Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик тавонист таъсири амиқи худро гузорад ва ба шинохти чеҳраи сиёсии занони тоҷик мусоидат намояд. Маҳз шароити соҳибистиқлолӣ буд, ки занони тоҷик тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, инчунин, рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд.
Мавқеи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ масъалаи беҳгардонии шароити занон барои фаъолияти босамари онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ҳамеша дар маркази тавваҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки ҳамеша дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти босамари занону бонувон ва ташаббусҳои созандаи онҳо қаноатмандӣ изҳор менамоянд ва ҳамавақт таъкид месозанд, ки дар кадом соҳае бошад занону бонувонро дастгирӣ менамоянд.
Чунонки, ҳамасола дар Паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои татбиқи вазифаҳову мақсадҳои гузошташудаи қаблии Сарвари давлат арзёбӣ шуда, барои солҳои оянда вазифаҳову мақсадҳои нав гузошта мешаванд, бешубҳа дар баробари дигар бахшҳо бахши занон низ бе таваҷҷуҳ гузошта намешавад. Дар ҳар Паём Сарвари давлат ба мақомотҳои дахлдор ҷиҳати дастгирии занону бонувон вазифаҳои гуногунро масъалагузорӣ мекунанд. Аз ҷумла, 26 январи соли 2021 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат чунин масъаларо баррасӣ намуданд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.”
Бояд гуфт, ки стратегияи номбурда марҳилаи аввали татбиқи худро, яъне марҳилаи солҳои 2011–2020–ро ҷамъбаст намуд. Таҳияи стратегияи мазкур, аслан дар ҷиҳати татбиқи як қатор санадҳову барномаҳои давлатӣ, ки барои дастгирии занону бонувон ба тасвиб расонида шудаанд, асос гирифтааст, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”; Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 3 декабри соли 1999 №5; қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001–2010” аз 8 августи соли 2001 №391 ва “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016” аз 1 ноябри соли 2006 №496 ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дахлдор.
Қайд кардан ба маврид аст, ки “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020” соли 2010 таҳти рақами 269 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шудааст. Стратегияи мазкур аз нуҳ самти зерин иборат мебошад:
- Вазъи зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат
- Фаъолгардонии шуғли занон ва нақши онҳо дар бозори меҳнат
- Дастгирии рушди соҳибкории занон
- Масоили баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон
- Занон ва тандурустӣ
- Ташаккули дарки зарурати таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳо дар тафаккури ҷамъиятӣ
- Самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон
- Омилҳои таҳкими оила
- Индикаторҳо ва механизмҳои асосии татбиқи стратегия
Ҳар як самти стратегия дар худ ҳадафҳову мақсадҳои махсуси худро бо нақшаи роҳҳои гуногуни татбиқи онҳоро доро мебошад.
Хушбахтона, имрӯз метавон гуфт, ки дар натиҷаи ҷамъбаст гардидани марҳилаи аввали татбиқи стратегияи мазкур аз рӯйи ҳар як самт ба дастовардҳои зиёде ноил гардидем. Масалан, дар самти якуми стратегия – “Вазъи зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат” имрӯз занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.
Имрӯз аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ беш аз 23 фоизро занон ташкил медиҳанд, ки шумораи зиёди онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.
Натиҷаҳое, ки дар татбиқи самти дуюми стратегия –“Фаъолгардонии шуғли занон ва нақши онҳо дар бозори меҳнат” ба даст омада шудаанд, аз мисоли инҳоянд, ки солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳазорон нафар бонувону духтарон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд. Имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувон дар бунёди неругоҳи барқии обии “Роғун” ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат софдилона заҳмат мекашанд. Дар деҳоти кишвар бошад, корҳои вазнину заҳматталаб ба дӯши занону бонувон қарор доранд. Ғайр аз ин, имрӯз дар мамлакат роҳбарии аксари хоҷагиҳои деҳқониро занон ба зимма гирифта, саҳми арзандаи хешро фаъолона гузошта истодаанд.
Инчунин, дар марҳалаи солҳои 2011–2020 Ҳукумат барои дастрасии бештари занон ба иқтисодиёт ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат корхонаҳои саноатии зиёдро роҳандозӣ намуд, ки ин иқдом барои занони деҳот ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо шароит фароҳам оварда, ҷиҳати бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардидани онҳо мусоидат намуд.
Бояд гуфт, ки дар давраи солҳои 2011 – 2020 ҷиҳати татбиқи самти сеюми стратегия – “Дастгирии рушди соҳибкории занон” як иқдоми бараъло аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд. Ин аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории занон ду баробар, яъне ба ду миллион сомонӣ афзонида шуд. Ин дастгирии Сарвари давлат ба рушди соҳибкории занҳои тоҷик имкон овард, ки ҳавасмандии занон барои фаъолият дар ин самт бештар гардад. Ин аст, ки имрӯз дастовардҳои занону бонувони тоҷик дар соҳаи саноат низ қобили таҳсину офарин мебошад. Онҳо дар корхонаҳои хурду бузурги мамлакат заҳмат кашида, дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръат фаъолона иштирок доранд. Садҳо нафар занони ботаҷрибаю қавиирода солҳои охир корхонаҳои хусусӣ, аз ҷумла коргоҳу марказҳои нассоҷиву дӯзандагӣ таъсис дода, барои ҳазорҳо нафар занону бонувон ҷойҳои корӣ муҳайё кардаанд. Занони соҳибкори тоҷик дар бунёди марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон, ки ҳадафи асосии самти чоруми Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, як иқдоми бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, яъне таъсиси квотаи президентӣ мебошад. Ба шарофати ин ғамхориҳо нисбат ба занону духтарони тоҷик сатҳи фарогирии духтарон бо таҳсил хеле боло рафта, ҳатто дар байни онҳо нафарони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд баъди хатми мактаб, на фақат дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, балки берун аз он таҳсили худро такмил диҳанд. Ин аст, ки ҳамасола барои таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳам кишвар ва ҳам хориҷ беш аз 1000 ҷой барои қабули довталабон тибқи квотаи президентӣ ҷой ҷудо мегардад.
Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Пас, тибқи таҳлилҳои баъзе самтҳои “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020” хулосабандӣ намудан мумкин аст, ки бо ҷамъбасти марҳилаи аввали стратегияи мазкур масъалаи дастгирии занон сол то сол ҳалли худро беҳтару хубтар ёфта истода, бо оғози марҳилаи дуюми он, яъне марҳилаи солҳои 2021–2030 боварӣ дорем, ки боз ба дастовардҳои нав дар бахши дастгирии занону бонувон ноил мегардем.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ҷараёни мулоқотҳои хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ҳадаф ва дурнамои сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуда, қайд менамоянд, ки баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Таҳлили фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки имрӯз раванди рушди демократикунонии ҷомеа бечунучаро тақозо менамояд, ки чи дар идоракунӣ ва чи дар масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсият гардад.
Ин аст, ки санаи 21 декабри соли 2021 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.”
Дар баробари ин гуфтаҳо, Сарвари давлат ба мақомотҳои дахлдор вазифагузорӣ намуданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Ҳамзамон вазифа гузоштанд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд дар ҳайати хизматчиёни давлатӣ теъдоди занону бонувонро то ба 30 фоиз ва теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд бошад, то ба 25 фоиз расонида шаванд.
Паёми пурмуҳтавои навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кулли мо – занону бонувонро водор намуд, ки зери сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, тамоми кӯшиши хешро баҳри рушди мамлакат равона созем ва бо заҳмати софдилонаи худ дар ин масир ҳиссаи арзанда гузошта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ саъй намоем.
Фарзона Худойдодова –
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон