Дар идомаи сафари илмиву пажӯҳишии худ ҳайати Маркази тадқиқоти стратегӣ тибқи барномаи ҳамоҳангшудаи ҷониби Эрон ва Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон аз шаҳри Шероз  боздид ба амал оварданд.

Дар шаҳри Шероз ҳайати Марказ дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангиву сайёҳии шаҳр аз ҷумла оромгоҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, оромгоҳи шайх Саъдии Шерозӣ инчунин Тахти Ҷамшед ва оромгоҳи Куруши Кабир дидан намуданд.

Ҳамзамон, ҳайати Марказ аз корхонаи саноатии шаҳр, аз ҷумла, корхонаҳои Фаросон боздид намуданд.

Зимни сафар мулоқоти директори Марказ бо муовин оид ба гардишгарии раиси вилояти Форс ва раиси шаҳри Шероз доир гардид. Дар оғози мулоқот раиси шаҳри Шероз ҳайати Марказро хайрамақдам гуфта, оид ба робитаҳои таърихӣ ва дастовардҳои муштараки фарҳангии Тоҷикистону Эрон иброз намуд.

Шаҳрдории Шероз тақвияти ҳамкориҳои шаҳрро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ, иқтисодӣ ва тиҷоративу саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, алоқамандии худро изҳор дошт. Махсус зикр шуд, ки дар шаҳри Шероз ба Тоҷикистон эҳтироми баланд доранд ва бо мақсади ҳифзи робитаҳои фарҳангӣ ва таърихи муштарак тасмим гирифта шудааст, ки кӯчаеро ба номи Тоҷикистон номгузорӣ намоянд.

Инчунин ҷониби шаҳрдории Шероз барқарор намудани хати мустақими парвоз миёни шаҳри Шероз ва шаҳри Душанберо саривақтӣ арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки миёни Душанбе ва Шероз бародаршаҳӣ мавҷуд аст, ки ин ба тақвияти робитаҳо мусоидат менамояд.

Директори Марказ дар навбати худ аз пазироии гарму самимии мардуми Шероз изҳори сипос намуда, вобаста ба таъриху фарҳанги муштараки тоҷикону эрониён, ки тули ҳазорсолаҳо шакл гирифтааст, ибрози андеша кард. Директои Марказ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё, ҳифз ва гиромидошти фарҳангу таърихи гузашта маҷмӯи тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла аз ҷойгоҳи баланди шоирони бузурги халқи тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ ёдоварӣ гардида, зикр намуд, ки ба хотири гиромидошти онҳо дар Тоҷикистон хиёбону кучаҳо ва боғу гулгаштҳои фарҳангӣ номгузорӣ гардидаанд.

Директори Марказ таҳкими робитаҳои илмӣ пажӯҳиширо дар соҳаҳои таъриху фарҳанг, гардишгарӣ, саноату иқтисодиёт миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар муҳим баҳогузорӣ намуд. Мулоқот дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва фазои дӯстона доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Марказро дар шаҳри Шероз котиби якум, масъули бахши иқтисодии Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон Маъруфҷон Абдураҳмонов ва кормандони маркази зеҳнии ҷониби даъваткунанда ҳамроӣ намуданд.

Чоп кунед