ба пиндору гуфтору рафтори худ аз нигоҳи танқидӣ назар кунанд. Камбудии асосии онҳо дар он аст, ки ба «фантазия»-и худашон инсонҳои дигарро гумроҳ менамоянд. Масалан, ҳангоми суҳбат кардан ба онҳо, махсусан ҷавонон, тоқати то ба охир суханро шунидан надоранд ва ҳамчунин, аз нигоҳи психологӣ ниҳоят асабонӣ ҳама чизро қабул менамоянд ва ҳангоми гап задан аксарашон як ибораро ҳатто се бор ҳам такроран истифода менамоянд. Шояд ин аз он ҷиҳат бошад, ки мехоҳанд бо ин тарз дурустии сухани худро таъкид намоянд ва ё аз боиси он аст, ки ҳатто худашон ҳам бовар надоранд, ки шунавандаашонро бо суханони подарҳавояшон мутақоид карда метавонанд.

Дигар нишонаи характери экстремистидошта дар он аст, ки онҳо дар ҳоли ба ягон амал даст задан фаъолияти ниҳоят пуршиддат ва аз меъёр зиёд нишон медиҳанд, ки ба он эҳтиёҷе нест ва бо ин восита мехоҳанд тарафдорони худро зиёд намоянд. Дар натиҷа, ин амали онҳо дар байни аксари инсонҳо, ки пеш аз ҳама, барои эҳтиёҷи зиндагии ҳаррӯзаашон кору фаъолият менамоянду қувваи худро барои қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоии худ ва аҳли оилаашон ба харҷ медиҳанд, метавонад нофаҳмиро ба вуҷуд меорад.

Чӣ бояд кард? Ба назари мо, барои муборизаи муваффақона бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм дар шабакаҳои интернет бояд маҷмӯи тадбирҳо андешида шаванд. Муносибати комплексӣ дар ин мубориза имкон медиҳад, ки ба густариши экстремизм дар шабакаҳои интернет таъсир расонида, муқобилат ба он беш аз пеш пурзӯр карда шавад.

Дар аксари кишварҳо корҳоеро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои кам кардани экстремизм, нобуд сохтани терроризм дар дастаҷамъӣ анҷом медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз онҳо вобаста ба шароит ва вазъ дар Тоҷикистон низ аз ин роҳу усулҳо истифода намудан ба мавқеъ аст.

Моддаи 8-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ки бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 таҳти рақами 69 қабул шудааст, чунин мефармояд: «Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳояшон бо тартиби афзалиятнок чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла тарбиявӣ, тарғибии ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ равонашударо мегузаронанд».

Бо дарки амиқи масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ишора намудаанд, ки аҳли ҷомеа дар чунин вазъият бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ диҳанд. Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин иброз намуданд: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ, садоқати ҳар як сокини кишварамон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиштагии ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Бознашр: АМИТ”Ховар”

Чоп кунед