Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар аз 18 марти соли 2020 дар бораи зиёиён ва нақши онҳо дар ҷомеа сухан намуда, таъкид доштанд: “Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид. Имрӯз мардуми мо бояд сабабҳои он ҷанги хонумонсӯзро донанд. Дар ин бобат набояд хомӯш бошем. Олимони мо бояд сабабу омилҳои онро таҳқиқ кунанд, то ки чунин хатоиҳо дар оянда такрор нашаванд».
Дар ҳақиқат ҳам, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бародаркушӣ, ки дар даҳсолаи охири садаи бистум дар Тоҷикистон рух дод, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва мардум зиёни бузурге расонид. Сар задани ин ҷанги хонумонсӯз сабаб ва омилҳои зиёди дохилию хориҷӣ дошт, ки омӯзиш ва сабақ гирифтан аз онҳо моро барои дар оянда пешгирӣ кардан аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш аз ҷиҳати назариявию амалӣ кӯмак менамояд.
Оид ба омилҳои дохилии низоъи мазкур сухан гуфта, дар байни онҳо метавон нақши зиёиёнро қайд кард, ки дар он марҳилаи барои ҷумҳурӣ ва миллат сарнавиштсоз натавонистанд, ки рисолати иҷтимоию таърихии худро дар назди халқу давлат ба таври зарурӣ ба иҷро расонанд. Дар қатори чунин зиёиён тамоми табақаҳои эҷодию илмиро метавон номбар кард, ки бо сабабҳои айнию зеҳнӣ натавонистанд бо мардум, хусусан ҷавонони кишвар робитаҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқ ва бо истифода аз тамоми воситаҳои дастрас, яъне вохӯрию мулоқоти шахсӣ бо мардум, тавассути баромаду мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма садди роҳи сарзании падидаи нангин дар таърихи навини миллату давлати тоҷикон – ҷанги шаҳрвандӣ гарданд. Вобаста ба ин дар поён кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки доир ба ду масъала чанд андешае иброз карда шавад: 1) дар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ дар мисоли зиёиёни соҳаи илм нишон додани бетарафии зиёиён, оҷизии онҳо дар самти пешгирии муборизаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва дар оқибати кор ба як омили сар задани ҷанги бародаркушӣ мубаддал гаштани ин бетарафӣ; 2) бо мақсади минбаъд роҳ надодан ба чунин зуҳуроти нангини бародаркушӣ мушаххасозии нақши иҷтимоию фарҳангии зиёиён дар замони муосир, ки фориғболӣ аз иҷрои онҳо ба такрори ҳодисаҳои номатлуб метавонад сабабгор шавад.
Чунонки маълум аст, зиёиён дар ҳама давру замон ва дар ҳама фазову макон ҳамеша нақши таҳаввулгар ва пешбарандаи воқеияти иҷтимоиро ба иҷро мерасонанд. Ба зиёиён ҳамчун табақаи фаъоли ҷомеа руҳияи ба таври амиқ маърифаткунанда ва ҷӯяндаву эҷодкор дар муайянсозии асосҳои ҳастии иҷтимоӣ ва фарҳанг хос буда, онҳо дар муайянсозии раванди таърих ва рушди ҷомеа нақши созандаро анҷом медиҳанд. Шахси зиёӣ ҳамеша барандаи матонату мардонагии маънавӣ ва руҳи ҳидоятсоз буда, бо ҷаҳонбинии шахсии худ на камтар аз дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ба ақидаву андешаи мардуми одӣ таъсири муфид мерасонад.
Ба зиёиёни тоҷик дар солҳои навадуми асри гузашта, махсусан барои онҳое, ки дар соҳаи илм фаъолият доштанд, тамоми хусусиятҳои дар боло номбаршуда хос буданд. Дар байни зиёиёни мо он замон донишмандон ва шахсиятҳои барҷастаи зиёде буданд, ки ба таври мабдавӣ метавонистанд мардумро аз роҳи бад баргардонида, ба роҳи нек роҳнамоӣ кунанд ва тамоми ҷомеаро ба сӯи созандагӣ ҳидоят созанд. Вале, мутаассифона, дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ зиёини соҳаи илми ҷумҳурӣ, аз ҷумла, онҳое ки дар сохторҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолият доштанд, бо сабаби пайдо гардидани фазои холии идеологӣ – беқурб гаштани ҷаҳонбинии марксистӣ-ленинӣ ё коммунистӣ, мавҷуд набудани идеологияи алтернативии миллӣ ва ё шакли дигари он, инчунин бо сабабу омилҳои дигар аз иҷрои рисолати худ оҷиз монданд. Маҳз ҳамин ҳараҷу мараҷ дар соҳаи идеология, болоравии умумии хурофоту дингароӣ байни тамоми табақаҳои аҳолӣ, ҷалб шудани қисмате аз зиёиён ба ҳаракату ҳизбҳое, ки дар ҷомеа нав пайдо шуда, вале ҳоло мавқеи муайяну устувор касб накарда буданд, инчунин фаъолияти густурдаи исломи сиёсишуда ба бетараф гаштани аксарияти кулли зиёиёини соҳаи илм нисбат ба ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар мусоидат намуданд.
Чунонки таъкид гардид, дар он солҳо дар ҷумҳурӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёде пайдо шуда буданд. Аз ҷумла, дар байни кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҳизби Демократии Тоҷикистон ва ҳаракати «Растохез» маъруфияти зиёде пайдо карданд. Роҳбарияти ин ҳизбу ҳаракати ҷамъиятӣ худ дар сохторҳои академӣ фаъолият мекарданд, пайваста дар ин муассисаҳо қарор дошта, корҳои тарғиботӣ мебурданд, ки ҳамаи ин сабабгори ҷудоиандозиҳо байни зиёиёни соҳаи илм гардид. Дар баробари ин, аксарияти насли калонсоли олимон дар он давра аъзои Ҳизби коммунистии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, бо ду гуруҳи дар боло зикршуда дар муқобилияти комил қарор доштанд ва ин омил ҳам ҷудоиандозиҳоро байни аҳли илм тақвият медод. Дар он солҳо байни ходимони илмӣ аввалин хурофотпарастону дингароҳо низ пайдо гардида, танҳо бо далели мавҷудияти худ сафҳои аҳли илмро ба пуррагӣ аз ҳам ҷудо ва нерӯи зеҳнии онҳоро комилан оҷиз гардониданд.
Агар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои мазкурро дар он давра таҳлил намоем, мебинем, ки дар байни зиёиёни соҳаи илм муборизаи идеологӣ дар якчанд самт ҷараён дошт. Намояндагони Ҳизби коммунистии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар самти нигоҳдошти давлати шӯравӣ ва ҷаҳонбинии ғайридинӣ пофишорӣ менамуданд, вале мутаассифона, чунонки болотар зикр шуд, ҷаҳонбинии коммунистӣ байни мардум нуфузи худро аз даст дода, аъзои ҳизби мазкур аз дастгирии аксарияти аҳли илм дигар бархурдор набуданд. Дар сафҳои ин ҳизб танҳо насли калонсол боқӣ монда буд, ки аксарияташон аз ҷиҳати сиёсӣ фаъолмандие аз худ нишон намедоданд. Аз ҷониби дигар, бо сабаби тарс дар рӯ ба рӯи муттаҳам гаштан ба бединӣ, ки аз ҷониби исломпарастони сисишуда ошкоро ва бо таҳдид пайваста таъкид карда мешуд, аъзои Ҳизби коммунистии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай корҳои идеологию фаҳмондадиҳӣ намебурданд. Ҳамаи ин ба бетарафии коммунистони соҳаи илм нисбат ба ҳодисаҳои сиёсӣ оварда, як қатор олимонро дар самти пешгирӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оҷиз гардонид.
Ҳизби Демократии Тоҷикистон бошад (муассис ва роҳбари он ходими илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буд), худро ҳамчун ҳаракати демократияхоҳон муаррифӣ мекард ва ба сафҳои он асосан олимони насли миёнсол ҷалб гардида буданд. Вале фаъолияти роҳбарияти он бо ташкили нахустин гуруснашинӣ дар ҷумҳурӣ, даъват ба намоишкорона оташ задани билетҳои комсомолӣ ва ҳизбии коммунистӣ ва андешидани чораҳои дигари аз сиёсати касбӣ хеле дур нишон дод, ки ҳадафи онҳо танҳо ба даст овардани ҳокимият, мансабҳои давлатӣ дар сатҳҳои гуногун ва амсоли он буда, ба демократияхоҳӣ умумияте надорад. Аз ҷониби дигар, роҳбарияти ин ҳизб дар таҳти таъсири идеологии исломи сиёсӣ ва қозиёти он замон қарор гирифта, аз ҷониби онҳо дастгирии молиявӣ меёфт. Ба Ҳизби Демократии Тоҷикистон пайвастани як қатор ходимони илмӣ на танҳо онҳоро ба бетарафии комил нисбат ба рух додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ овард, балки ба яке аз омилҳои субъективии сар задани он табдил дод.
Ҳаракати «Растохез» (муассис ва роҳбараш ходими илмии шуъбаи омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буд), ки он замон дар байни ходимони илм хеле маъруф буд, худро ҳамчун равияи миллатхоҳию миллатпарастӣ нишон медод. Вале аз фаъолият ва рафтори роҳбарияти он маълум буд, ки ҳадафи онҳо низ танҳо расидан ба ҳокимият ва мансабталошӣ аст. Аз ҷониби дигар, он як ҳаракати “ғайритоҷикӣ” буд, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ва ҳаракатҳои исломӣ дастгирии маънавию молиявӣ меёфт. Олимони зиёде аз ҷумлаи насли миёнсол ва баъзе ҷавонон ба ин ҳаракат ба хотири бозгашт ба асли ориёии худ пайваста буданд, вале бехабар аз он буданд, ки он ғояҳое, ки тоҷикон бо онҳо тавассути осори Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз ва адабиёту фарҳанги волои шоирони муосире чун Фурӯғи Фаррухзод ва овозхонҳое чун Гугушу Саттор ошноӣ доштанд ва ба онҳо арҷ мегузоштанд, дигар асту низоми давлатдории динӣ дигар. Маҳз фирефта шудани баъзе олимони мо бо ин ғояҳои зоҳиран ҷолиб, вале ботинан бепоя онҳоро аз ҳалли масъалаҳои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ бетараф ва дур сохтанд ва ҳатто баъзеи дигарашонро бо таъсири идеологияи исломи сиёсӣ ба саффи барангезандагони ин ҷанг ворид намуданд.
Дар солҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар байни ходимони илмии ҷумҳурӣ донишмандони зиёде аз байни миллатҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мебурданд. Ин гуруҳи олимон, ки намояндагони миллатҳои русзабон буданд, ба пуррагӣ ба вазъи ҷумҳурӣ ва ҳодисаҳои сиёсӣ дар он бетарафӣ, ҳатто беэътиноӣ нишон дода, дар лаҳзаи барои худашон мусоид ҷумҳуриро тарк намуданд. Онҳо натавонистанд ва ҳатто нахостанд, ки дар баҳои солиёни зиёд аз мардуми тоҷик нону намак хӯрданашон ягон ташаббусе барои пешгирии ҷанг нишон диҳанд.
Тибқи мушоҳидаҳои мо дар марҳилаи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар байни ходимони илмӣ нафарони зиёде низ, хусусан аз ҷумлаи ҷавонон, буданд, ки ба ҳизбу ҳарактҳои зикршуда пайваста нашуда ва ё мавқеи худро то ҳанӯз муайян накарда буданд. Худ ба худ ин далелҳо низ аломати бетарафии баъзе аз аҳли илм буд, ки бо сабаби ноустуворию калавандагӣ натавонистанд дар пешгирии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ саҳм дошта бошанд. Ин зуҳурот ҳамчунин далолат ба он мекунад, ки зиёиёни мо, махсусан олимони ҷавон, натавонистанд, ки табақаи фаъоли ҷомеа ва шахсияти маърифаткунанда ва ҷӯяндаву эҷодкор будани худро дар марҳилаи барои миллати тоҷик хеле ҳассосу сарнавиштсоз нишон диҳанд.
Як омили дигаре, ки ба бетарафии аҳли зиёи соҳаи илм нисбат ба муборизаҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ дар солҳои навадуми қарни гузашта мусоидат намуд, ин интишори васеи падидаи нангини маҳалгароӣ дар байни ходимони илмӣ буд. Маҳалгароӣ, мутаассифона, дар байни тоҷикон дар он замон хеле рушд ёфта, ҳатто баъзе муҳаққиқон маҳз зиёиёнро поягузори ин падидаи манфӣ меҳисобиданд. Дар ин самт боиси таъкид аст, ки бо шиддат ёфтани муборизаҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, ки аллакай яккасарварии онро ташкилоти экстремистию террористии наҳзатӣ ба дӯш гирифта буд, зиёиёни мо, аз ҷумла, аҳли илм ба ҷойи андеша дар бораи миллат ва ояндаи он аз пайи ҳифзи маҳалли худ ва бошандагони он дар пойтахти ҷумҳурӣ гардиданд. Бо ин мақсад ҳаракатҳои зиёди маҳаллӣ таъсис дода шуданд, ки роҳбарон ё аъзои фаъоли он аҳли илм буданд. Тибқи мушоҳидаҳои мо оиннома ва санадҳои дигари таъсисию эъломиявии баъзе аз чунин ҳаракатҳои маҳалгароёна он солҳо, мутаассифона, дар бинои Академияи илмҳо ва аз ҷониби ходимони илмии ин муассиса навишта шуданд. Бархи дигаре аз зиёиёни соҳаи илм дар лаҳзаҳои вазнинтарини ҳаёти миллат пойтахти кишварро тарк гуфта, ба зодгоҳи худ рафтанд. Ин интихоби онҳо байти зерини мутафаккир ва шоири шинохтаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро (1207-1273) ба ёд меорад, ки гуфта буд:
Потиҳӣ гаштан беҳ аз он, ки кафш танг,
Дарди ғурбат беҳ аз он, дар хона ҷанг.
