Ба ҳамагон маълум аст, санаи рӯзҳои 14 – ум то санаи 18 – уми соли ҷорӣ ҳодисаҳои мудҳише, ки аз ҷониби кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омад,  ба  ягон конвенсия ва ё эъломияи ҳуқуқи башар дуруст намеояд. Чунки ҳар як ҳодисаю даргириҳо сабабу мақсади худро дорад. Инчунин, тибқи   стратегияи ҷангӣ  ва риояи ҳуқуқи низоъҳои мусалаҳона амал кардан лозим аст.

Мутаассифона,  Ҷумҳурии Қирғизистон бе риояи ягон қонунҳои ҷангӣ ва  ягон конвенсияҳо сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро  вайрон намуда,  бо истифода аз аслиҳаи вазнин,  тайёраҳои бесарнишин, танкҳо, гулулаандозҳо ва дигар силлоҳои оташфишон ба кишвари мо ҳуҷум намуданд. Ҳол он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо кӯшиш намудааст ва талош меварзад, ки ин даргириҳо хотима ёфта, қазияи сарҳадӣ бо роҳҳои сулҳҷӯёна ва гуфтушунид ҳалли худро ёбад.

Мутаассифона, Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз найрангҳои ҳарбӣ ва нақшаҳои ҷангии пешаки омодагашта бе огоҳӣ ба ҳолати ҷангӣ гузаштанд. Дар натиҷа ба мардуми осоиштаи кишвари мо талафоти ҷонию ҷисмонӣ  ва зарарҳои калони иқтисодӣ расониданд, ки ҷинояти хунини ҳарбӣ ба шумор меравад. Кирдору рафтори ҷиноятие, ки аз ҷониби кишвари ҳамсоя ба амал омад, тамоми мардуми ҷаҳонро ба ҳайрат гузошт.

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Қирғизистон ва  васоити ахбори оммаи  як қатор кишварҳо кирдорҳои ҷиноятии содиршуда тавре ба қалам дода шудааст, ки гӯё дар зардухурду низоъҳои мусаллаҳонаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкори асосӣ бошад.  Албатта, вақте ки ҷиноят мегӯем,  ин кор муташаккилона ташкил карда шудааст ва бояд, ки донем ҷинояткор кист?

Чанде қабл бештаре аз мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ба созмонҳои ҷаҳонӣ эътирозҳо баён намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рӯйи нақшаи пешакт тарҳрезикардашуда ба кишвари ҳамсояи худ ҳуҷум намудааст. Дархост карданд, ки нисбати ин кирдорҳо созмонҳои бпйналмилалӣ доир ба ин қазия бетараф набошанд ва чораандешӣ намоед. Ҳол он ки тамоми мардуми сайёра шоҳиди ҳамлаи қӯшунҳои сарҳадии Қирғизистон ба сарзамини тоҷикон ва бенизомии ин кишвар гаштаанд. Бештар сарҳадбонони ин кишвар дасиса намуда,  ҷангу ошубҳоро рӯ мехезонанду баъдан рӯ ба гурез мениҳанд. Бо вуҷуди ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамша қарорҳои оташбастро риоя менамояд ва роҳи сулҳҷӯёна ҷустуҷӯ дорад. Аммо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон намехоҳад, ки сулҳу субот ва амният дар минтақа барқарор бошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро душман эълон намуд. Ин аз он шабоҳат медиҳад, ки ин кишвар роҳҳои сулҳҷӯёнаро наҷуста, бо  тариқи зӯроварӣ ва силоҳ мехоҳад қазияи печидаро ҳал намояд.

Маълуми ҳамагон аст, ки ҳукуматдорони Ҷумҳурии Қирғизистон, ба монанди Президенти мамлакат Садир Ҷабборов ва вазири Кумитаи давлатии амнияти миллии он Қамчибек Ташиев бо кадом роҳу оситаҳои ғайримашруъ ва ғайриқонунӣ ба сари ҳокимият омадаанд. Мардуми Қирғизистон онҳо аниқ ва дақиқ медонад, ки онҳо давлатро бо кадом роҳҳо идора менамояд. Чунки қонунҳои демократӣ нисбати “қонунҳои ҷиноятӣ” ба куллӣ фарқ доранд ва на ҳамаи вақт низоъу муноқишаҳо тавассути зӯроварӣ ҳаллу фасли худро меёбад. Ҳастанд кишварҳое, ки адолат ва идоракуниҳои сиёсӣ, ба монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.

Баъзе аз сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳаёти воқеӣ қариб, ки аз ҳаёти ҷинотӣ фарқ надоранд. Масалан,  ҳолати имрӯзае, ки  тайёраҳои мошинҳои ёрии таъҷилиро мавриди ҳадаф қарор гирифтанд, ки дар натиҷа  мардуми осоишта, махсусан кӯдакони маъсуму бегуноҳ фавтиданд. Ё ҳолати дигаре, ки тавассути тайёраҳои бесарнишин  масҷид ва мошини боркаши ғайринизомиро мавриди ҳадаф қарор дода, дар натиҷаи ин амали ваҳшиёна даҳҳо нафар ҳалок гардиданд.

Дар ягон ҳуқуқҳои низоъҳои мусаллаҳона гуфта нашудааст, ки тавассути техникаи ҳарбӣ деҳоти аҳолинишин мавриди оташ қарор гиранду дар наворҳои худ ин амалро таҳсину офарин намоянд. Ин амалро Конвенсияи Париж ҷиноят ҳисоб меёбад ва бояд кишвари иҷрокунанда ҷавоби ин амалро диҳад. Дар наворҳои худи мардуми Қирғизистон дида мешавад, ки тавассути нориҷакандозҳо ва мошинаҳои зиреҳпӯш деҳоти аҳолинишинро ба мақсади зарари молию иқтисодӣ ва ҷонӣ додан, тирборон менамоянд ва нашармида айбро ба гардани дигарон мениҳанд. Дар ин маврид Мавлонои Бузург барҳақ фармуда:

Чун қалам дар дасти ғаддоре бувад,
Бегумон Мансур бар доре бувад.

Асосан ҷиноятҳое, ки аз ҷониби кишвари ҳамсоя ба амал меоянд, дар дохили мамлакат низ зиёд ба чашм мерасад. Яке аз онҳо дуздидани духтарҳо ва маҷбуран оиладор шудан ба онҳо, анъана ва расми ин мардуми ин кишвар гардидааст. Аз ҷумла, чунин ҳолатҳо байни ҷавонон ва фарзандони сиёсатмадорон ва мансабдорони Ҷумҳурии Қирғизистон дида мешавад. Ё ин ки талаву тороҷ гардидани 19 тонна тиллои холис дар кони Қумтор ва ғайра шаммае аз кирдорҳои ҷиноятии сардамдорони қирғиз, наберагони Манас мебошад.

Акнун хулоса намоед, ки чунин кишваре, ки дар дохили мамлакат ҷиноятҳо, аз ҷумла талаву тороҷи моликияти давлатӣ ва хусусӣ, куштор, дуздӣ ва ғайра тез-тез содир мегарданд, бо намояндагони миллати дигар чӣ гуна муносибат менамоянд. Аз ин хотир,  дарк карда мешавад, ки ҳукуматдорони Ҷумҳурии Қирғизистон бештаре аз мушкилоти бавуҷудомадаро тавассути макру зӯроварӣ ҳаллу фасл менамоянд.

Фаромӯш набояд кард, ки мардуми тоҷик мардуми ҷангҷӯй набуда, балки сулхоҳу инсондӯстанд. Бо вуҷуди ин, фарзандони фарзонаи ин миллат на барои манфиати хеш ва ё манфияти гӯруҳе аз одамон, балки барои тамоми  шаҳрвандони Ватанашон ҷон нисор менамоянд ва ғурури миллии худро аз даст намедиҳанд. Истифодаи зӯроварӣ ва куштору ваҳшонгарӣ тарси мардумро неву балки ору номус ва якдилию ҳувияташонро баланд менамояд. Бузургии миллати тоҷик ва пешрафти асоси кори мо дар он аст, ки Пешвои муаззами миллат  дорем ва ба фармони ӯ омодаи кору хидмати ватану меҳан ҳастем. Мардуми кишвари Қирғизистон андеша намояд, ки аз қафои киҳо мераванд ва манфиати кадоме аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаро ҳимоя менамоянд.

Аз ин лиҳоз, мо. сокинони Тоҷикистон,  набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем  ва дар ҳолати шароити зудтағйирёбанда баҳри амн ва сулҳу суботи мардуми заматкашамон дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ – Тоҷикистони азизамон кӯшишу талош варзем.

 

Ҳарки бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархатти девони миллат мекунад.

 

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
муовини  сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои соњавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед