Дар суханронии охири худ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2020 паҳн гардид, саркардаи гургону шағолони  Ташкилоти террористию экстермистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) М. Кабирӣ иброз кардааст: иштибоҳи аслии мо ин буд, ки ба ҳифзи сулҳу амният авлавият додем. Магар муаллифи чунин суханонро, ки бепарда душмании худро ба сулҳу суббот ва оромию осудагии мардуми Тоҷикистон дар даврони барқарорсозии сулҳу ризояти миллӣ дар солҳои навадуми қарни бистум бо забони худ ифшо кардааст, ба ғайр аз террорист номидан, метавон бо калимаи дигаре тавсиф намуд? Ҳаргиз не! Ин суханони ӯ ва мухтасари таърихи ТТЭ ҲНИ, ки дар поён омадааст, бешубҳа, далели муътамади аз ибтидо террорист будани М. Кабирӣ ва созмони террористию экстермистӣ будани собиқ ҳизби наҳзатиён аст.

Оид ба таърихи ТТЭ ҲНИ сухан карда, бояд таъкид намуд, ки дар охири садаи ХХ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки қариб ҳафтод сол дар таърих ҳамчун давлати абарқудрат арзи вуҷуд дошт, ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гирифтор шуд. Дар  натиҷаи бӯҳрони баамаломада давлати шӯравӣ аз байн рафт ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи таркибии ин иттиҳоди бузург буд, дар баробари дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти давлатии  худро эълон кард. Дар натиҷаи ин дар кишвари мо фазои ягонаи коммунистӣ барҳам хӯрда, фазои демократии бисёрҳизбӣ ва бисёрақидагӣ ба миён омад.

Мутаассифона, баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва бунёди фазои демократӣ ин вазъро сӯистифода намуда,  Ҷумҳурии Тоҷикистонро душманони дохилию хориҷии миллат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Сабабгори асосии ин ҷанги бародаркушӣ гурӯҳҳои хурофотпарасти динӣ буданд, ки саркардагонашон аз Ташкилоти террористию экстермистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ҷонибдорӣ мекарданд. Гурӯҳои хурофотпарасту заифандешаи ин ташкилоти терористӣ-экстремистӣ ҳанӯз дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ  бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон амалҳои муғризонаву пасипардагӣ дошта, баробари барҳам хӯрдани давлати коммунистӣ ба фаъолияти ошкори тахрибкорона оғоз намуданд.

Чунонки аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ин террористон ҳанӯз аз соли 1973  ба фаъолияти пинҳонӣ пардохта буданд. Дар шаҳри Бохтар  (собиқ Қурғонтеппа) ҷамъ омада, саркардагони гурӯҳои хурофотӣ фаъолияти худро аз рӯи се масъала – ҷалби мардум ба фарҳанги исломӣ, мубориза бо бидъату хурофот ва ба майдони сиёсӣ овардани аҳли уламо фаъолияти худро баррасӣ намуданд. Вале ин фаъолияти онҳо дер давом накард ва худи ҳамон сол мақомоти амниятӣ онҳоро ошкор намуданд.

Дар солҳои минбаъда, яъне дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта, дар давраи ба бӯҳрон гирифтор шудани Иттиҳоди Шӯравӣ, мутаассифона, фаъолияти террористони номбурда боз авҷ гирифт. Соли 1984 онҳо ба нашри рӯзномаи пинҳонии «Ҳақиқати ислом» шурӯъ карданд. Онҳо мунтазам дар манзилҳои истиқоматиашон ҷаласаҳои динӣ доир менамуданд. Соли 1985 баъд аз ошкор сохтани чунин ҷаласаҳои ғайриқонунӣ онҳо аз ҷониби мақомоти амниятӣ мавриди назорат қарор гирифтанд. Дар натиҷа, аз 22 июн то 14 августи соли 1986 аз ҷониби мақомоти амниятӣ дар шаҳри Душанбе ва водии Вахш амалиёте гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он 40 узви фаъоли ин гурӯҳ дастгир гардида, террористон, аз ҷумла, сарвари онҳо Абдуллоҳи Нурӣ ба муҳлати яку ним сол зиндонӣ шуданд.

Моҳи марти соли 1991 баъд аз бекор гардидани моддаи шашуми Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Астрахани Русия  анҷумани муассисони ҳизби наҳзати исломии тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ доир шуд. Дар анҷуман ду намояндаи Тоҷикистон муовинони раиси ин ҳизб интихоб гардиданд. Моҳи августи ҳамон сол Шӯрои Олии Тоҷикистон дархости баргузории  анҷумани аввали бахши тоҷикистонии ин ҳизбро рад кард, вале 6 октябри соли 1991 дар масҷиди деҳаи Чортути ноҳияи Ленин (ҳоло – Рӯдакӣ) онҳо анҷумани худро доир намуданд. Шӯрои олӣ дар пайи ин таъсиси аҳзоби диниро дар Тоҷикистон манъ кард. Аммо, мутаассифона, пас аз гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991, ки қувваи асосиашро тарафдорони Ташкилоти террористию экстермистии Ҳизби наҳзати ислом ташкил медод,  ин шахсони разил иҷозати фаъолиятро гирифта, 26 октябри сол 1991 бо иштироки қариб ҳазор вакилу меҳмон анҷумани аввалинашро баргузор намуданд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон тарафдорони ТТЭ ҲНИ худро ба ном донандагони аҳкоми шариат муарифӣ намуда, мардуми оддиро тавассути ҳар гуна шиорҳои динӣ ба муқобили якдигар ба ҷанг хезонданд. Соли 1992 ин гурӯҳҳои фориғ аз муҳаббату садоқати ватандорӣ майдони шаҳидонро ташкил намуда, аз минтақаҳои мухталифи кишвар тарфдорони худро гирд оварданд ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Дар солҳои 1992-1997 ин амали террористон ба Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон хисороти калони молию ҷонӣ овард, бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ вайрону валангор гардида, мардум аз ҷои кор ва давлат аз истеҳсолот маҳрум шуданд.  Ба соҳаи маорифи мамлакат низ хисороти бузурге расонида шуд ва аксарияти муасисаҳои таълимӣ ба штабҳои ҷангии террористони ТТЭ ҲНИ табдил ёфтанд, ки дар натиҷаи он қисми зиёди  наврасону ҷавонон аз таҳсил канор монданд. Дар баробари ин, дар натиҷаи фишору зӯроварии пайвастаи террористон бархе аз олимони равшанфикри мамлакат ҳалок гардида,  қисми дигарашон ҷумҳуриро тарк намуданд.  Мамлакатро ин амалҳои хунхоронаи террористони  ТТЭ ҲНИ аз як ҷониб ба буҳрони иқтисодӣ ва аз ҷониби дигар ба бӯҳрони кадрӣ гирифтор намуд. Ҳаракатҳои шуми онҳо чунон ба миллат ва мамлакат таъсири манфие расонид, ки то ба ҳол хам осори он ба пуррагӣ аз байн нарафтааст.

Чунонки маълум аст, 27 июни соли 1997 «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» ба имзо расид,  аммо ин гурӯҳҳои тундгарову ҷангҷӯ аз амалиётҳои зиддимиллию зиддибашарӣ даст накашиданд. Аз ҷумла, баъди ба имзо расидани созишномаи мазкур  пайравони ТТЭ ҲНИ 5 январи соли 1999 дар ноҳияи Дарвоз дар ҷамоати Сағирдашт ба мардуми осоишта ҳамла оварда, 4 нафарро  аз мардуми маҳалӣ ҳалок ва 12 нафарро захмӣ намуданд. Чунин амалҳои кофаронаи онҳо дар солҳои минбаъда низ идома ёфт. Аз ҷумла, солҳои 2009-2015 террористони ташкилоти мазкур оромию осудагӣ, рушди босуботи мамлакатро нодида гирифта, хостанд, ки  аз нав табаддулот ташкил намоянд ва сохтори конститусиони мамлакатро сарнагун сохта, аз нав ҷомеаро ба гирдоби татбиқсозии андешаҳои ботили худ равона намоянд. Хушбахтона, иродаи қавию нерӯи сулҳхоҳонаи мардуми тоҷик имконият надод, ки тири ин гурӯҳҳои бегонапараст ба нишон расад. Ин фаъолияти носозгори онҳоро ба қонунҳои амлкунандаи ҷумҳурӣ ба назар гирифта, 22 декабри соли 2015 Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро қатъ намуд.

Сазовари таъкид аст, ки ТТЭ ҲНИ аз ибтидои таърихи пайдоиши худ то охирин лаҳзаи ба таври қонунӣ барҳам хӯрданаш дар фаъолияти тахрибкорӣ бо созмонҳои террористии дигари олам робитаи қавӣ доштааст. Аз ҷумла, сохтори он аз сохтори «Ихвонул муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксарияти кишварҳои муосир манъ гардидааст,  нусхабардорӣ карда шудааст. Шарикони ғоявию иқтисодии он ДОИШ – «Давлати исломии Ироқу шом», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати «Толибон», «Таҳрики толибони Покистон» ва ҳатто хадамоти махсус аз якчанд давлатҳои Ховари Миёна ва Наздик ва ғайра буданд.

Дар маҷмуъ, таърихи мухтасари фаъолияти тахрибкоронаи  ТТЭ ҲНИ собит месозад, ки он ҳизби сохтаву бофтаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ буда, мақсади аъзои он танҳо ғасби ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зурӣ мебошад. Хушбахтона, мардуми шарифи тоҷик бо такя ба хиради азалии худ саривақт ин талоши харобиовари онҳоро дарк намуд ва барои худ кашф намуд, ки амалҳои зишти ҷонибдорони ин ташкилоти террористӣ фориғ аз арзишҳои диниву дунявӣ буда, талоши онҳо танҳо ба хотири қонеъ кардани нафси худ, ҷамъи сарват ва амалисозии нақшаҳои хоҷагони хориҷиашон сурат мегирад. Аз ин рӯ, мардуми ватанхоҳу ватанпарасти мо, хусусан ҷавононро зарур аст, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон ва таъмини оромию осоиштагии наслҳои ояндаи миллат ба ҳар як амали саркардагон, ҷонибдорон ва хайрхоҳони ин созмони террористӣ, ки ба рӯи аслии нанговари худ ниқоби исломӣ кашидааст, аз нигоҳи ақли солим, манфиатҳои давлати озод ва орзую омоли истиқлолхоҳии мардуми шарифи Тоҷикистон баҳо диҳанд.

Бори диар таъкид месозем, ки мухтасари таърихи ТТЭ ҲНИ, ки дар боло зикр гардид ва суханони охири саркардаи гургону шағолони  ин ташкилоти террористию экстермистӣ, ки иштибоҳи аслии худро дар авлавият додан ба ҳифзи сулҳу амният мебинанд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки онҳо бепарда аз ибтидои зуҳурашон то имрӯз ба сулҳу суббот ва оромию осудагии мардуми Тоҷикистон душманию адоват дошта, ба ҷуз аз мафҳуми террорист, шахсияти онҳо ва амалҳои зишти онҳоро наметавонад калимаи дигаре тавсиф созад!

Муродҷон Раҳимзода Мансур

коршиноси масъалаҳои сиёсӣ

Чоп кунед