Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисту нуҳсоли соли соҳибистиқлолии мамлакат дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири кишвар ба таври возеҳу равшан эҳсос мешавад.

Ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳарчи бештару беҳтар ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, алҳол самараи худро дар тамоми самту бахшҳои ҷомеаи муосири мо зоҳир менамояд. Ва беасос нест, ки дар марҳалаи кунунии тараққиёти кишвар ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар минтақаи Осиёи Миёна ягона давлати риоякунандаи меъёрҳои демократӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар падидаҳои ба сиёсати иҷтимоӣ алоқамандбуда эътироф намудааст. Ин манзурро хулосаҳои бонуфузи вазъи воқеии сиёсати иқтисодиву иҷтимоии феълии пешниҳоднамудаи созмонҳои байналмилалие,  ки тайи чанд соли охир бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст, собит менамоянд.

Дар ин радиф, махсусан, дар таҳрири нав қабул гардидани кодексҳои меҳнат ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳамият махсус бархӯрдор аст.  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тӯли 18 сол мавриди истифода қарор доштани кодекси меҳнат, ҳарчанд ба он таѓйиру иловаҳои сершумор ворид шуда бошанд ҳам, бо вуҷуди он, ин санади муҳимми ҳуқуқию меъёрӣ бинобар дар дигар сохтори сиёсӣ таҳия ва қабул гардидан имконоти ба таври пурра фаро гирифтани тамоми дигаргуниҳои куллии дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол бавуқӯъпайвастаро надошт.

Аз ин рӯ,  Кодекси комилан нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бобҳою моддаҳои анъанавӣ бобу моддаҳои дигарро низ фаро гирифтааст, ки ба тақозои замони нав мувофиқ мебошад, зеро инкишофи бахши иҷтимоӣ, инчунин ба истиқрори сулҳ, ваҳдат, устуворию субот ва бехатарии на танҳо дохилию миллӣ, балки арсаи байналмилалӣ низ пайвасти бевосита дорад. Мусоидат ба пешрафти ин соҳа таҷдиди назар кардани  арзишу  ҳадафҳо ва афзалияти то ҳол мавҷударо тақозо менамояд, ки мақсади ниҳоии он аз таъмини некуаҳволии сартосарии аҳолӣ, мустаҳкамнамоию дастгирии ниҳодҳои давлатӣ ва сиёсати ба ин бахш ҳаётан муҳими ҷомеа алоқамандбуда иборат мебошад.

Эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқҳои ӯ дар заминаи озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ, арзишҳои бунёдии давлати мо ба ҳисоб мераванд. Пуштибонӣ, қадрдонӣ ва ҳимояи онҳо таҳкурсии қонунии татбиқи салоҳияти ҳама гуна мақомоти сохтори давлатӣ маҳсуб ёфта, баҳри фароҳам овардани шароит ва фазое равона карда мешаванд, ки дар он инсон таҷассуми олии кӯшишҳо барои таъмини инкишофи устувору пайваста қарор мегирад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки  вазифаи асосии давлатро  маънидод намудааст, амал намуда, дар давоми солҳои 1992–2020 ҷиҳати фароҳам овардани  фазои меъёрию ҳуқуқӣ  дар соҳаи беҳдошти  сатҳизиндагӣ, даромадҳои аҳолӣ, тақвияти ҳимояи иҷтимоии табақаҳои камбизоатӣ аҳолӣ, дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ силсилаи корҳои қобили мулоҳизаро ба анҷом расонидааст. Чунончи дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар масъалаи тартибу таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бо мақсади беҳтар намудани вазъи модии аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ нафақа ва стипендияҳо, инчунин, ҷиҳати иҷрои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” мавриди амал қарор доранд.

Дар давраи раванди тадбиқи барномаҳои стратегӣ иқтисодиёт, бо шарофати стратегияи зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назар ба пешгӯйиҳо зудтар барқарор гардид. Масалан, тибқи муқаррароти «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» муайян гардид, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 38,3 дарсади соли 2012 то ба 31,5 дарсади дар соли 2015 ва сатҳи зинаи миёна аз 19,5 дарсад то ба 29,4 дарсад расонида шавад.

Дар зарфи ҳафт соли охир сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 дарсад ба 27,5 дарсад коҳиш ёфта, ҳадди ақали музди меҳнат 2 маротиба, музди миёнаи меҳнат 1,9 маротиба, нафақа ҳадди ақал аз рӯйи сину сол, заминавӣ ва ниҳои 1,4 маротиба ва стипендияҳои давлатии донишҷуёну аспирантони муассисаҳои илмӣ 1,5 маротиба  афзоиш ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои ҳафт сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардид.

Тибқи барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти кишвар то соли 2027 (барои ҳафт сол) ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 дарсад афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 дарсад коҳиш додан пешбинӣ шудааст.

Бовари комил дорам, ки бо саъю эҳтимоли сарвари давлат ба ин ҳадаф мерасем.

Бо шарофати таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарвари давлат аст, ки сол то сол ҷанбаи иҷтимоӣ доштани давлати мо бештар эҳсос мешавад. Ин дар давоми давраи истиклолият аз тарафи роҳбарияти давлати Тоҷикистон  тақвият дода шудани  сиёсати собиткадамонаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ менамояд.

Фирдавс Насриддинов – муовини сардори

Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии

МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Чоп кунед