Ҳамаи амалҳои зикршуда, ки бо такя ба маҳалгароӣ сурат гирифтанд, бетарафии зиёиёнро нисбат ба сарнавишти кишвар ва тақдири мардуми он афзуда, канораҷӯӣ аз андеша карданро оид ба ояндаи миллату давлат, истиқлолияти сиёсии давлати тозабунёди тоҷикон ва бунёди давлатдории миллӣ тақвият бахшиданд ва аҳли илму зиёро аз ҳалли мушкилоти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дур сохтанд.
Чунонки маълум аст ва таърихи навини давлати мо инро ба пуррагӣ собит сохт, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои навадуми асри гузашта исломи сиёсӣ ва табақаи диндорони хурофотпарасту иртиҷоӣ бо дастгирии моддию маънавии хоҷагони хориҷии он буданд. Ҳадафи онҳо бо истифода аз маблағҳои аз кишварҳои хориҷӣ гирифтаашон ба худ аз ҷиҳати молиявию сиёсӣ тобеъ сохтани тамоми ҳизбу ҳаракатҳои дигари дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда ва дар ниҳояти кор таъсис додани давлати исломӣ дар пояи таълимоти мазҳаби ба тоҷикон бегона ва бозгашт ба шароити асримиёнагӣ, зулму истибдоди динӣ, рукуди фарҳангию илмӣ буд. Ҳамаи ин бараъло нишон дод, ки бетарафии зиёиён, махсусан аҳли илм дар ҷумҳурии мо ба мағлубияти илм дар назди исломи сиёсӣ, оҷизии ҷаҳонбинии муосири илмӣ дар назди мафкураи қафомондаи динию хурофотӣ, таслими олим дар назди муллои камсавод овард ва ба сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мусоидат намуд. Ин сабақест, ки ҳар як зиёии мамлакат онро бояд барои ҷовидонӣ аз худ кунад ва кӯшиш кунад, ки барои такрор наёфтани чунин воқеаҳои нанговар рисолати зиёӣ будани худро дар назди мардум, миллат ва давлат ҳамеша, новобаста аз мамониатҳои айнию зеҳнӣ, самимонаю содиқона ба ҷо оварад.
Ба ҳамин тариқ, дар байни омилҳои зиёде, ки барои сар задани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои навадуми қарни ХХ мусоидат намуданд, бетарафии зиёиёни мамлакат, ноустуворӣ ва калавандагии аксарияти онҳоро номбар кардан мумкин аст, ки аз ҳалли масъалаҳои зерин худро дар канор гирифта, барои боздошти ҷанги бародаркушӣ хизмате карда натавонистанд:
Аввалан, зиёиёни мо аз фаъолона кор бурдан бо мардум канораҷӯӣ намуда, барои боз доштани сокинони кишвар, махсусан ҷавонон, аз роҳи ба сӯи ҳалокат баранда амалеро ба анҷом нарасониданд.
Дуюм, пас аз фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва барҳам хӯрдани идеологияи коммунистӣ зиёиён кӯшиш накарданд, ки бо ҳам муттаҳид шуда, мафкура, ғоя ё идеологияи ягона ва ваҳдатсози миллиро ба халқу давлат пешниҳод созанд.
Сеюм, дар даврае, ки ду ҷараёни ба ҳам муқобил – тарафдорони ақида дар бораи он, ки Тоҷикистон берун аз Иттиҳоди Шӯравӣ наметавонад давлати пешрафта бошад ва ҷонибдорони идеяи пайваст шудани тоҷикон бо ҳамзабонони худ дар кишварҳои дигар ва бунёд кардани давлати ягона бо онҳо, зиёиёни тоҷик имконияти бунёди давлатдории миллӣ ва комилан соҳибистиқлолро бо истифода аз нерӯи маънавию моддии худ натавонистанд илман асоснок карда, дар амалия татбиқ созанд.
Чорум, бо пайдо гаштани идеяҳои дингароию хурофотӣ, равияҳои ғайрианъанавии динӣ, чун ваҳҳобия, мазҳабҳои ба тоҷикон бегона, шаклҳои дигари бегонапарастӣ, инчунин вусъат ёфтани тарғибу ташвиқи эмиссарҳои хориҷии онҳо, зиёиёни мо саъй накарданд, ки ба ин муқобилият нишон дода, тарғиби мазҳаби суннатии тоҷикон – ҳанафияро, ки ниёгони тоҷикон садсолаҳо тибқи муқаррароти он эҳтиёҷоти эътиқодии худро қонеъ сохтаанд, ба роҳ монанд ва ё рушди мафкураи илмию дунявиро таъмин намоянд.
Панҷум, зоҳир кардани маҳалгароии ошкоро аз ҷониби аҳли зиё ваҳдати бе ин ҳам харобгаштаи миллатро, ки сабабгори асосии он исломи сиёсӣ буд, боз ҳам сусттар сохта, ҷанги шаҳрвандиро ба як амри воқеӣ табдил дод.
Албатта, фаъолиятҳои дигареро низ, ки бо сабаби бетарафии зиёиён, ба нафъи миллат дар он давра ба анҷом нарасиданд, номбар кардан мумкин аст. Вале бо ҳамин иктифо намуда, дар фарҷоми ин қисмати сухан таъкид месозем, ки, хушбахтона, ин вазъи бетарафию ғайрифаъолии зиёиёни кишвар дар Иҷлосияи ХУ1 сарнавиштсози миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ дарк карда шуд. Бо назардошти ин зиёиёни ватанпарвару миллатдӯст ва худшиносу худогоҳ, ки аз таърихи начандон дури хеш аллакай сабақ гирифта буданд, дар баробари табақаҳои дигари аҳолии мамлакат барои татбиқи иқдомҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар роҳи созандагӣ ҷалб карда шуданд. Дар натиҷаи ин дар Ватани азизи мо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дода шуда, сулҳу оромӣ барқарор гардид ва мардум ба ободонии диёри хеш, таҳкими Истиқлолияти давлатии худ ва бунёди давлатдории миллӣ бо як руҳи тоза оғоз намуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба сатҳи идеологияи миллӣ бардоштани фалсафаи ваҳдати миллӣ, ки дар таҳия ва татбиқи он дар давоми тақрибан сӣ соли истиқлолияти давлатӣ зиёиёни илмию эҷодкор ширкати бевосита варзиданд, якпорчагии давлат ва иттиҳоду ваҳдати миллатро барои муддатҳои тӯлонӣ таҳким бахшид.
Суханони дар боло омада ҳама ишора ба он мекунанд, ки бетарафии зиёиён дар даврони оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо сабаби он зоҳир гардид, ки мо ба мақом ва нақши зиёӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷомеа чандон таваҷҷуҳ надоштем. Аз ин рӯ, ба аҳли зиёи тоҷик зарур аст, ки ин сабақро ба хубӣ аз худ карда, минбаъд ба масъалаи муҳим дар ҳар як ҷомеа – иҷрои вазифаҳои зиёӣ дар таҳия, танзим ва рушди афкори ҷамъиятӣ ва ҳаёти ҷомеа аз дидгоҳи наву муосир ва ҷавобгӯи талаботи замони нав муносибат намоянд, то ба рух додани чунин зуҳуроти нангини бародаркушӣ роҳ дода нашавад.
Вобаста ба ин чанд андешаеро бо такя ба суханони Пешвои муаззами миллат дар мулоқотҳои доимиашон бо зиёиёни кишвар, ки дар онҳо баъзе омилу сабабҳои барангехтани низоъҳо дар ҷомеаи мо мавриди баррасию таҳлил қарор гирифтаанд, инчунин дар асоси дастовардҳои нави илмӣ дар бораи мақом ва рисолати зиёӣ иброз менамоем.
Чунонки дар ибтидои сухан зикр кардем, зиёиён табақаи фаъоли ҷомеа ва ҷӯяндаву эҷодкоранд. Ба ин нукта Пешвои муаззами миллат пайваста дар мулоқотҳояшон бо аҳли зиё ишора мекунанд. Дар ин самт ҳатто яке аз вохӯриҳои хешро бо зиёиёни кишвар санаи 20 марти соли 2009 дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» бахшида, дар суханронияшон таъкид доштанд: “Дар истилоҳи байналмилалӣ зиёиро маъмулан бо калимаи «интеллигенсия», яъне андешаманд, хирадпеша ва соҳибфитрат ифода месозанд, ки бо муносибати эҷодкорона ва фаъоли худ нисбат ба равандҳои рушди ҷомеа фарқ мекунад. Ба таъбири дигар, зери мафҳуми интеллигент шахсияти эҷодгар ва маърифатноки дар ҳаёти иҷтимоӣ пурибтикор, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва табиати бунёдкорона фаҳмида мешавад”.
Дар ҳақиқат ҳам, маҳз фаъол будан ва муносибати эҷодкорона доштан ба ҳар як зуҳуроте, ки дар ҷомеа ба вуқуъ мепайванданд, ба аҳли зиё имкон медиҳанд, ки роҳи сар задани ҳар гуна ходисаҳои манфиро дар байни мардум бигиранд. Ин вазифаи нахустини ҳар як зиёӣ аст, ки онро бояд ҳамеша сидқан ба анҷом расонанд.
Маълум аст, ки рисолати иҷтимоию фарҳангии зиёӣ хеле гуногунҷабҳа ва мураккаб аст. Ӯ субъекти бевоситаи истеҳсолоти маънавӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз бунёди эҷодкоронаи ғояҳо, меъёру донишҳои нав, ки аз ҷониби зиёӣ пешниҳод гардида, аз тарафи мардум пазируфта мешаванд, сабабгори рушди ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, вазифаи зиёӣ аз он иборат аст, ки на танҳо худ созанда бошад, балки мардумро низ ба созандагӣ даъвату ҳидоят намуданро ба иҷро расонад. Ин рисолати зиёиёнро таъкид карда, Пешвои миллат ҳанӯз соли 2002 дар мулоқоти хеш бо зиёиён гуфта буданд: “Ман ҳар фарди зиёиро чун зарраи хуршед медонам, ки бо худафрӯзӣ, худфарсоӣ ва талошҳои пайгиронааш оламеро равшан мекунад, дили инсонҳоро ба фардои нек гарм месозад, шӯълаи умедро меафрӯзад, масъалаҳои умумимиллиро ба миён мегузорад ва ҳамзамонони худро ба корҳои созандагӣ ба нафъи миллату Ватани хеш ва тамоми аҳли башар ҳидоят менамояд. Ин аст рисолати асосӣ ва ҳамешагии зиёиёни ҳақиқӣ дар назди миллати хеш. Танҳо дар ҳамон сурат аҳли илму адабу ҳунар ҳамдаму ҳамнафаси халқи худ мегарданд ва ба ҷавҳару пайкари бани одам пайванди ҷовидона меёбанд”.
Дар илми муосир аз ҷумлаи вазифаҳои асосии зиёиён рисолати ахлоқии онҳо ба таври махсус таъкид ёфтааст. Зиёии ҳақиқӣ бояд ба рангорангӣ ва мухталифии шароит нигоҳ накарда, дар ҳама ҳолату вазъ барандаи чунин арзиши волои иҷтимоӣ – равшанфикрӣ бошад, яъне қобилияти дарк кардани арзишҳои маънавӣ дошта, онҳоро ҳифз намояд, арзишҳои нави ҷавобгӯи талаботи замон эҷод намояд ва ба аҳли ҷомеа ҳадафмандона расонида тавонад. Пешвои муаззами миллат дар мулоқаташон бо аҳли зиё соли 2005 ин маъниро чунин таъкид дошта буданд: “Зиёиён вазифадоранд, ки пеш аз ҳама дар бобати баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишу ҷаҳонбинии аҳолӣ, аз ҷумла маърифати сиёсиву ҳуқуқии табақаҳои гуногун, тарғиби тарзи солим ва оқилонаи ҳаёт, тарбияи насли босавод ва ба талаботи замона ҷавобгӯй, ташкили рӯзгори сарфакорона ва оилаҳои пешрафта кӯшиш намоянд… Рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст”.
Дар ин росто қобили зикр аст, ки ҳифз, интиқол ва интишори захираҳои зеҳнию фарҳангӣ дар байни мардум, рушди хотираи таърихии миллат аз вазифаҳои муҳимми зиёиён аст. Бе иҷрои чунин вазифа мутобиқсозии ҷомеа ба шароити тағйирёфта ва ҳифз намудани он аз хатару таҳдидҳои дохилию берунӣ ғайиримкон мегардад. Аз ин рӯ рисолати ахлоқию иҷтимоии зиёиёнро бояд ҳар як намояндаи илм, фарҳанг ва соҳаҳои дигари иҷтимоию маънавӣ бо камоли масъулият дарк ва амалан дар фаъолияти ҳаррӯзаи хеш татбиқ намоянд.
Аз вазифаҳои мафкуравии зиёиён муҳаққиқони зиёде доштани қобилиятро дар самти офаридани ғояву моделҳои нави фаъолият, таҳияи барномаҳои сиёсию иҷтимоии созгор барои ҳар гуна марҳилаи таърихии рушди миллату давлат ва дар ин зимн ба кор бурдани навоварию инноватсия таъкид сохтаанд. Зиёӣ бояд масъулияти олӣ ва ҷавобгарии худро барои сарнавишти Ватан дарк намояд, манфиатҳои миллиро болотар аз манфиатҳои шахсӣ гузорад. Ин омилҳо ҳамчун беҳтарин васила барои ҳар як зиёӣ дар таъмини оромию осудагии миллат хизмат мекунанд. Дар суханони зерини Пешвои миллат, ки дар мулоқоташон бо зиёиёни кишвар соли 2004 иброз дошта буданд, ҳамин маъниҳо инъикос гардидаанд: “Мо якҷоя бояд масъалаҳоеро дар миён гузорем ва барои ҳалли онҳо кӯшиш кунем, ки ояндаи Ватан ва миллати мо ба онҳо вобаста мебошад. Пеш аз ҳама бояд бар сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатхои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва ё иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои хифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ – яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем. Кори ҷиддӣ дар бобати аз байн бурдани эҳсоси нангини бегонапарастӣ, ки дар байни баъзе гурӯҳҳо ва ҳатто шахсони алоҳидаи мансабдор мутаассифона ҳанӯз ҳам ҷой дорад, вазифаи муқаддас ва ватандӯстонаи ҳар фарзанди огоҳи миллат аст”.
Зиёӣ ва шахсияти ӯ дар ҷомеа ҳамеша мақоми махсус дошта, муносибати мардум ба зиёӣ куллан дар пояи иззату эҳтироми фавқулода сурат мегирад. Дар байни тоҷикон аз қадимулайём шахсияти одамони босаводу илмомӯхта, олим, омӯзгор, шоиру адиб ва дигар аҳли зиёву эҷод муқаддас шумурда мешуд. Мардум ба онҳо арҷгузорӣ менамуд ва дар ҳалли масъалаҳои шахсию ҷамъиятӣ ҳамеша аз онҳо пайравӣ мекард. Бо ҳамин сабаб худи зиёиён низ бояд ин рисолати худро бо эҳсоси масъулияти баланд дарк кунанд ва нагузоранд, ки фикру андеша, сухану рафтор ва ё шахсияти онҳо боиси сар задани ҳодисаҳои манфӣ, ки амнияти ҷомеаро халалдор месозанд, гарданд. Дар ин росто суханони Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиён соли 2006 хеле ҷолибанд: “Аз қадимулайём илм ва ҳақиқати илмӣ дар заминаи баҳс ба вуҷуд омадааст. Ба таъбири дигар, илми бебаҳс бақо надорад. Яъне баҳс ҳамеша лозим аст, лекин баҳси созанда. Вале вақтҳои охир дар байни баъзе олимони мо баҳсҳои бебунёде торафт авҷ мегиранд, ки аз онҳо ҳатто мардум нороҳат гаштааст. Дар паси чунин баҳсҳо кӯшише нуҳуфтааст, ки шахсиятҳои маъруфи илму адаб аз рӯи ғаразҳои муайян ҳамдигарро бадном намоянд… Набояд фаромӯш кард, ки аз ин кашмакашу баҳсҳо ба инкишофи илм ва шахсияти олимони маъруфи мо на ин ки ягон манфиат намерасад, балки ба ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ дорад”.
Як масъалаи муҳим барои зиёиён дар шароити муосири Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои конститутисонии давлати мост, ки он, аз ҷумла, ҳамчун давлати дунявӣ эълон гардидааст. Бояд ҳар як зиёӣ дарк намояд ва ба мардум фаҳмонида тавонад, ки дунявияти давлат ҳеч гоҳ бар зидди озодии виҷдон ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандони диндор равона нашудааст, давлати дунявӣ будан ҳеч гоҳ пойбандиро ба арзишҳои муосири ғарбӣ ва даст кашиданро аз арзишҳои моддию маънавии шарқии миллати мо тақозо намекунад. Вазифаи зиёиёни мо имрӯз бояд аз ҷиҳати илмӣ собит сохтани ақида дар бораи бунёди давлати дунявӣ ҳамчун як омили муҳимтарин ва кафили бебаҳси таъмини амнияти ақидавӣ дар кишвар иборат бошад. Дар ин бора Пешвои миллат низ дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиён соли 2008 таъкид карда буданд: “Таъсири мутақобилаи пурбаракат аз ду ҷониб, алалхусус маънавиёти Шарқу технологияҳои Ғарб имрӯз беш аз пеш эҳсос мешавад. Ин раванд тақозои ҳаёт ва диалектикаи рушди инсоният аст. Бо вуҷуди ин гоҳо дар воситаҳои ахбори умум аз ҷониби муаллифони чи хориҷӣ, чи дохилӣ сару садоҳое баланд мешаванд, ки ба тафриқаандозӣ нигаронда шудаанд ва ҷомеаи моро ба ғарбпарастӣ айбдор карданӣ мешаванд. Фикр мекунам, ки чунин муносибат ҷанбаи солим надорад, зеро ҷудоиандозӣ ҳеҷ гоҳ бо некӣ анҷом намеёбад”.
Дар бораи вазъи дин дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан карда, бояд ба эътибор гирифт, ки дар ин соҳа низ миллати тоҷик анъанаи ғанӣ дошта, чунонки болотар ҳам зикр гардид, ба ягон таълимоти динию мазҳабии бегона ниёз надорад. Бо ҳамин сабаб вазифаи зиёиён аз он иборат аст, ки пешсафи мубориза бо бегонапарастӣ дар масъалаҳои динию мазҳабӣ бошанд. Ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин самт, ки дар суханронияшон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар соли 2008 инъикос гардидаанд, барои мутахассисон бояд дар самти таъмини оромию осудагии ҷомеаи муосири тоҷик ҳамчун роҳнамо хизмат кунанд: “Аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафия, яъне Имоми Аъзаманд ва мо ба он чун яке аз омилҳои муттаҳидкунандаи миллатамон арҷ мегузорем”.
Як сабаби дилгарм набудани мардум ба созандагӣ ва рӯ овардан ба амалҳои ношоистаю харобиовар метавонад, маълумоти кофӣ надоштан дар бораи дастовардҳои давлат ва миллат, ё фориғ будан аз худогоҳии шахсӣ бошад. Аз ин рӯ, зиёиёни кишвар вазифадоранд, ки дар ин самт низ ба хотири пешгирии ҳодисаҳои номатлуб фаъол бошанд, ба тарғибу ташвиқи амалҳои созанда ва дастовардҳои замони нав беэътиноӣ зоҳир накунанд. Бо ин мақсад мо бояд суханони зерини Пешвои миллатро, ки соли 2009 дар суханронияшон бо намояндагони зиёиёни мамлакат дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» баён гардида буданд, сармашқи кори худ қарор диҳем: “Зиёиёни моро лозим аст, ки барои омӯхтан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти дастовардҳои беназири даврони истиқлол ҳарчи бештар кӯшиш намоянд ва дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва савияи маънавии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллату давлати хеш саҳми шоиста гузоранд. Ҳамчунин мардуми кишварро ҳарчи бештар ба бунёдкориву ободгарӣ ва меҳнати созанда раҳнамоӣ кунанд”.
Чунонки таъкид гардид, ба ҷаҳони муосир шиддат ёфтани муборизаҳои иттилоотӣ дар фазои воқеӣ ва маҷозӣ хос мебошад, ки имрӯз ба як амали муқаррарие дар пиёда сохтани сиёсати дохилию хориҷии тамоми давлатҳо табдил ёфтааст. Ба ҳамин нукта ишора карда, Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 гуфтаанд: “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Бо ҳамин сабаб ва ба хотири таъмини амнияти миллӣ зиёиёни моро зарур аст, ки аз муборизаҳои иттилоотӣ дар канор набошанд, ба пур кардани фазои холии мафкуравӣ дар олами воқеию маҷозӣ, махсусан дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, бетарафӣ зоҳир накунанд ва моҳияти чунин муборизаҳоро ба мардум, махсусан ба насли ҷавон бифаҳмонанд. Дар ин самт бояд аз ҷониби зиёиён чунин тадбирҳо анҷом ёбанд: ба ташаккули ҷаҳонбинии комилан илмии шаҳрвандон ва омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ аз ҷониби онҳо таваҷҷуҳ намоянд; мавқеи шаҳрвандии ҳар як фардро устувор созанд, то онҳо баъд аз санҷиши воқеият мавқеи дурустро интихоб намоянд; кӯшиш намоянд, то ҳар як фард дар муқобили ҳар гуна иттилооти нодуруст ё иғвоангез истодгарӣ карда тавонад ва қобилият дошта бошад, ки чунин маълумотро ба дигарон низ бифаҳмонад. Аз ҳама муҳим он аст, ки зиёиёини мо шаҳрвандонро тавре тарбия намоянд, ки ватану кишвари худро дӯст доранд, манфиатҳои миллат ва давлати худро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, ба ҳар як дасиса ва иттилои ғаразомези душманони миллат ҷавоб дода тавонанд.
Иҷрои тамоми вазифаҳое, ки дар боло ҳамчун рисолати муҳимми аҳли зиё тавсиф гардиданд ва ба ҷо овардани қарзҳои дигари инсонию шаҳрвандии худ, ба андешаи мо, имкон медиҳанд зиёиёни кишвар мардумро аз торикию ҷаҳолат берун кашанд, ҳар гуна хатару таҳдидҳоро ба оромии кишвар пешгирӣ намоянд ва ба чунин баҳое сазовор бошанд, ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш соли 2009 ба онҳо додаанд: “Ман рисолати зиёиёни имрӯзаро маҳз дар ҳамин мебинам: чароғи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол будан”.
Дар охир таъкид месозем, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи сабаб ва омилҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҷониби аҳли зиё бояд ба як тадбири якдафъина мубаддал нагардида, бо нашри якчанд мақола ё чанд маҷмуае анҷом напазирад. Маҳз ҳаминро ба эътибор гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар вохӯрӣ бо олимони кишвар аз 18 марти соли 2020, балки ҳанӯз соли 2002 таъкид дошта буданд, ки “дар марҳилаи қомат рост кардани ҷомеа қисми асосии зиёиёни мо дар бораи дарҳам шикастани монеаҳои навсозӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҷанги гражданӣ то ҳанӯз сухани муассир нагуфтаанд ва пешниҳодҳои судманд ба миён нагузоштаанд”.
Дарвоқеъ, мо бояд барои мустаҳкам кардани хотираи таърихии миллат ва ҳар як фарди он мунтазам сабақҳои талхи ин ҳодисаи пурдаҳшату нангин, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки дар даҳсолаи охири садаи бистум дар Тоҷикистони тозаистиқлол рух дод, мавриди таҳлилу баррасиҳои илмӣ қарор диҳем, то ки барои таъмини фардои орому осудаи миллати кӯҳанбунёд, тамаддунофар, таҳаммулпазир ва сулҳовари хеш ҳамеша омодагии сиёсӣ, мафкуравӣ, илмию назариявӣ ва илмию амалӣ дошта бошем.
Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон