Дар доираи баргузории конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав», ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24.06.2024 доир мегардад, силсилаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи намояндагон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба нақша гирифта шудааст, ки бо иштироки коршиносони масоили соҳаҳои гуногуни ду кишвар санаи 20.06.2024 оғоз гардид. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо, то оғози конференсия пазироии меҳмонон ва баргузор намудани вохӯрию мулоқотҳо бо коршиносони соҳа,боздид аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва тамошои манзараҳои дилфереб дар самти тарғиби имкониятҳои ҷаҳонгардии кишвар, инчунин мубодилаи афкори коршиносони ватанию чинӣ арзёбӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, санаи 23 июни соли равон дар ҳамкории дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Маркази тадқиқоти стратегӣ, гурӯҳи намояндагон – иштирокчиёни ҳамоиши мазкур аз Ҷумҳурии мардумии Чин, ки дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба Нерӯгоҳи барқии обии Норак ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро Раисишаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ, директори НБО Норак Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович ва кормандони дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.
Тавре зимни ин боздид аз ҷониби директори Марказ Хайриддин Усмонзода ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, Ҷумурии Тоҷикистон аз ҷиҳати имкониятҳои истеҳсоли қувваи барқи обии аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар арсаи байналмилалӣ дар ҷои намоён қарор дошта, дар ҳолати истифодаи пурраи чунин имкониятҳо метавонад ба яке аз истеҳсолкунандагони барҷастаи “энергияи сабз” мубаддал гардад.
Сипас масъули осорхонаи Нерӯгоҳи барқии обии «Норак» аз таърихи бунёди сохтмони ин нерӯгоҳ , ки дар соли 1961 оғоз ёфта, соли 1979 ҳамаи 9 агрегат бо иқтидори 3015 МВТ ба истифода дода шудааст ба ҳайати меҳмонон маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки Нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш сохта шуда, бо баландии 300-метраи сарбанди худ дар ҷаҳон яке аз баландтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин зимни боздид бо тарзи фаъолият ва истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд.Ҳамзамон, боду ҳаво ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро тавсиф намуда, иброз доштанд, ки муҳити экологии кишвари тоҷикион ба онҳо сахт писанд омадааст ва дар вақти муносиб ба тамошои манзараҳои зебои Тоҷикистон фурсат хоҳанд ёфт.
Дар фарҷоми сафар, директори Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланжоу, профессор Чжу Юнбяо ва ҳамроҳонаш ҳавасмандии кишварашонро барои тақвияти бештари ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба об дар чаҳорчӯби созишномаҳои қаблан ба тасвибрасидаи роҳбарони кишварҳоро муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон